Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда аз 2 марти соли 2023, № 75

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 75

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 75

Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда (минбаъд - Тартиб) тартиби беэътимод эътироф кардани қарзҳои андозии андозсупорандагон аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшударо муайян менамояд.

2. Дар ҳолатҳои зерин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои андозсупорандагон (агентҳои андоз) қарзи беэътимод эътироф (минбаъд - қарзи беэътимод) карда мешавад:

1) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - мутобиқи муқаррароти моддаи 126 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқӣ ва (ё) имконнопазир будани пардохти он аз ҷониби муассисон (иштироккунандагон)-и ин шахси ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

2) муфлис эътироф шудани соҳибкорони инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 150 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулк;

3) фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 129 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки чунин шахсон ё ба моликияти давлатӣ гузаронидани мерос;

4) қабули санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозӣ ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад;

5) аз баҳисобгирии андозӣ баровардани шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар мақомоти андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайриимкон гардидани пардохти он аз ҷониби шахси ҳуқуқӣғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд.

...

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "2" марта 2023 года, №75

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "2" марта 2023 года, №75

Порядок признания налоговой задолженности безнадежной и списания налоговой задолженности, признанной безнадёжной

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок признания налоговой задолженности безнадёжной и списания налоговой задолженности, признанной безнадёжной (далее - Порядок) определяет порядок признания налоговой задолженности безнадежной, а также списания налоговой задолженности налогоплательщиков по налогам, штрафам и процентам, признанной безнадёжной.

2. Задолженность по налогам, штрафам и процентам налогоплательщиками (налоговыми агентами) признается безнадежной задолженностью (далее - безнадежная задолженность) в следующих случаях:

1) ликвидация юридического лица - в соответствии с положениями статьи 126 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества юридического лица и (или) невозможности её оплаты учредителями (участниками) этого юридического лица в порядке, установленном законодательством;

2) признание индивидуальных предпринимателей и юридических лиц банкротами в случаях, предусмотренных статьей 150 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества;

3) смерть физического лица или объявление умершим, признание физического лица без вести пропавшим или недееспособным судом в порядке, установленном статьей 129 Налогового кодекса Республики Таджикистан, при недостаточности имущества таких лиц или перехода наследства в государственную собственность;

4) принятие решения суда, в связи с которым налоговые органы утрачивают право взыскания налоговой задолженности в связи с истечением установленного срока взыскания налоговой задолженности или отклонением заявления о восстановлении срока;

5) снятие иностранного юридического лица с налогового учета налоговыми органами в соответствии с положениями статьи 78 Налогового кодекса Республики Таджикистан при недостаточности имущества постоянного учреждения иностранного юридического лица и невозможности ее погашения со стороны юридического лицанерезидента Республики Таджикистан в пределах и порядке, установленных законодательством Республики Таджикистан;

6) в случае стихийных бедствий (землетрясений, наводнений), чрезвычайных ситуаций (эпидемий и пандемий) и других подобных обстоятельств, делающих невозможным уплату налоговой задолженности.

...