Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 1 марти соли 2023, № 52

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2023, № 52

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2023, № 52

Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва биотехнологияи чорво, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаҳо, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал таҳия гардидааст.

2.Соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ манбаи асосии истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, рушди онҳо барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

3. Таъмини рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар доираи чорабиниҳо оид ба ташкил ва пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ, такмили технологияи парвариш ва меъёрҳои хӯронидани чорво, паранда, моҳӣ, занбӯри асал бо истифода аз дастовардҳои замони муосир амалӣ карда мешавад.

2. ВАЗЪИ СОҲАҲОИ ЧОРВОДОРӢ, ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ, ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯИ ЧОРВО ДАР МАРҲИЛАИ ҲОЗИРА ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ ОНҲО

4.Чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ соҳаҳои муҳимми кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи махсус доранд.

5. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №160 Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ гардид, ки ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

6. Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ саршумори чорвою паранда, истеҳсоли гӯшт, аз ҷумла гӯшти паранда, шир, тухм, моҳӣ ва асал сол то сол зиёд гардида истодааст.

7. Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2467,7 ҳазор сар, аз он модагов 1290,5 ҳазор сар, гӯсфанду буз 5797,4 ҳазор сарро ташкил дода, дар ин давра 327,7 ҳазор тонна гӯшт, 1042,6 ҳазор тонна шир ва 8151 тонна пашм истеҳсол гардидааст. Нисбати соли 2017 саршумори чорвои калон ба 189,6 ҳазор сар, аз он модагов 122,0 ҳазор сар, гӯсфанду буз 341,2 ҳазор сар, истеҳсоли гӯшт ба 78,9 ҳазор тонна, шир 92,6 ҳазор тонна ва пашм 630 тонна зиёд гардидааст.

...

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "1" марта 2023 года, №52

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "1" марта 2023 года, №52

Комплексная программа развития отраслей животноводства, птицеводства, рыбоводства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Комплексная программа развития отраслей животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (далее - Программа) разработана для дальнейшего развития отраслей животноводства, птицеводства, рыбоводства, пчеловодства и биотехнологии животных, повышения продуктивности, увеличения поголовья и производства продукций этих отраслей, обеспечения населения мясом, молоком, яйцами, рыбой и медом.

2. Отрасли животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства являются основными источниками производства мяса, молока, яиц, рыбы и меда, а их развитие способствует обеспечению продовольственной безопасности страны и созданию новых рабочих мест.

3. Обеспечение развития отрасли животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства осуществляется в рамках мероприятий по организации и ведению селекционно-племенной работы, совершенствованию технологии разведения и норм кормления животных, птицы, рыбы, пчел с использованием достижений современной эпохи.

2. СОСТОЯНИЕ ОТРАСЛЕЙ ЖИВОТНОВОДСТВА, ПТИЦЕВОДСТВА, РЫБОВОДСТВА, ПЧЕЛОВОДСТВА И БИОТЕХНОЛОГИИ ЖИВОТНЫХ НА СОВРЕМЕННОМ ЭТАПЕ И ИХ ДАЛЬНЕЙШЕЕ РАЗВИТИЕ

4. Животноводство, птицеводство, рыбоводство и пчеловодство являются важными отраслями сельского хозяйства и занимают особое место в обеспечении населения продовольственной продукцией, в том числе мясом, молоком, рыбой, медом и в сфере промышленности-сырьем.

5. Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018 года, №160 утверждена Комплексная программа развития отрасли животноводства в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы, которая создала благоприятную основу для развития отраслей животноводства, птицеводства, рыбоводства и пчеловодства.

6. В результате поддержки Правительства Республики Таджикистан и реализации Комплексной программы развития отрасли животноводства с каждым годом увеличивается поголовье скота и птиц, производство мяса, в том числе мяса птицы, молока, яиц, рыбы и меда.

7. Согласно данным Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в 2021 году во всех формах хозяйствования республики поголовье крупного рогатого скота составляет 2467,7 тысяч голов, из них коров 1290,5 тысяч голов, овец и коз 5797,4 тысяча голов и в этот период произведено 327,7 тысяч тонн мяса, 1042,6 тысяч тонн молока и 8151 тонна шерсти. По сравнению с 2017 годом увеличилось поголовье крупного рогатого скота на 189,6 тысяч голов, из них коров 122,0 тысячи голов, овец и коз 341,2 тысячи голов, производство мяса на 78,9 тысяч тонн, молока 92,6 тысяч тонн и шерсти 630 тонн.

...