Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, №51
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, №51
Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2026
№ 221)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) барои самаранок истифода намудани захираҳои энергетикии кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, зиёд намудани иқтидорҳои нави истеҳсолии энергетикии кишвар ва гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотию илмӣ дар рушди энергетикаи кишвар таҳия гардидааст.
2. Барнома дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия" таҳия гардида, дар он ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба инобат гирифта шудаанд.
3. Барномаи мазкур барои самаранок истифода намудани захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили шуои офтоб, энергияи шамол, биомасса, об, инчунин ба роҳ мондани омӯзиши дақиқи захираҳои энергетикӣ, вусъат додани истифодаи технологияҳои инноватсионӣ бо истифодаи ашёи ватанӣ мусоидат менамояд. Барнома ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист мусоидат намуда, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар ноҳияҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоварад.
4. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии ин минтақаҳо, ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои кории нави мавсимӣ ва доимӣ, самаранок истифода намудани захираҳо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодӣ ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.
5. Барномаи мазкур ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст. Дар чорабиниҳои пешбинигардидаи Барнома самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи энергетика ва омӯзишии илму техникаи муосир пешбинӣ шудааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
6. Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
...