ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод.160; с. 2002, №4, қ.1, мод.167; с.2003, №12, мод. 699) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "ҳамчунин корхонаҳо оид ба нигаҳдошти партовҳои радиоактивӣ" ба калимаҳои "корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии "Норак", нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаҳои 14(1) ва 14(2) бо мазмуни зайл ворид карда шаванд:
"Моддаи 14(1). Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оиномавӣ
Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон таъсири чиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст.
Моддаи 14(2). Ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ")
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус - "саҳмияи тиллоӣ").
Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тилоӣ") татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
...