ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 5:
- дар сархати сеюм калимаҳои "ва аз нав ба расмиятдарории" ба аломат ва калимаҳои ", аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани муҳлати амали" иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
" - баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борро амалӣ менамоянд;
- баҳисобгирии истифодаи рухсатномаҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар нуқтаҳои гузариш тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санҷиши ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва (ё) бор;
- назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандагони воситаҳои нақлиёти механикие, ки бо тахограф таҷҳизонида шудаанд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда додани сертификат ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт.".
2. Дар сархати чордаҳум банди 6 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
" - истифодаи ишорачӯб барои манъ намудани ҳаракати воситаи нақлиёт дар ҷойҳои муайяне, ки бо аломатҳои роҳ ифода шудаанд.".
...

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 620