Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, № 610
Тартиби пардохт ва андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳо барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пардохт ва андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳо барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа (минбаъд - Тартиби мазкур) бо мақсади муайян намудани тартиби пардохт ва андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, таҳия шудааст.
2. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ХИЗМАТИ АДВОКАТҲО
2. Шахсоне, ки дар моддаҳои 21, 22 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" пешбинӣ гардидаанд, тавассути маркази ҳамоҳангсозии Маркази ёрии ҳуқуқӣ (минбаъд - маркази ҳамоҳангсозӣ) бо ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа таъмин карда мешаванд.
3. Маркази ҳамоҳангсозӣ баъди қабули дархост аз таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя бо адвокати навбатдор дар тамос шуда, ӯро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд.
4. Адвокат баъд аз қабули занги телефонӣ аз маркази ҳамоҳангсозӣ ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оғоз мекунад ва баъд аз анҷом ёфтани пешбурд аз рӯйи парванда барои пардохти ҳаққи хизматаш ҳуҷҷатҳои зеринро ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд:
- қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи таъин кардани адвокат;
- қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ будани шахсе, ки ба ӯ ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа расонида шудааст;
- нусхаи шаҳодатномаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд, агар ба онҳо ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа расонида шуда бошад;
- аризаи шаҳрванд дар бораи даст кашиданаш аз хизмати адвокат;
- ҳисоботи адвокат доир ба парвандаи мушаххас.
5. Адвокат ҳуҷҷатҳои дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинигардидаро барои пардохти ҳаққи хизматаш дар муҳлати на дертар аз се моҳ бояд ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ дастрас намояд.
6. Баъди муайян кардани ҳаққонияти ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботи дастраснамудаи адвокат Маркази ёрии ҳуқуқӣ ҳаққи хизмати адвокатро пардохт менамояд.
7. Маблағи ҳаққи хизмати адвокат пас аз дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинигардида ба Маркази ёрии ҳуқуқи дар муҳлати на дертар аз 30 рӯз ба корти бонкии ӯ интиқол дода мешавад. Дар ҳолати нодуруст ё бо камбудӣ пешниҳод намудани ҳисобот ва ҳуҷҷатҳо барои пардохт аз ҷониби адвокат, Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар муҳлати 5 рӯз аз адвокат маълумоти иловагӣ талаб менамояд ё ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба ӯ бармегардонад. Дар чунин ҳолат пас аз пешниҳоди маълумоти иловагӣ ё ислоҳи ҳуҷҷатҳо ҳаққи хизмати адвокат дар давоми 15 рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.
8. Ҳаққи хизмати адвокат новобаста аз давомияти вақт танҳо барои он рӯзҳое пардохт карда мешавад, ки адвокат воқеан дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ иштирок мекунад.
3. АНДОЗАИ ҲАҚҚИ ХИЗМАТИ АДВОКАТ
9. Ҳаққи хизмати адвокат барои як рӯзи иштирок як нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
10. Андозаи ҳаққи хизмати адвокат барои як рӯзи иштирок ду нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад, агар:
- адвокат дар парванда дар рӯзҳои истироҳат (шанбе, якшанбе) ва рӯзҳои иди ғайрикорӣ ё дар вақти шабона иштирок намуда бошад;
- адвокат барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба минтақаи дигар сафар карда бошад;
- ҳаҷми маводи парванда зиёда аз се ҷилдро ташкил кунад;
- адвокат дар парвандаи ҷиноятӣ зиёда аз ду шахсро ҳимоя намояд ё як шахс бо се ва ё зиёда таркиби ҷиноят гумонбар дониста шуда бошад.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11. Таъминоти молиявии уҳдадориҳои марбут ба иҷрои Тартиби мазкур ҳар сол дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ карда мешавад.