ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома оид ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА маъқул дониста шавад.
2. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА мувофиқа намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 609
Созишнома оид ба Рухсатноман ягонан транзитии ТРАСЕКА
Ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии Созишномаи мазкур, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,
бо зикри мақсадҳои Созишномаи бисёрҷонибаи асосӣ оид ба нақлиёти автомобилӣ ҷиҳати рушди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё,
кӯшиши ниятҳои рушди минбаъдаи ҳамлу нақли автомобилӣ дар доираи долони нақлиётии ТРАСЕКА ва беҳтаргардонии шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии борҳоро ба роҳбарӣ гирифта,
бо эътирофи аҳамияти ҷалб намудани гардиши бор миёни Аврупо ва Осиё тавассути ҳамлу нақли транзитӣ дар ҳудуди "Тарафҳо",
бо дарназардошти аҳамияти истифодаи иқтидори транзитии "Тарафҳо",
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1. Мафҳум ва истилоҳот
1. Мафҳум ва истилоҳоти дар Созишномаи мазкур дарҷгардида дорои маънои зайл мебошанд:
Интиқолдиҳандаи автомобилӣ - ҳама гуна шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди яке аз "Тарафҳо" ба қайд гирифта шуда, тибқи талаботи қонунгузории миллӣ барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ роҳ дода шудааст;
Воситаи нақлиёти автомобилӣ - воситаи нақлиётӣ, ки дар ҳудуди яке аз "Тарафҳо" ба қайд гирифта шуда, барои иҷро намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии борҳо рухсатдода шудааст (нақлиёти боркаш, нақлиёти боркаш бо ядак, нақлиёт барои кашидани ядакҳо);
Ҳамлу нақл - ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо бор ва ё бе бор бар ивази музд ва ё аз ҳисоби маблағҳои худӣ тариқи роҳҳои автомобилгарди "Тарафҳо" ва ё кишварҳои сеюм, аз ҷумла ҳамлу нақли мултимодалӣ, яъне агар қисме аз ҳамлу нақл бо дигар намуди воситаи нақлиётӣ сурат гирад (обӣ, баҳрӣ ва роҳи оҳан);
Ҳамлу нақл ба/аз кишвари сеюм - ҳамлу нақли борҳо, ки боркунӣ ё борфарории онҳо дар кишваре, ки "Тараф"-и аҳдкунандаи Созишномаи мазкур ба ҳисоб намеравад ва тавассути воситаи нақлиёти автомобилии дар кишвари аъзои Созишнома бақайдгирифташуда сурат мегирад;
Каботаж - интиқоли бор аз як нуқта дар ҳудуди дигар давлат ба дигар нуқтаи ҳудуди ҳамон давлат;
Рейс - ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз нуқтаи ҳаракат то нуқтаи таъинот;
Кишвари сеюм - кишваре, ки кишвари иштирокчии Созишномаи мазкур нест;
Ҳамлу нақли транзитӣ - гузариши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо бор ё бе бор аз ҳудуди яке аз "Тараф"-и Созишномаи мазкур бе боркунӣ/борфарории борҳо, ки дар ҳолати он нуқтаи ҳаракат ва нуқтаи таъинот дар ҳудуди дигар "Тарафҳо" ҷойгир шудааст;
Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА - ҳуҷҷати электронӣ, ки бо тартиби муқарраргардида мутобиқи Созишномаи мазкур дода шуда, ба интиқолдиҳанда ҳуқуқи анҷом додани ҳамлу нақли транзитиро (инчунин бе бор) тавассути ҳудуди "Тарафҳо" бо шартҳои дар Созишномаи мазкур муайяншуда, медиҳад.
Системаи иттилоотӣ (веб-портал) - системаи иттилоотӣ, ки барои дар шакли электронӣ амалӣ намудани расмиёти рухсатномадиҳӣ дар самти коркард ва содироти рухсатномаҳои электронии транзитии ТРАСЕКА, тавассути додани рақами мушаххасгардонида ва силсиларақам, ирсол намудани огоҳнома ва таъмини фаъолияти бемонеаи ин равандҳо хизмат мерасонад;
Таҷҳизоти навигатсияи кайҳонӣ - маҷмуи таҷҳизоти электронии рӯйзаминӣ, ки дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ насб карда шуда, барои мушаххас намудани ҷойгиршавии аниқи он, инчунин муайян намудани нишондиҳандаҳои ҳаракати он (суръат, самти ҳаракат ва ғайра) пешбинӣ шудааст;
Квота - адади рухсатномаҳои транзитии ҷудошуда барои ҳаракат намудани воситаи нақлиёти автомобилии ҳар як "Тараф" бар асоси Созишномаи мазкур дар давраи муддати муайян;
ДБН ТРАСЕКА - долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё;
Созишномаи асосӣ - Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ ҷиҳати рушди долони Аврупо-Қафқоз-Осиё бо тағйирот ва иловаҳои амалкунанда, ки 8 сентябри соли 1998 дар шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озорбойҷон ба имзо расидааст, бо тағйиру иловаҳои амалкунандаи он;
Котиботи доимӣ (КД КБҲ ТРАСЕКА) - Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА;
Мақом/мақомоти салоҳиятдор - мақом/мақомоти ваколатдор, ки барои татбиқи Созишномаи мазкур дар кишвари аъзои Созишнома вобаста шудаанд.
Моддаи 2. Муқаррароти умумӣ
1. Муқаррароти Созишномаи мазкур ҳамлу нақли байналмилалии борҳоро, ки тавассути воситаи нақлиёти автомобилӣ тариқи транзит аз ҳудуди кишварҳои "Тарафҳо", бо истифода аз Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА амалӣ менамоянд, танзим намуда, шарту тартиби додани Рухсатнома, истифодабарӣ ва дигар муқарраротро, ки бевосита ба Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА алоқаманд аст, муайян менамояд.
2. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА:
а) рухсатномае мебошад, ки ҳуқуқи иҷро намудани ҳамлу нақли байналмилалии транзити тавассути ҳудуди "Тарафҳо"-ро медиҳад;
б) ба интиқолдиҳанда ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли транзитиро дар ҳудуди "Тарафҳо" медиҳад, ки хатсайр тавассути онҳо мегузарад ва аз эҳтиёҷи бо худ доштани Рухсатномаи бо Созишномаҳои дуҷонибаи байни "Тарафҳо" оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ пешбинишуда, озод менамояд;
в) танҳо тариқи электронӣ тибқи шакли аз ҷониби Котиботи доимӣ дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори "Тарафҳо" муайяншуда таҳия шуда, ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақлро доро мебошад.
3. Муқаррароти Созишномаи мазкур нисбати ҳамлу нақли байналмилалии транзитии борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҳудуди на кам аз ду "Тараф" ва ё як "Тараф" бо истифода аз нақлиёти обӣ, татбиқ мегардад.
Барои ҳамлу нақли дуҷониба ва ё ба/аз кишвари сеюм, доштани рухсатномаи дахлдор, агар талаботи дигар тибқи муқаррароти Созишномаи дуҷонибаи "Тарафҳо" пешбинӣ нашуда бошад, ҳатмӣ мебошад.
4. "Тарафҳо" ба интиқолдиҳандагони автомобилӣ дастрасии баробарро ба бозори хизматрасонии нақлиётӣ бе поймол кардани ҳуқуқи онҳо, новобаста аз шаҳрвандии ронанда ва ё кишвари бақайдгирандаи воситаи нақлиётӣ, таъмин менамоянд.
5. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА метавонад дар давраи аз 1 январи соли дахлдор то 31 январи соли оянда эътибор дошта бошад.
6. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА чунин маълумотро дар бар мегирад:
а) номи рухсатнома;
б) рақами нодири рухсатнома;
в) штрих-коди нодири мушаххасгардонидашуда;
г) муҳлати амали рухсатнома;
ғ) рақами қайди воситаи нақлиётӣ;
д) рақами қайди ядак/нимядак;
е) хатсайри ҳаракат бо нишон додани нуқтаи ҳаракат ва нуқтаи таъинот;
ё) эзоҳ дар мавриди пайдо шудани нуқсони бартарафнашавандаи техникӣ, дар бораи иваз намудани воситаи нақлиёти автомобилӣ;
ж) маълумоти дигар дар мувофиқа бо "Тарафҳо".
Моддаи 3. Шартҳои истифодаи Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА
1. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА ҳуҷҷати яккарата (барои истифодаи яккарата) буда, ҳуқуқи амалӣ кардани ҳамлу нақлро бо бор ва ё бе бор, дар самти ҳаракат ва бозгашт дар тамоми хатсайр (рафту омад), медиҳад. Ҳамзамон, шумораи ворид ва хориҷшавӣ ба дилхоҳ кишвари аъзои ТРАСЕКА набояд аз 2 (ду) маротиба зиёд бошад.
2. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА ҳуқуқи амалӣ намудани каботажро намедиҳад.
3. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА аз масъулияти пардохтҳои ҳатмӣ ва боҷҳо, ки ситонидани онҳо ба талаботи моддаи 5 Созишномаи асосӣ мухолифат намекунад, озод намекунад.
4. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА интиқолдиҳандаро аз риояи талаботи вобаста ба интиқоли борҳои хатарнок, ҳаракати воситаҳои нақлиётии бузургҳаҷм ва вазнин, инчунин талаботи қонунгузории миллии кишвари вуруд ё транзит, озод наменамояд.
5. Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА наметавонад барои мақсадҳои дигар, ба ғайр аз мақсадҳои дар моддаи 2 Созишномаи мазкур дарҷшуда, истифода карда шавад.
6. Ба боргирии сарироҳии воситаи нақлиётии хориҷӣ, ки дар рафти бозгашт аз рейси транзитӣ дар ҳудуди "Тарафи" Созишномаи мазкур сурат мегирад, танҳо дар ҳолати доштани рухсатномаи дахлдор, агар тартиби дигар бо Созишномаҳои дуҷонибаи байни "Тарафҳо" пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.
7. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА истифода мекунанд, дар ҳудуди кишварҳои сеюм мутобиқи созишномаҳои дутарафа бо ин кишварҳо ва ё дигар созишномаҳои бисёрҷонибаи амалкунанда, сурат мегирад, агар тартиби дигар дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ нашуда бошад.
8. Ҳангоми интиқоли борҳо бо истифода аз Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА ивази ядак ё нимядаки воситаи нақлиётии боркаш танҳо бо воситаи нақлиётии якхел/баробар, ки дар яке аз "Тарафҳо" ба қайд гирифта шудааст, бо шарти илова намудани эзоҳи зарурӣ ба ҳуҷҷати электронии транзитии ТРАСЕКА аз ҷониби мақоми ваколатдори як "Тараф", ки дар ҳудуди он ғайриимкон будани гузариши минбаъдаи воситаи нақлиётӣ бо сабабҳои техникӣ муайян шудааст, иҷозат дода мешавад. Тартиби илова намудани эзоҳ дар Дастурамали техникии кор бо системаи иттилоотӣ (веб-портал) муайян карда мешавад.
9. "Тарафҳо" нисбати интиқолдиҳандагоне, ки муқаррароти Созишномаи мазкурро вайрон менамоянд, мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ таҳримҳоро ҷорӣ менамоянд.
10. Мақомоти ваколатдори "Тарафҳо" дар ҳолати аз ҷониби интиқолдиҳанда такроран роҳ додан ба вайронкунии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, муқаррароти вобаста ба ҳолати техникии воситаи нақлиётӣ, вайрон кардани реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон, инчунин риоя накардани муқаррароти Созишномаи мазкур, метавонанд амали ҳамлу нақли транзитиро бо истифода аз Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА дар ҳудуди худ, қатъ намоянд.
11. Мақомоти ваколатдори "Тарафҳо"-и якдигар ва Котиботи доимиро оид ба ҳолатҳое, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагон вайронкунии қоидаҳо дар рафти амалӣ намудани ҳамлу нақли транзитӣ бо истифода аз Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА ба амал меоянд, инчунин таҳримҳое, ки нисбати чунин интиқолдиҳандагон ҷорӣ шудаанд, хабардор месозанд.
Моддаи 4. Тартиби додан, ҳисобот ва истифодабарии рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА
1. Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА аз ҷониби системаи иттилоотӣ (веб-портал) тавассути системаи интернет бо забонҳои расмии Созишномаи асосӣ дар асоси маълумотҳое, ки дар дархостҳо ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дарҷ шудаанд, таҳия карда мешавад.
2. Аз ҷониби "Тарафҳо" квотаи додани Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА муқаррар мегардад. Ҳангоми муайян намудани квота, барои ҳамаи "Тарафҳо" шумораи баробари Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА пешбинӣ карда мешавад.
3. "Тарафҳо" барои қабули қарор нисбати тасдиқи квота намояндаи мақоми ваколатдори худро муайян менамоянд. Қарори тасдиқи квота дар Протоколи алоҳида дарҷ карда шуда, аз лаҳзаи ба имзо расиданаш, эътибор пайдо намояд.
4. Бо ташаббуси "Тарафҳо", квота метавонад тибқи талаботи бандҳои 2 ва 3-и моддаи мазкур, бо шарти аз ҷониби як кишвар ба таври хаттӣ огоҳ намудани Котиботи доимӣ нисбат ба тағйири квота барои додани Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА дар ҳудуди он "Тараф", бозбинӣ карда шавад.
5. Мақомоти ваколатдори "Тарафҳо", ки додани Рухсатнома барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилро амалӣ месозанд, инчунин мақомоти гумрукӣ ва сарҳадӣ ва иштирокчиёни раванди ҳамлу нақл, дар доираи Созишномаи мазкур тавассути системаи иттилоотӣ (веб-портал) бо якдигар ҳамкорӣ менамоянд.
6. Интиқолдиҳандаи нақлиётӣ барои қабули қарор нисбати гирифтани Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА, дархостро ба мақоми ваколатдори "Тараф"-и бақайдгирандаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, пешниҳод менамояд.
7. Мақомоти дахлдор мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ дархостҳои воридшударо баррасӣ намуда, қарор дар бораи додани Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА ва ё рад кардани он қабул менамоянд. Дар ҳолати қабул кардани қарор оид ба додани чунин рухсатнома, мақомоти ваколатдор маълумотро ба системаи иттилоотонӣ (веб-портал) оид ба таҳия шудани рухсатнома барои интиқолдиҳанда ворид менамояд. Дар ҳолати рад кардани чунин дархост оид ба додани Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА мақомоти ваколатдор бояд ба интиқолдиҳанда тафсири сабабҳои рад кардани дархостро пешниҳод намоянд.
8. Нусхаи электронии Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА дар мақомоти ваколатдори "Тарафҳо"-е, ки онро додааст, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
9. Интиқолдиҳандае, ки Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА-ро тариқи системаи иттилоотӣ (веб-портал) дастрас кардааст, наметавонад онро ба кадом роҳе набошад ба интиқолдиҳандаи дигар диҳад ё ин ки гузашт намояд.
10. Дар мавриди убури сарҳади давлатӣ ва гузаронидани расмиёти дахлдори назоратӣ, мақомоти ваколатдори "Тарафҳо" аслӣ будани Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА-ро тавассути системаи иттилоотӣ (веб-портал) месанҷанд.
11. Дастурамали техникӣ оид ба кор бо системаи иттилоотӣ (веб-портал), инчунин тартиби ҳамкории "Тарафҳо", аз ҷониби Котиботи доимӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 5. Шартҳои рухсат додани интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои истифодаи Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА
1. Интиқолдиҳандае, ки дархостро барои гирифтани Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА-ро пешниҳод менамояд, бояд:
а) ба тамоми талаботи қонунгузории миллӣ вобаста ба рухсат барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии борҳо ҷавобгӯ бошад;
б) ба талаботи қонунгузории миллӣ вобаста ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин меъёрҳое, ки барои ронандагони воситаҳои нақлиётӣ пешбинӣ шудаанд, ҷавобгӯ бошад.
2. Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА метавонанд танҳо аз ҷониби воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои интиқоли борҳо, ки тавассути системаи иттилоотӣ (веб-портал) ба қайд гирифта шудаанд, истифода шаванд.
3. Бо мақсади мониторинги хатсайр, баланд бардоштани самаранокии идоракунии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва таъмини бехатарии интиқоли борҳо, воситаи нақлиётии автомобилӣ метавонанд бо таҷҳизоти сертификатсияшудаи навигатсияи кайҳонӣ, ки маълумот оид ба интиқоли борҳоро тавассути Рухсатномаҳои ягонаи транзитии ТРАСЕКА ба системаи иттилоотӣ (веб-портал) интиқол медиҳад, муҷаҳҳаз бошанд.
4. Маълумот оид ба ҳамлу нақл, ки тариқи таҷҳизоти сертификатсияшудаи навигатсионӣ қабул карда мешавад, ба мақоми ваколатдоре, ки Рухсатномаи ягонаи транзитии ТРАСЕКА-ро додааст, инчунин ба Котиботи доимӣ равон карда мешавад. Муҳтавои маълумоти интиқолшаванда бо Дастурамали техникӣ оид ба кор бо системаи иттилоотӣ (веб-портал) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Танзими баҳсҳо
Ҳама гуна баҳсу ихтилоф ва ё даъвои байни "Тарафҳо" дар рафти татбиқ, тафсир, вайронкунӣ ва ё қатъи Созишномаи мазкур бамиёномада, ки бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро намеёбанд, яз тарафи дилхоҳ "Тараф"-и ба масъала рабтдошта, барои баррасӣ ба Комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 7. Муқаррароти интиқолӣ
1. Созишномаи мазкур барои ҳамроҳшавии ҳама гуна давлат, зимни розӣ будани ҳамаи "Тарафҳо", ки аз ҷониби маҳфуздоранда тавассути роҳҳои дипломатӣ қабул карда шудааст, кушода аст. Шарти асосии ҳамроҳшавии кишварҳои сеюм - пешниҳоди ҳуқуқи ворид/хориҷ шудан ба/аз ҳудуди худ ва ё гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии кишварҳои аъзои Созишномаи асосӣ, тавассути ҳудуди онҳо мебошад.
2. Созишномаи мазкур бо гузашти сӣ рӯз, пас аз санаи аз ҷониби онҳо ба маҳфуздоранда супоридани чорумин огоҳнома оид ба анҷом додани расмиёти дахлдори дохилидавлатӣ, эътибор пайдо менамояд.
3. Созишномаи мазкур барои кишварҳои ҳамроҳшуда бо гузашти сӣ рӯз пас аз ба маҳфуздоранда супоридани огоҳнома оид ба иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ, эътибор пайдо менамояд.
4. Бо розигии "Тарафҳо" ба Созишномаи мазкур метавонад тағйиру иловаҳо, ки бо Протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур маҳсуб меёбанд, ворид карда шаванд.
5. Протоколҳои алоҳида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома, бо тартибе, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур пешбинӣ шудааст, эътибор пайдо мекунанд.
6. Маҳфуздорандаи Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Озорбойҷон мебошад, ки ба "Тарафҳо"-и созишномаро баимзорасонида нусхаи тасдиқшудаи онро ирсол менамояд.
7. Маҳфуздоранда "Тарафҳо"-ро оид ба ҳамроҳшавии дигар "Тарафҳо" ба Созишнома ва оид ба қатъи амали Созишнома нисбати дилхоҳ "Тараф", хабар медиҳад.
8. Амали Созишнома метавонад дар ҳудуди як "Тараф", дар ҳолате қатъ гардад, агар он "Тараф" на камтар аз шаш моҳ қабл маҳфуздорандаро оид ба нияти қатъ намудани амали он дар ҳудуди худ, ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
9. Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад.
Дар шаҳри ________, санаи "__"_______соли _____ дар як нусхаи аслӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, ки ҳар ду эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шудааст.
|
Аз номи Ҷумҳурии Озорбойҷон
Аз номи Арманистон
Аз номи Булғористон
Аз номи Гурҷистон
Аз номи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз номи Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз номи Ҷумҳурии Молдова
Аз номи Руминия
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз номи Ҷумҳурии Туркия
Аз номи Ҷумҳурии ӯзбекистон
Аз номи Украина
|
|