×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 498 "Дар бораи карантини растанӣ"

Санаи амалкуни: 26.12.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1567 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи карантини растанӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 787)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 787)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи таъмини карантини растанӣ муайян намуда, чорабиниҳои карантини фитосанитариеро дар бар мегирад, ки барои ҳимояи растанӣ ва эмин доштани он аз хатари ворид, пайдоиш ва паҳншавии касалиҳо, зараррасонҳо ва алафҳои бегона мусоидат менамоянд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- карантин - боздошти расмии маводи таҳти карантин дар шароити карантини пӯшида бо мақсади мушоҳида ва тадқиқот ё барои азназаргузаронии минбаъда, ташхис ва ё коркард;

- растанӣ - растании зинда ва қисмҳои он, аз ҷумла тухмӣ ва маводи генетикӣ;

- карантини растанӣ - фаъолияте, ки барои пешгирии интродуксия ва ё паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ ё таъмини муборизаи расмӣ бар зидди онҳо равона шудааст;

- маҳсулоти растанӣ - маводи коркарднашудаи растанӣ (аз ҷумла ғалла), инчунин маҳсулоти коркардшуда, ки аз рӯи табиати худ ё усули коркард хавфи роҳ ёфтан ё паҳн гардидани организмҳои зараррасони карантиниро ба миён меоваранд;

- маводи таҳти карантин - ҳар гуна растанӣ ва маҳсулоти он, ҷои нигоҳдорӣ, борҷома, воситаи нақлиёт, контейнер, хок ва ҳар гуна организм, объект ё мавод, ки метавонанд паноҳгоҳи организмҳои зараррасон гарданд ё барои паҳншавии онҳо мусоидат намоянд ва нисбати онҳо, хусусан дар ҳолатҳои вобаста бо боркашонии байналмилалӣ, бояд чораҳои фитосанитарӣ дида шаванд;

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 2 января 2019 года, №1567

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О карантине растений

(в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№787)

(в редакции Закона РТ от 26.12.2011г.№787)

Настоящий Закон определяет правовые и организационные основы в области обеспечения карантина растений и включает в себя фитосанитарные карантинные меры, способствующие защите растений от проникновения, появления и распространения вредителей, болезней и сорных растений.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- карантин - официальное задержание в закрытых карантинных условиях подкарантинных материалов для наблюдений и исследований или для последующего досмотра, анализа или обработки;

- растения - живые растения и их части, включая семена и генетический материал;

- карантин растений - деятельность, направленная на предотвращение интродукции и / или распространения карантинных вредных организмов или на обеспечение официальной борьбы с ними;

- продукция растительного происхождения - непереработанный материал растительного происхождения (включая зерно), а также переработанные продукты, которые по своей природе или способу своей переработки могут создавать риск интродукции и распространения карантинных вредных организмов;

- подкарантинный материал - любое растение, растительный продукт, место складирования, упаковка, транспортное средство, контейнер, почва и любой другой организм, объект или материал, способный служить местом укрытия вредных организмов или способствовать их распространению в отношении которого необходимо принятие фитосанитарных мер, особенно в тех случаях, когда дело касается международных перевозок;

- фумигация - обработка химическим веществом, достигающим данного товара полностью или в основном в газообразном состоянии;

...