ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999, №803 "Оиди мавриди амал қарор додани қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №6, мод. 155; с. 2001, №7, мод. 510; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 172; с. 2005, №1, мод. 4; с. 2006, №4, мод. 224; с. 2007, №3, мод. 188; с. 2010, №2, мод. 121, №8-10, мод. 652; с. 2012, №5, мод. 375, №10, мод. 883; с. 2013, №2, мод. 103; с. 2015, №2, қ.1, мод. 115; с. 2016, №5, мод. 431; с. 2018, №9-10, мод. 615; с. 2019, №8-10, қ. 1, мод. 555, №11, мод. 787), Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, №885 "Оиди мавриди амал қарор додани қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 325; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 172; с. 2006, №4, мод. 225; с. 2009, №11, мод. 725; с. 2010, №4, мод. 292; с. 2012, №5, мод. 376; с. 2013, №3, мод. 217; с. 2018, №9-10, мод. 616) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2004, №1260 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №1, мод. 3; с. 2012, №5, мод. 393) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода
ш. Душанбе,
аз 23 ноябри соли 2022, №915
ш. Душанбе,
аз 23 ноябри соли 2022, №915
...