Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, № 588 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369

Мутобиқи моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар зербанди 44 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" калимаҳои "маъмурии баландошёна" ба калимаҳои "бисёрфунксионалии "Маркази сайёҳӣ" иваз карда шавад.

2. Номгӯй ва миқдори молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони бинои бисёрфунксионалии "Маркази сайёҳӣ", воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшавандаро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2022, № 588

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, № 588

Номгӯй ва миқдори молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони бинои бисёрфунксионалии "Маркази сайёҳӣ", воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд

Ниг. ба Замима