Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №580
Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027 (минбаъд - Барнома) асосҳои ташкилӣ, хоҷагидорӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, механизм, вазифа на самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи киноро муайян менамояд.
2. Барнома мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, кинои ватаниро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
4. Барнома баланд бардоштани сифати истеҳсолу намоиши филмҳо, таҳқими заминаи моддию техникӣ, бунёд ва барқарорсозии инфрасохтори соҳа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишварро дар панҷ соли оянда пешбинӣ менамояд.
5. Кино ба ҳайси ниҳоди тартибкунандаи сиёсати давлатӣ тамоюли рушди ғоявию фарҳангии ҷомеаро инъикос намуда, барои ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.
6. Кинои тоҷик ҳоло ба офаридани филмҳои муосири дар бозори маводи аудиовизуалӣ рақобатпазир, ки арзишҳои фарҳангии миллию ҷахониро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро рӯйи пардаи кино ҷилвагар созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифию тарғиб кунанд, ниёз дорад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ КИНОИ ТОҶИК
7. Ҷиҳати рушд ва беҳтар намудани низоми идоракунӣ, назорат ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №598 Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" (минбаъд - Муассиса) дар заминаи киностудияи "Тоҷикфилм" ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ҳамчун сохтори алоҳида таъсис дода шудааст.
8. Муассиса ҳамчун сохтори фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи оиннома ба роҳ монда, сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ мегардонад.
9. Ба ҳолати 1 январи 2022 дар тавозуни Муассиса 29 кинотеатр бо 6618 ҷойи нишаст ва 13 кинопроектор вуҷуд дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд кинотеатрҳо мавҷуд нестанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.
10. Аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Муассиса 56 филми нав, аз ҷумла 14 филми ҳунарӣ, 26 филми мустанад, 11 филми кутоҳи ҳунарӣ ва 5 филми аниматсионӣ истеҳсол ва пешкаши тамошобинон гардонид. Инчунин дар ин давра 11 филми гуногунжанр тарҷума ва дубляж карда шуд.
11. Соҳаи кинои тоҷик имрӯз ба таваҷҷуҳи хоса ниёз дорад. Дар шароити имрӯза ҳаводорони кино ба тамошои филмҳои бо истифодаи техникаю технологияи (инноватсионии) муосир таҳиягардида эҳтиёҷ доранд.
12. Асри техника ва технологияи нав, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ садди роҳи паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо дар кинотеатрҳо гардиданд. Ҳоло беш аз 70 фоизи аҳолии кишвар, ки дар деҳотҷойҳо зиндагӣ мекунанд, ба толорҳои кинонамоишдиҳӣ (кинотеатрҳо) дастрасӣ надоранд.
13. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар бойгонии кинои тоҷик 1416 нусха филмҳои гуногун вуҷуд доранд, ки қисми онҳо ба хазинаи тиллоии Муассиса шомил шудаанд, вале шароити нигоҳдории онҳо ба меъёрҳои пешбинигардида ҷавобгӯй нест.
14. Муассиса ҳоло ба назорати фаъолияти толору нуқтаҳои намоиши кино ва видео, фурӯшу кироя ва сабти маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерӣ машғул буда, бо сабаби нарасидани маблағҳои зарурӣ вазифаи оинномавии худ, яъне паҳну намоиши филмҳои миллӣ, таъмири бинои кинотеатрҳо ва харидории таҷҳизоти махсусро пурра иҷро карда наметавонад.
15. Кинотеатрҳои "Орлёнок" ва "Зебуннисо"-и шаҳри Душанбе, 14 кинотеатр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кинотеатри "30-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Мастчоҳ, кинотсатрҳои ноҳияҳои минтақаи Рашти дар тавозуни Муассиса қарордошта, корношоям мебошанд ва ба навсозию таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд.
16. Солҳои охир соҳаи филмбардории тоҷик ба сатҳи нави рушд гузашта, мазмуну муҳтавои филмҳо беҳтар гардид. Аз ҷумла чунин филмҳо, ба монанди "Хаёлпарастони музофотӣ", "Роҳ", "Бачаи обӣ", "Дов", "Дӯгоб", "Насиб", "Аз баландии парвоз" ва "Додараки фариштаҳо" дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор дониста шуданд.
17. Бо мақсади барқарор намудан ва тавсеаи робитаҳои кинематографӣ, рушди ҳамкориҳои байни кинематографистони Тоҷикистон ва хориҷа, дар шаҳри Душанбе дар ду сол як маротиба гузаронидани кинофестивали байналмилалии "Душанбе" ва бо мақсади дастгирии ҷавонон ва қадршиносии ҳунари асил баргузории Синамоҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон", инчунин гузаронидани Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки барои табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанӣ, муаррифии санъати волои кинои миллӣ ба тамошобини хориҷӣ ва тарғиби дастовардҳои мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳониён мусоидат менамояд.
3. ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲО ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССИСОН
18. Дар Муассиса 312 корманд фаъолият доранд. Сохтори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" аз дастгоҳи идоракунӣ, 2 сарраёсат, 5 раёсат иборат мебошад ва ба сохтори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" раёсат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шуъбаи минтақавӣ дар водии Рашт дохил мешаванд.
19. Муассиса ба мутахассисони касбӣ, аз ҷумла филмноманавис, коргардони кино, наворбардори кино, коргардони овоз, мутахассиси оташбоз, пардозгар, продюсер, танзимгар, садобардор, равшандиҳанда, рассом-ороишкор, рассоми либос ва механикҳо ниёз дорад.
20. Омода намудани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандон яке аз самтҳои асосии Барномаи мазкур ба ҳисоб рафта, барои ҷалби бештари мутахассисони касбии соҳа ба фаъолияти филмбардорӣ мусоидат менамояд.
21. Дар сурати амалӣ шудани Барнома пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2027 мутахассисони соҳаи кино дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишкадаи давлатии кинематографияи ба номи С.А.Герасимов (ш. Москва), филиали ДДУК (ВГИК) дар шаҳри Тошканд, Донишкадаи давлатии кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург омода карда шаванд.
22. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ягона муассисаи соҳавӣ дар дохили кишвар мебошад, ки бо тарбияи кадрҳои кинематографӣ машғул аст. Ҳоло дар шуъбаи коргардони филмҳои бадеии он 20 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
23. Тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар асоси пешрафт ва рушди соҳаи кино дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
24. Дар баробари омода кардани кадрҳои баландихгисос дар Барномаи мазкур ҳамчунин такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар пешбинӣ мегардад.
4. МУШКИЛИҲОИ АСОСӢ ДАР СОҲАИ КИНО
25. Дар соҳаи кино мушкилиҳои зерин мавҷуд мебошанд:
- заминаи сусти моддию техникӣ, аз ҷумла нокифоя будани техника ва технологияи замонавӣ;
- нарасидани воситаҳои молиявӣ барои рушди соҳа;
- ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй набудани ифрасохтори кино, аз ҷумла набудани толорҳои намоиши кино дар шаҳру ноҳияҳо;
- мутобиқат накардани истеҳсоли филмҳо ба стандартҳои байналмилалӣ;
- норасоии кадрҳои баландихтисос;
- набудани шароити муносиб барои паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳои ватанӣ;
- набудани шароити зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии филмҳо;
- мутобиқат накардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи аудиовизуалӣ.
26. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур ба дарёфти роҳҳои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
5. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
27. Ҳадафи асосии Барнома, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самаранок ва рушди бомароми соҳаи кинои ватанӣ ва дар ин замина тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои фарҳангии миллию байналмилалӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
28. Амалисозии Барнома дар Муассиса низоми идоракунӣ ва ҷалби мутахассисонро танзим намуда, мазмуну моҳияти филмбардорӣ беҳтар гардида, бунёд ва навсозии инфрасохтори соҳаи кино, инчунин паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо роҳандозӣ шуда, барои офаридани филмҳои баландмазмуни миллӣ ва рақобатпазир дар бозори кино шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.
29. Барои расидан ба ҳадафҳои асосии Барнома Муассиса чораҳои зерин меандешад:
- беҳтар намудани заминаи моддию техникии соҳаи кино;
- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;
- ҷорӣ намудани технологияи муосир;
- бозсозӣ ва такмили фаъолияти эҷодӣ бо дарназардошти талаботи имрӯзаи кинои ҷаҳонӣ;
- зиёд кардани истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ, таърихӣ-ватандӯстӣ, солномаҳо, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалӣ;
- омода намудани мутахассисони ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар;
- ташкил ва баргузории кинофестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳои миллӣ, дастрас намудани асарҳои кинематографӣ ба аҳолӣ;
- такмили майдончаи наворбардории мавзеи "Симиганҷ"-и дараи Ромит барои филмбардорӣ, бунёди майдончаҳои махсуси наворгирии филмҳо, барқарорсозии коргоҳҳои сохтмони ороишкорӣ;
- таҳкими ҳамкорӣ бо ширкату муассисаҳои кинематографии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба дар филмбардории муосир ва офаридани филмҳои муштарак;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои риояи қоидаҳои нигоҳдории филмҳо, маводи аслии филмҳои миллӣ, киносолномаҳо дар фонди бойгонии Муассиса.
6. САМТҲОИ АСОСӢ, МЕХАНИЗМҲО ВА МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
30. Самтҳои асосии амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва моддию техникии соҳа;
- таҳияи филмҳои баландмазмуни миллӣ-ватандӯстӣ ва таърихӣ аз рӯзгори қаҳрамонони халқи тоҷик;
- мутобиқнамоии филмбардорӣ ба сатҳи байналмилалӣ;
- тарбия ва омода намудани кадрҳои соҳа дар хориҷи кишвар;
- таъмир ва азнавсозиии инфрасохтори мавҷудаи соҳа;
- тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони хориҷӣ ва таҳияи филмҳои муштарак.
31. Механизмҳои амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:
- маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ;
- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ.
32. Баҳри таъмини рушди устувори соҳаи кинои ватанӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино Барнома дар се марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якуми Барнома солҳои 2023-2025, марҳилаи дуюм соли 2026 ва марҳилаи сеюм соли 2027-ро дар бар гирифта, таҳияи филмҳои гуногунжанр, тарҷума ва дубляжи филмҳо ба забони давлатӣ, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, тарбия ва омода намудани кадрҳои соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар, беҳтар намудани сифати филмбардорӣ, харидории таҷҳизот ва техникаи муосири соҳаи кино, таъмиру барқарорсозии кинотеатрҳо, барқарорсозии майдончаҳои наворбардорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
7. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
33. Барнома марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар назар аст, ки дар натиҷаи сари вақт ва самаранок амалӣ гардидани он як қатор мушкилиҳои соҳа бартараф шуда, барои рушди кинои тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷаи амалисозии Барномаи мазкур:
- низоми самарабахши идоракунӣ дар соҳаи синамонигорӣ (барои офаридани филмҳои пурмазмун ва намоиши онҳо дар кинотеатрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯй) ташкил карда мешавад;
- заминаи моддию техникӣ мустаҳкам ва вазъи сохторҳои тобеи Муассиса беҳтар мегардад;
- инфрасохтори соҳа, аз ҷумла кинотеатрҳои замонавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёд, тармим ва таҷдид карда мешаванд;
- филмҳои миллии баландмазмуни дар бозори кино рақобатпазир истеҳсол карда мешаванд;
- сатҳи касбии кормандони соҳа баланд бардошта шуда, мутахассисони касбӣ ҷалб карда мешаванд;
- фаъолияти эҷодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи кино беҳтар мегардад;
- дастрасии аҳли ҷомеа ба филмҳои баландсифати истеҳсоли ватанӣ беҳтар мегардад;
- маблағгузории соҳа ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди он беҳтар мешавад;
- ҳолати нигоҳдории филмҳои ватанӣ дар фонди бойгонии Муассиса ба талаботи муосир мутобиқ карда мешавад;
- шумораи мутахассисони ҷавон ва баландихтисоси соҳа афзун мегардад;
- барои тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин барои мутахассисони соҳа шароити хуби корӣ муҳайё карда мешавад.
34. Дар натиҷаи амалисозии Барнома 11 филми ҳунарӣ, 20 филми мустанад, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 10 филми тасвирӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишии мактаби синамонигорони ҷавон офарида шуда, инчунин 50 филм тарҷума ва дубляж карда мешаванд.
8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
35. Барнома аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, маблағҳои Муассиса, инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ ва манбаъҳои дигаре, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
36. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборатанд аз:
- маблағҳои буҷети давлатӣ - 35 млн. сомонӣ;
- шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, - 5 млн. 200 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси Муассиса - 5 млн. 618 ҳазор сомонӣ;
- маблағи умумӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар панҷ сол- 45 млн. 818 ҳазор сомонӣ.
9. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
37. Низоми мониторинг ва арзёбӣ унсури муҳимми амалисозии Барнома буда, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад ва иҷрои воқеии корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро ошкор месозад.
38. Мониторинг ва арзёбии барномаҳои соҳавӣ тавассути нишондиҳандаҳои захираҳои масрафшуда, нишондиҳандаи боздеҳ ва нишондиҳандаи натиҷаи ниҳоӣ ба анҷом расонида мешавад.
39. Мониторинги натиҷавӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад) ва барои баргузории он ҷадвали электронӣ бо формати Ехсеl тартиб дода шуда, пас аз мониторинг маълумоти муфассал омода ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
40. Иҷрокунандаи асосии Барнома Муассиса маҳсуб меёбад.
41. Барнома аз ҷониби Муассиса якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистои
аз 29 ноябри соли 2022, №580
Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025)
Р/т
|
Мақсади асосӣ
|
Вазифаҳо
|
Тадбирҳо
|
Воҳиди ченак
|
Маблағ
(ҳаз. сомонӣ)
|
Солҳо
|
Масъулон
|
Сарчашмаи маблағгузорӣ
|
2023
|
2024
|
2025
|
|
|
|
1. Дар бахши истеҳсоли филмҳои касбии миллӣ
|
1.
|
Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори соҳаи кинои тоҷик
|
Истеҳсоли филмҳои ватанӣ бо
дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, инъикоскунандаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ
|
Филмҳои ҳунарӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
3715
|
1500
|
1070
|
1145
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
7
|
3
|
2
|
2
|
Филмҳои мустанад
|
ҳазор сомонӣ
|
512
|
160
|
172
|
180
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
ҳазор сомонӣ
|
512
|
160
|
172
|
180
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
Филмҳои кутоҳ
|
ҳазор сомонӣ
|
645
|
200
|
215
|
230
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
2.
|
Истеҳсоли филмҳои тасвирии 3D
|
Баланд бардоштани завқи бадеии наврасон
ва ҷалби онҳо барои истеҳсоли филмҳои тасвирӣ аз рӯйи асарҳои адабиёти классикии тоҷик
|
Филмҳои
тасвирӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
571
|
180
|
191
|
200
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
3.
|
Ҷалби васеи ҷавонони боистеъдод ба курсҳои филмнома-нависӣ
|
Дастгирӣ намудани ҷавонони боистеъдод ва
касбии соҳа, ҳамасола ташкил намудани наворбардории беҳтарин филмномаи навқаламон
|
Филмҳои «Дебют»
|
ҳазор сомонӣ
|
540
|
170
|
180
|
190
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
4.
|
Тарҷума ва дубляжи филм-ҳои беҳтарини ҳунарӣ,
ҳуҷҷатӣ ва илмию омма-вии кишварҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ
|
Тарғиби арзишҳои фарҳангии пешрафтаи
милливу умумибашарӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ
|
Тарҷума ва дубляжи филмҳо ба забони давлатӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
480
|
150
|
160
|
170
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
адад
|
30
|
10
|
10
|
10
|
5.
|
Тарғиби соҳаи синамонигорӣ
|
Ба табъ расидани нашрияи расмӣ
|
Маҷаллаи «Кино»
|
ҳазор сомонӣ
|
420
|
140
|
140
|
140
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
8400
|
2800
|
2800
|
2800
|
6.
|
Тармиму навсозии майдончаҳои филмбардорӣ
|
Мутобиқнамоии майдончаҳои наворбардорӣ
ба талаботи замони муосир
|
Барқарорсозии майдончаи наворбардории «Симиганҷ»
|
ҳазор сомонӣ
|
675
|
|
675
|
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
7.
|
Таҷдиду мутобиқсозии павилионҳои филмбардорӣ
|
Насби таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ
|
Хариди захираҳои моддӣ ва декоратсия барои филмҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
1500
|
500
|
500
|
500
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
9570
|
3160
|
3475
|
2935
|
|
|
2.
|
2. Дар бахши дурнамо ва рушди
кинематографияи миллӣ
|
8.
|
Баргузории чорабиниҳо вобаста ба тарғиби соҳаи синамо
|
Ташкил ва қабули
синамонигорон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, дар сатҳи баланд ташкил намудани
намоиши кино, дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо синамонигорони хориҷӣ
|
Кинофестивали байналмилалии
«Душанбе» ва Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»
|
ҳазор сомонӣ
|
2600
|
900
|
900
|
800
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
3
|
1
|
1
|
1
|
9.
|
Табодули таҷриба
|
Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Баргузории рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
|
ҳазор сомонӣ
|
360
|
112
|
120
|
128
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
3
|
1
|
1
|
1
|
10.

Баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон
|
ҳазор сомонӣ
|
756
|
236
|
250
|
270
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии
«Тоҷикфилм»
|
адад
|
6
|
2
|
2
|
2
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
3716
|
1248
|
1270
|
1198
|
|
|
|
3. Дар бахши омода
намудани ҳайати кадрӣ ва рушди зеҳнии соҳаи кино
|
11.
|
Таъмини коргоҳҳои Муассисаи давлатии
«Тоҷикфилм»бо кадрҳои баландихтисос
|
Омода намудани кадрҳо ва мутахассисони касбӣ барои рушди соҳа тариқи бурсияҳо дар муассисаҳои
таҳсилоти олии соҳаи синамои кишварҳои
хориҷӣ
|
Таъмини мутахассисони касбӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ҷиҳати омодасозии
кадрҳои соҳа, аз ҷумла, филмноманавис, коргардони кино,
наворбардори кино, коргардони овоз, мутахассиси оташбоз, пардозгар,
продюсер, танзимгар, садобардор, равшандиҳанда, рассом-ороишкор, рассоми либос
ва механик дар хориҷи кишвар
|
нафар
|
22
|
8
|
6
|
8
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
дар ҳамкорӣ бо Вазорати
рушди иқтисод ва савдои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»
|
|
12.
|
Таъмини муассиса бо кадрҳои соҳибихтисос
|
Такмили ихтисоси кормандони ҷавон
|
Мактаби синамонигорони ҷавон
|
ҳазор сомонӣ
|
643
|
200
|
214
|
229
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Муассисаи давлатии «Маркази
барномаҳои байналмилалӣ»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии
«Тоҷикфилм»
|
курсҳои омӯзишӣ
|
3
|
1
|
1
|
1
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
643
|
200
|
214
|
229
|
|
|
|
4. Дар бахши таҳкими заминаи моддию техникии соҳа
|
13.
|
Таъмини шароити муосири филмбардорӣ бо
истифода аз нақлиёти махсуси соҳавӣ
|
Навсозии парки нақлиёт ва хариди
автомобилҳои махсус
|
Хариди воситаҳои нақлиёти махсуси филмбардорӣ
(Гримваген –Mersedes-Benz)
|
ҳазор сомонӣ
|
800
|
|
800
|
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм», вазорату идораҳои
дахлдор
|
Шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дигар
манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст
|
адад
|
1
|
|
1
|
|
14.
|
Беҳтар намудани сифати филмбардорӣ
|
Таъмини коргоҳи равшанидиҳӣ бо дастгоҳҳои пуриқтидори равшандиҳанда
|
Таҷҳизоти равшанидиҳӣ
(Aputure LS 300d, 600d, 1200d, Фильтр Tiffen – 03, 06. 09; Arri-1200;
DEDO LIGHT 650W; ARRI Sky Panel)
|
ҳазор сомонӣ
|
968
|
388,0
|
|
580,0
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
24
|
15
|
|
9
|
15.
|
Ворид намудани технологияи нави танзим
|
Ҷорӣ намудани усулҳои нави пешрафтаи танзими филм
|
Таҷҳизоти истеҳсоли кино
(дастгоҳи танзими рақамӣ HP-ZBOX-112; macintosh Core 112)
|
ҳазор сомонӣ
|
817
|
|
817
|
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
4
|
|
4
|
|
16.
|
Мустаҳкам намудани заминаи филмбардорӣ, ворид
намудани дастгоҳҳои навтарини филмбардорӣ
|
Мутобиқ намудани сифати филмбардории ватанӣ ба сатҳи филмбардории кишварҳои
пешрафтаи ҷаҳон
|
Таҷҳизот ва дастгоҳ барои наворбардориибосифати видеоии рақамӣ
(Дастгоҳи наворбардорӣ ARRI ALEX A Mini)
|
ҳазор сомонӣ
|
2717
|
720
|
400
|
1597
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
1
|
1
|
|
|
17.
|
Ворид намудани таҷҳизоти сабти садои муосир
|
Ноил гардидан ба сифати баланди сабти овози зиндаи ҳунармандон ва садои
пасипардагӣ
|
Таҷҳизоти сабти садо
(Recorder Scorpio 12K; EDIRОL S-8; микрофон Sennheiser; MK-461; МK-60$ BOOM)
|
ҳазор сомонӣ
|
400
|
400
|
|
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
10
|
10
|
|
|
18.
|
Муосир ва муносиб гардонидани сатҳи
хизматрасониҳо
|
Муҳайё намудани шароити мусоид ва ҷалб намудани тамошобинон ба намоиши
кино
|
Хариди таҷҳизот барои кинотеатр-ҳои «Зебуниссо»
ва «Орленок» (ш.Душанбе), «Шоҳин»
(н.Восеъ)
(таҷҳизоти
садобардорӣ, проекторҳо,
|
ҳазор сомонӣ
|
2100
|
800
|
800
|
500
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
Маҷмуи таҷҳизот
|
3
|
1
|
1
|
1
|
|
|
|
роҳаткурсӣ,
қандилҳои барқӣ ва пардаҳо)
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
7802
|
2308
|
2817
|
2677
|
|
|
|
5. Дар бахши азнавсозӣ ва
таҷҳизонидани павилионҳо ва кинотеатрҳо
|
19.
|
Беҳтар намудани шароити меҳнат
|
Ба талаботи имрӯза мувофиқ намудани таҷҳизоти ҷойдошта
|
Азнавсозии инфрасохтори мавҷуда (таъмири ҷорӣ)
|
ҳазор сомонӣ
|
1500
|
500
|
500
|
500
|
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»,
вазорату идораҳои
дахлдор
|
Шарикии
давлат ва бахши хусусӣ, дигар манбаъҳое,
ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст
|
адад
|
3
|
1
|
1
|
1
|
20.
|
Ба санъати меъмории замонавӣ мувофиқгар-донии намои берунаи биноҳо ва
иншоот
|
Фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани миқдори кинотеатрҳо
|
Таъмир ва барқарорсозии кинотеатрҳои «Зебуниссо» ва «Орленок» (ш.Душанбе), «Шоҳин»
(н.Восеъ)
|
ҳазор сомонӣ
|
3000
|
1000
|
1000
|
1000
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Буҷети давлатӣ
|
адад
|
3
|
1
|
1
|
1
|
21.
|
Беҳтар намудани ҳолати истифодабарии нақлиёт
|
Истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда
|
Таъмири воситаҳои нақлиёти соҳавӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
240
|
80
|
80
|
80
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм»
|
адад
|
24
|
8
|
8
|
8
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
4740
|
1580
|
1580
|
1580
|
|
|
6.
|
6. Самтҳои дигари соҳа
|
22.
|
Азнавбарқарор-кунии филмҳо
|
|
Нигаҳдории
маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
600
|
200
|
200
|
200
|
Муассисаи
давлатии «Тоҷикфилм», вазорату идораҳои
дахлдор
|
Шарикии
давлат ва
бахши хусусӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст
|
адад
|
120
|
40
|
40
|
40
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
600
|
200
|
200
|
200
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Давраи маблағгузорӣ
|
|
барои
3 сол
|
2023
|
2024
|
2025
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
27071
|
8696
|
9556
|
8819
|
|
|
|
|
|
аз ҷумла:
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Буҷети давлатӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
21000
|
7000
|
7000
|
7000
|
|
|
|
|
|
Шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон манъ накардааст
|
ҳазор сомонӣ
|
2900
|
700
|
1500
|
700
|
|
|
|
|
|
Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии
«Тоҷикфилм»
|
ҳазор сомонӣ
|
3171
|
996
|
1056
|
1119