Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ аз 29 ноябри соли 2022, №565

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №565

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №565

Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ

1. МУҚАРРАРАТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷиро (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) танзим менамояд.

2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ мақоми назоратию машваратӣ мебошад, ки бо мақсади интихоб ва ба кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва коромӯзӣ фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стипендиат) таъсис дода шудааст.

3. Стипендиат ба кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи Дурахшандагон), бурсияҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо фиристода мешавад.

4. Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

5. Вазифаи асосии Комиссияи ҷумҳуриявӣ интихоб ҷиҳати таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристодан, назорати раванди таълим, таҳсил ва бо кор таъмин намудани Стипендиат баъди хатми таҳсил мебошад.

2. ТАРТИБИ КОРИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

6. Фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар шакли ҷаласа тибқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

7. Қарор оид ба баргузории ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ (дар ҳолати ҳузур надоштани ӯ, аз ҷониби муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ) қабул карда мешавад ва ба маълумоти аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ то санаи баргузории ҷаласа расонида мешавад.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 ноября 2022 года, №565

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 ноября 2022 года, №565

Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (далее - Положение) регулирует порядок организации и деятельности Республиканской комиссии по отбору и подготовке специалистов в зарубежных государствах (далее - Республиканская комиссия).

2. Республиканская комиссия является контрольно-консультативной рабочей группой, созданной с целью отбора и направления граждан Республики Таджикистан (далее - Стипендиат) для обучения в учреждения среднего, высшего и послевузовского образования, а также стажировки в зарубежные государства.

3. Стипендиат направляется в зарубежные государства для обучения посредством Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия Дурахшандагон), квот зарубежных государств и организаций.

4. Республиканская комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об образовании", иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, в том числе международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

5. Основной задачей Республиканской комиссии является отбор, направление в зарубежные государства для обучения, контроль учебного процесса и обеспечение Стипендиата местом работы после окончания обучения.

2. ПОРЯДОК ДЕЯТЕЛЬНОСТИ РЕСПУБЛИКАНСКОЙ КОМИССИИ

6. Деятельность Республиканской комиссии осуществляется в форме заседаний в соответствии с рабочим планом, утверждаемым председателем Республиканской комиссии.

7. Решение о проведении заседания принимается председателем Республиканской комиссии (при его отсутствии, заместителем председателя Республиканской комиссии), которое доводится до сведения членов Республиканской комиссии не менее, чем за десять рабочих дней до даты проведения заседания секретарем Республиканской комиссии.

...