Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №563
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №563
тасдиқ шудааст
Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд
1 .МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд (минбаъд - Тартиб), раванди баргардонидани маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ харҷ шудаанд, ба танзим медарорад.
2. Тартиби мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳсил ва коромӯзии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ харҷ шудааст, татбиқ мегардад.
2. МУҲЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАРОИ ТАҲСИЛ ВА КОРОМӯЗИИ ОНҲО МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ХАРҶ ШУДААНД
4. Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рӯйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд.
5. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимиро дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд, уҳдадоранд панҷ сол дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат фиристода мешаванд, фаъолият намоянд.
6. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассиса ва ташкилотҳои дахлдори хориҷӣ коромӯзӣ гузаштаанд, уҳдадоранд пас аз гузаштани коромӯзӣ дар муассиса ва ташкилотҳои давлатие, ки онҳоро барои гузаштани коромӯзӣ пешниҳод намудаанд, тибқи қарордод (шартнома) аз рӯйи ихтисос фаъолият намоянд.
7. Шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ тибқи тақсимоти комиссия ва қарордод (байни донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ) барои идомаи таҳсил роҳхат гирифтаанд, баъди анҷоми таҳсил уҳдадоранд, ки тибқи роҳхат се сол аз рӯйи ихтисос фаъолият намоянд.
8. Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм намудаанд, уҳдадоранд дар асоси роҳхат аз рӯйи ихтисос се сол фаъолият намоянд.
...