Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ аз 2 ноябри соли 2022, № 471

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2022, № 471

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2022, № 471

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ

1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби ба кормандони (хизматчиёни давлатӣ) мақомоти андоз додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва масъалаҳои дигари марбут ба рутбаҳои тахассусиро муайян мекунад.

2. Рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андоз бо дарназардошти ишғоли мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ дода мешаванд.

3. Ба кормандони мақомоти андоз, ки соҳиби рутбаҳои тахассусӣ мебошанд, либоси расмӣ ва аломатҳои тафриқа дода мешаванд, ки намуна ва меъёри додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз якумрӣ дода мешаванд.

5. Кормандони мақомоти андоз дар асоси пешниҳоди ҳукми сафедкунандаи суд бо қарори шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани рутбаи тахассусиро дорад, ба рутбаи тахассусии пештарааш барқарор карда мешаванд.

6. Ба мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатии пасттар гузаронидани корманди мақомоти андоз барои паст кардани рутбаи тахассусии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.

7. Рутбаҳои тахассусии ба корманди мақомоти андоз додашуда дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии хизматчии давлатӣ қайд карда мешаванд. Қайди дахлдор дар фасли "Маълумот дар бораи кор"-и дафтарчаи меҳнатии корманд гузошта мешавад.

2. ТАРТИБИ БА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДОДАН, МАВҚУФ ГУЗОШТАН, НИГОҲ ДОШТАН ВА МАҲРУМ КАРДАН АЗ РУТБАҲОИ ТАХАССУСӢ

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2022 года, №471

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2022 года, №471

Положении о порядке присвоения квалификационных чинов сотрудникам налоговых органов

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о порядке присвоения квалификационных чинов сотрудникам налоговых органов (далее - Положение) определяет порядок присвоения, отсрочки, сохранения и другие вопросы, касающиеся квалификационных чинов сотрудников (государственных служащих) налоговых органов.

2. Квалификационные чины сотрудникам налоговых органов присваиваются с учетом занимаемых государственных политических и административных должностей государственной службы.

3. Сотрудникам налоговых органов, имеющим квалификационные чины, выдается форменная одежда и знаки различия, образцы и нормы выдачи которых утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

4. Квалификационные чины сотрудникам налоговых органов присваиваются пожизненно.

5. Сотрудники налоговых органов на основании представленного оправдательного приговора суда решением должностного лица, имеющего право присваивать квалификационный чин, восстанавливаются в прежнем квалификационном чине.

6. Перевод сотрудника налоговых органов на низшую политическую и административную должности государственной службы не является основанием для понижения ранее присвоенного ему квалификационного чина.

7. Присвоенные сотруднику налоговых органов квалификационные чины вносятся в служебное удостоверение и трудовую книжку государственного служащего. Соответствующая запись производится в разделе "Сведения о работе" трудовой книжки сотрудника.

2. ПОРЯДОК ПРИСВОЕНИЯ, ОТСРОЧКИ, СОХРАНЕНИЯ И ЛИШЕНИЯ КВАЛИФИКАЦИОННЫХ ЧИНОВ СОТРУДНИКАМ НАЛОГОВЫХ ОРГАНОВ

...