Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, №509
тасдиқ шудааст
Тартиби танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.12.2025
№ 701)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ муайян намуда, таҳия ва ташкили иҷрои тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва ҳуқуқиро, ки барои фароҳам овардани шароитҳои ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон аз таъсири зараровари афканишоти ионофар дар шароити муътадили фаъолияти иншоот, инчунин ҳангоми рух додани садамаҳои радиатсионӣ равона шудаанд, дар бар мегирад.
2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
2. Танзим дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ маънои амалӣ кардани маҷмуи тадбирҳо оид ба огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, санҷиши ташкилот ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон, татбиқи чораҳои маҷбурсозӣ, бамеъёрдарории давлатӣ, муқаррар намудан ва такмил додани принсипҳо ва меъёрҳое, ки бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро тавсиф мекунанд, аз ҷумла ҳад ва шартҳои фаъолиятро дорад (№ 701).
3. Барои баррасии дастаҷамъонаи масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ шӯрои байниидоравӣ таъсис дода мешавад, ки низомнома ва ҳайати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мебошад.
3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
5. Агентӣ аз дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо истифодаи манбаъҳои афканишоти ионофар алоқаманд аст, аз ҷиҳати маъмурӣ ва молиявӣ мустақил буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ", "Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва Тартиби мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
6. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалҳои зеринро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба анҷом мерасонад:
- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- таҳияи чорабиниҳо оид ба муҳофизати радиатсионӣ, қабули чораҳо оид ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, ҳамоҳангсозии иҷро ва назорати амалисозии онҳо;
- пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар асоси арзёбии вазъияти радиатсионӣ барои қабули қарор оид ба чораҳое, ки боиси коҳиш додан ё пешгирӣ кардани шуоъхӯрӣ дар ҳолати садамаи радиатсионӣ мегарданд;
- қабули равиши тафриқавӣ нисбат ба амалисозии низоми таъминоти муҳофизат ва бехатарӣ ба тарзе, ки татбиқи талаботи танзимкунанда ба хавфҳои радиатсионии алоқаманд ба вазъияти шуоъхӯрӣ мутобиқат дошта бошанд;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот, дастурамал ва тавсияномаҳо оид ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва бо тартиби муқарраргардида мавриди амал қарор додани онҳо;
- муайян кардани андоза ва ҳудудҳои минтақаҳои назоратшаванда ва минтақаҳои мушоҳидаи иншоотҳое, ки маводи ядроӣ, манбаъҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро истифода мебаранд;
- арзёбии ҳамаи хавфҳои радиатсионӣ дар тӯли ҳамаи даври ҳаётии дастгоҳ, шуруъ аз лоиҳакашӣ то аз истифода баровардани дастгоҳ ё қатъ кардани фаъолият;
- муайян кардани самтҳои афзалиятнок, барномаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва амалисозии онҳо, тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо;
- ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо ва корҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- дар амал татбиқ намудани дастовардаҳои илмию техникӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- муайян кардани талабот оид ба таъмини банақшагирӣ ва омодагии садамавии иҷозатномадорон ва назорати иҷрои онҳо;
- иштирок дар раванди назорати содиротии молҳои таъиноти дуҳадафа, ки ба рӯйхати маводи ядроӣ, таҷҳизот, маводи ғайриядроии махсус мансубанд ва технологияҳои дахлдоре, ки мавриди назорати содиротӣ қарор доранд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шабакаи миллии мониторинги радиатсионӣ ва мубодилаи байналмилалии иттилоот оид ба вазъияти радиатсионӣ;
- иттилоотонии аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар бораи принсип ва меъёрҳои дахлдори таъмини бехатарӣ, ки дар муқаррарот ва дастурҳои танзимӣ муайян карда шудаанд, ҳамчунин таъмини дастрасии онҳо ба ин муқаррарот ва дастурҳои танзимӣ;
- пешниҳоди маълумот ба ҷомеа оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, агар он мавзуи сирри давлатӣ, хидматӣ ё тиҷоратӣ набошад ва тартиб додани ҳисоботи солона оид ба фаъолияти худ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар мавридҳои зарурӣ таъсис додани шуроҳои машваратии мустақил ва ҷалб намудани мутахассисон барои расонидани ёрии экспертӣ;
- амалисозии тавсия ва уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
7. Агентӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия, тағйирот ва бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳҳои ядроӣ ё бастани нуқтаҳои гӯрониши партовҳо дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти аҳолӣ ва (ё) муҳити зист пешниҳод манзур менамояд;
- меъёр ва қоидаҳое, ки талаботро дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба танзим медароранд, таҳия, муқаррар ва татбиқ менамояд;
- додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ менамояд (№ 701);
- санҷиш ва назорати риояи меъёру қоидаҳоро дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ тибки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ менамояд;
- ҳангоми риоя накардани талаботи меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳо оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ меандешад ва дар ҳолатҳои зарурӣ маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод менамояд;
- мониторинги давлатии вазъи радиатсиониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- низоми ягонаи назорати давлатӣ ва баҳисобгирии вояҳои шуоъхӯрии ҳайати кормандон ва аҳолиро таъсис ва таъмин менамояд;
- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳалли вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда талаб менамояд;
- ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният ва бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, масъалаҳои паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва назорати маводи ядроӣ ба роҳ мемонад;
- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳое, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд, таҳия ва тасдиқ менамояд (№ 701);
- талабот ва маҳакҳо (критерияҳо)-и баланд бардоштани тахассуси ҳайати кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд ё дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғуланд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- талабот ва қоидаҳои аттестатсияи ҳайати кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд ё дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғуланд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ санҷиши донишҳои мутахассисоне, ки бо манбаъҳои радиатсионӣ машғуланд ё бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд, мегузаронад;
- шароити зиндагонӣ ва реҷаи махсуси зистро дар ҳудудҳое, ки дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ ба ифлосшавии радиоактивӣ дучор шудаанд, ба тартиб медарорад;
- усулҳои ҳисобкунии марбут ба таъмини бехатарии ядроӣ радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро, ки онҳоро ташкилоти экспертӣ пешниҳод кардааст, мувофиқ менамояд (№ 701);
- тартиби муайян ва муқаррар кардани минтақаи назоратӣ ва минтақаи мушоҳидаро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- тартиби тасдиқи конструксияҳои маҷмуи борпечҳои нақлиётӣ инчунин амали сертификат-иҷозатномаҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатҳои дигар тасдиқ шудаанд, муайян менамояд;
- корҳои илмию тадқиқотиро оид ба бехатарии биологӣ, химиявӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин амнияти ядроии ҷисмӣ, таъмини реҷаи паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва мониторинги озмоишҳои ядроӣ мегузаронад;
- тавсияҳои методиро барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолият доранд, нисбат ба усул ва тарзҳои тасдиқи мутобиқати истифодаи иншооти энергияи атомӣ ба талаботи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва амнияти ядроии ҷисмӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар шудаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- таҳлили ҳолати бехатарии техникӣ ва радиатсионии истеҳсолот ва иншооти аз ҷиҳати радиатсионӣ хавфнокро мегузаронад;
- экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва лоиҳавию техникӣ, рафти сохтмони истеҳсолот ва иншооти аз ҷиҳати радиатсионӣ хавфнок, воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи манбаъҳои афканишоти ионофарро барои мутобиқатӣ ба талаботи бехатарии радиатсионӣ мегузаронад;
- қабули чораҳоро оид ба пешбурд, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯйи ҳуҷҷатҳои зарурии мансуб ба дастгоҳҳо ва фаъолият таъмин менамояд. Ба ин ҳуҷҷатгузорӣ феҳристҳои манбаъҳои пӯшидаю кушода ва ҳосилкунандаҳои афканишот, сабтҳои бақайдгирии дозаҳои шуоъхӯрии касбӣ, сабти бақайдгирии мансуб ба таъминоти бехатарии дастгоҳҳо ва фаъолият, сабтҳои бақайдгирие, ки онҳоро вобаста ба қатъ ва аз кор мондани дастгоҳҳо ё аз истифода гирифтани онҳо талаб кардан мумкин аст, гузоришҳо оид ба ҳодисаҳо, аз ҷумла партофтҳои ғайримуқаррарии маводи радиоактивӣ ба муҳити зист, рӯйхати қайдии партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории истифодашуда дохил мешаванд;
- амали бехатари низоми то гӯрониш ва гӯрониши партовҳо ва безараргардонии онҳоро таъмин намояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, аз ҷумла бо Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) амалӣ менамояд;
- низоми идоракунӣ ва фарҳанги бехатариро ташкил, татбиқ, арзёбӣ ва мунтазам такмил диҳад, то ки он ба ҳадафҳои мақомоти ваколатдор мувофиқат кунад ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мусоидат менамояд;
- фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро оид ба амалисозии Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол, захирасозӣ ва истифодаи силоҳи химиявӣ ва нобудсозии он, Конвенсия оид ба манъи коркард, истеҳсол ва ҷамъ намудани захираҳои силоҳи бактериологӣ (биологӣ), токсинӣ ва нест кардани онҳо (КСБТ) ва Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом ҳамоҳанг менамояд;
- ваколатҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ менамояд.
8. Агентӣ дар доираи фаъолияти танзимӣ санҷиш ва назорати иншоотҳоеро амалӣ менамояд, ки дар фаъолияти худ манбаъҳои ҳосилкунандаи афканишоти ионофар, мавод ва партовҳои радиоактивӣ, инчунин маводи ядроиро истифода мебаранд. Санҷишгарони Агентӣ-нозирони бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Агентӣ (минбаъд - нозирон) мебошанд.
9. Нозир бояд таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба соҳаҳои мансуб ба вазифаҳояш, ба монанди химия, физика, тиб, саноат, муҳофизати ҷисмӣ, паҳн накардани маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар Агентӣ дошта бошад. Нозиронро директори Агентӣ дар асоси натиҷаи гузаштани барномаи тайёркунии нозирон ва тавсияи Комиссияи аттестатсионии Агентӣ таъин мекунад.
10. Нозирони Агентӣ фаъолияти санҷишии худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ амалӣ менамоянд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Тартиби мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, №509
тасдиқ шудааст
Тартиби танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ муайян намуда, таҳия ва ташкили иҷрои тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва ҳуқуқиро, ки барои фароҳам овардани шароитҳои ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон аз таъсири зараровари афканишоти ионофар дар шароити муътадили фаъолияти иншоот, инчунин ҳангоми рух додани садамаҳои радиатсионӣ равона шудаанд, дар бар мегирад.
2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
2. Танзим дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ маънои амалӣ кардани маҷмуи тадбирҳо оид ба огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои дахлдори фаъолият, санҷиши ташкилот ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон, татбиқи чораҳои маҷбурсозӣ, бамеъёрдарории давлатӣ, муқаррар намудан ва такмил додани принсипҳо ва меъёрҳое, ки бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро тавсиф мекунанд, аз ҷумла ҳад ва шартҳои фаъолиятро дорад.
3. Барои баррасии дастаҷамъонаи масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ шӯрои байниидоравӣ таъсис дода мешавад, ки низомнома ва ҳайати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мебошад.
3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
5. Агентӣ аз дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо истифодаи манбаъҳои афканишоти ионофар алоқаманд аст, аз ҷиҳати маъмурӣ ва молиявӣ мустақил буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ", "Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва Тартиби мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
6. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалҳои зеринро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба анҷом мерасонад:
- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- таҳияи чорабиниҳо оид ба муҳофизати радиатсионӣ, қабули чораҳо оид ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, ҳамоҳангсозии иҷро ва назорати амалисозии онҳо;
- пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар асоси арзёбии вазъияти радиатсионӣ барои қабули қарор оид ба чораҳое, ки боиси коҳиш додан ё пешгирӣ кардани шуоъхӯрӣ дар ҳолати садамаи радиатсионӣ мегарданд;
- қабули равиши тафриқавӣ нисбат ба амалисозии низоми таъминоти муҳофизат ва бехатарӣ ба тарзе, ки татбиқи талаботи танзимкунанда ба хавфҳои радиатсионии алоқаманд ба вазъияти шуоъхӯрӣ мутобиқат дошта бошанд;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот, дастурамал ва тавсияномаҳо оид ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва бо тартиби муқарраргардида мавриди амал қарор додани онҳо;
- муайян кардани андоза ва ҳудудҳои минтақаҳои назоратшаванда ва минтақаҳои мушоҳидаи иншоотҳое, ки маводи ядроӣ, манбаъҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро истифода мебаранд;
- арзёбии ҳамаи хавфҳои радиатсионӣ дар тӯли ҳамаи даври ҳаётии дастгоҳ, шуруъ аз лоиҳакашӣ то аз истифода баровардани дастгоҳ ё қатъ кардани фаъолият;
- муайян кардани самтҳои афзалиятнок, барномаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва амалисозии онҳо, тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо;
- ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо ва корҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- дар амал татбиқ намудани дастовардаҳои илмию техникӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- муайян кардани талабот оид ба таъмини банақшагирӣ ва омодагии садамавии иҷозатномадорон ва назорати иҷрои онҳо;
- иштирок дар раванди назорати содиротии молҳои таъиноти дуҳадафа, ки ба рӯйхати маводи ядроӣ, таҷҳизот, маводи ғайриядроии махсус мансубанд ва технологияҳои дахлдоре, ки мавриди назорати содиротӣ қарор доранд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шабакаи миллии мониторинги радиатсионӣ ва мубодилаи байналмилалии иттилоот оид ба вазъияти радиатсионӣ;
- иттилоотонии аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар бораи принсип ва меъёрҳои дахлдори таъмини бехатарӣ, ки дар муқаррарот ва дастурҳои танзимӣ муайян карда шудаанд, ҳамчунин таъмини дастрасии онҳо ба ин муқаррарот ва дастурҳои танзимӣ;
- пешниҳоди маълумот ба ҷомеа оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, агар он мавзуи сирри давлатӣ, хидматӣ ё тиҷоратӣ набошад ва тартиб додани ҳисоботи солона оид ба фаъолияти худ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар мавридҳои зарурӣ таъсис додани шуроҳои машваратии мустақил ва ҷалб намудани мутахассисон барои расонидани ёрии экспертӣ;
- амалисозии тавсия ва уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
7. Агентӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия, тағйирот ва бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳҳои ядроӣ ё бастани нуқтаҳои гӯрониши партовҳо дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти аҳолӣ ва (ё) муҳити зист пешниҳод манзур менамояд;
- меъёр ва қоидаҳое, ки талаботро дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба танзим медароранд, таҳия, муқаррар ва татбиқ менамояд;
- иҷозатномадиҳиро ба намудҳои фаъолият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ менамояд;
- санҷиш ва назорати риояи меъёру қоидаҳоро дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ тибки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ менамояд;
- ҳангоми риоя накардани талаботи меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳо оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ меандешад ва дар ҳолатҳои зарурӣ маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод менамояд;
- мониторинги давлатии вазъи радиатсиониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- низоми ягонаи назорати давлатӣ ва баҳисобгирии вояҳои шуоъхӯрии ҳайати кормандон ва аҳолиро таъсис ва таъмин менамояд;
- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳалли вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда талаб менамояд;
- ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният ва бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, масъалаҳои паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва назорати маводи ядроӣ ба роҳ мемонад;
- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳое, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва амнияти ядроии ҷисмиро анҷом медиҳанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- талабот ва маҳакҳо (критерияҳо)-и баланд бардоштани тахассуси ҳайати кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд ё дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғуланд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- талабот ва қоидаҳои аттестатсияи ҳайати кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд ё дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғуланд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ санҷиши донишҳои мутахассисоне, ки бо манбаъҳои радиатсионӣ машғуланд ё бо манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият менамояд, мегузаронад;
- шароити зиндагонӣ ва реҷаи махсуси зистро дар ҳудудҳое, ки дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ ба ифлосшавии радиоактивӣ дучор шудаанд, ба тартиб медарорад;
- усулҳои ҳисобкунии марбут ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва амнияти ядроии ҷисмиро, ки онҳоро ташкилоти экспертӣ пешниҳод кардааст, мувофиқ менамояд;