Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз 25 октябри соли 2022, № 512

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2022, № 512

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2022, № 512

Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб (минбаъд - Тартиб) раванди таҳия, тасдиқ, эътироф ва ворид намудани тағйиротро ба стандартҳои салоҳияти ҳар як касб муайян менамояд.

2. Тартиби мазкур бо мақсади ташаккули низоми тайёр намудани мутахассисони сатҳҳои гуногун дар асоси салоҳиятнокӣ бо дарназардошти сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо таҳия шудааст.

2. ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚИ СТАНДАРТҲОИ САЛОҲИЯТИ ҲАР ЯК КАСБ

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касбро дар ҳамкорӣ бо корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон таъмин мекунад ва стандартҳои салоҳияти ҳар як касбро тасдиқ менамояд.

4. Таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касб мутобиқи Тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва бо дар назар доштани сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо амалӣ карда мешавад.

5. Маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи номгӯйи касбҳои афзалиятноки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, ки бо дар назар доштани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои соҳавӣ омода шудааст, амалӣ карда мешавад.

6. Маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касби ба номгӯйи касбҳои афзалиятнок вориднашуда аз ҳисоби маблағҳои ташаббускорони таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб амалӣ карда мешавад.

7. Лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб бояд бо намояндагони корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон бо ҷалби иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва ташкилотҳои дигари манфиатдор муҳокима карда шавад.

...

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "25" октября 2022 года, №512

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "25" октября 2022 года, №512

Порядок разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии (далее-Порядок) определяет процесс разработки, утверждения, признания и внесения изменений в стандарты компетентности каждой профессии.

2. Настоящий Порядок разработан с целью формирования системы подготовки специалистов различного уровня на основе компетентности с учетом уровней Национального классификатора квалификаций.

2. РАЗРАБОТКА И УТВЕРЖДЕНИЕ СТАНДАРТОВ КОМПЕТЕНЦИЙ КАЖДОЙ ПРОФЕССИИ

3. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан координирует разработку стандартов компетенций каждой профессии в сотрудничестве с работодателями и их объединениями, соответствующими государственными органами и учреждениями по подготовке специалистов и утверждает стандарты компетенций каждой профессии.

4. Разработка проектов стандартов компетенций каждой профессии осуществляется в соответствии с утверждаемыми Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан Методическими рекомендациями по разработке стандарта компетенции и с учётом уровней Национального классификатора квалификаций.

5. Финансирование разработки проектов стандартов компетенций каждой профессии за счет средств государственного бюджета осуществляется в соответствии с утверждаемым Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан перечнем приоритетных профессий, разработанным с учетом приоритетных направлений развития экономики по согласованию с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан, а также с другими отраслевыми министерствами и ведомствами.

6. Финансирование разработки проектов стандартов компетенций профессий, не вошедших в перечень приоритетных профессий осуществляется за счет средств инициаторов разработки стандартов компетенций.

7. Проект стандартов компетенции каждой профессии подлежит обсуждению с представителями работодателей и их объединениями, соответствующими государственными органами и учреждениями по подготовке специалистов, с привлечением профессиональных союзов (их объединений) и других заинтересованных организаций.

...