×

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022, №483

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, №483

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 83)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд - Стратегия) бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шудааст.

2. Зеҳни сунъӣ падидаи нав буда, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, ворид ва истифода гардидани технологияҳои пешқадаму муосир дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ хеле муҳим мебошад.

3. Бо дарназардошти талаботи муосири бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус рушди муносибатҳои рақамӣ ва маҷозӣ, дар Стратегия ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муайян шудаанд.

4. Дар Стратегия ба гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардониву хизматрасониҳо афзалият дода мешавад.

5. Амалӣ намудани Стратегия барои рушди неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

6. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионии пешрафта мебошад.

7. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, меҳнат, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва хизматрасонӣ зарур арзёбӣ мегардад.

8. Технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меоваранд, ки дар солҳои наздик сохтори иқтисодӣ ва тарзи фаъолияти одамон ба куллӣ иваз гардад. Ин технологияҳо қариб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, бонкдорӣ то самти мудофиа ворид шуда, кори одамонро ба маротиб беҳтар ва осон мегардонанд.

9. Мафҳумҳои асосӣ:

- зеҳни сунъӣ - низом ё таҷҳизоти компютерӣ, ки қодир аст қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд;

- технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ - маҷмуи усулҳо, равандҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои таъминоти барномавӣ, ки бо мақсади ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, паҳн, намоиш ва истифодаи иттилоот ба манфиати корбарон истифода мегарданд;

- технологияи иттилоотӣ - маҷмуи соҳаҳои ба ҳам алоқаманди илмӣ ва донишҳои техникӣ мебошад, ки тавлид, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифз ва интиқоли иттилоотро бо истифода аз технологияҳои компютерӣ меомӯзанд ва дар амал татбиқ мекунанд;

- ҒWOT - таҳлили муҳити дохилӣ ва берунии объекти муайян аз рӯи унсурҳои тарафҳои қавӣ (Ғ-ғtrength), тарафҳои заиф (Wweakneғғ), имкониятҳо (O-opportunity) ва таҳдидҳо (T-threatғ);

- фирори "ақлҳо" - раванди муҳоҷирати оммавӣ мебошад, ки дар он мутахассисон, олимон ва коргарони соҳибихтисос бо мақсади беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва дарёфти музди меҳнати нисбатан баланд кишвари иқомати худро тарк менамоянд. Зеҳни сунъӣ падидаи нав буда, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, ворид ва истифода гардидани технологияҳои пешқадаму муосир дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аҳамият дорад;

- аутсорсинг - як шакли ҳамкориест, ки дар шартнома муайян карда мешавад, вақте ки кормандони як ташкилот (доимӣ ё махсус кироя) дар ташкилоти дигар кор мекунанд ва ба роҳбарони ташкилоти фармоишгар ҳисобот медиҳанд;

- аутстаффинг - ин хориҷ кардани кормандон аз ҳайати ширкат ва ба қайд гирифтани он дар ҳайати ширкати аутстаффинг мебошад. Ин ташкилот ба кормандон тахассуси зарурӣ медиҳад ва барои сифати хизматрасонии кормандон пурра ҷавобгар аст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СОҲА ВА ИМКОНИЯТҲО

§1. Тамоюли истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон

10. Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳо талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо аз технологияҳои зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд.

11. Зеҳни сунъӣ яке аз равандҳои неруманди асри 21 буда, ҷорӣ намудани он ба раванди суръатноки истеҳсол ва тақсимоти мол, кор ва хизматрасониҳо таъсири мусбат мерасонад. Ин технологияҳо ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон ворид шуда, асоси рушдро ташкил медиҳад.

12. Ҷорисозии зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон нақши муҳим дошта, тавассути пешбарии фалсафаи тараққиёти "ҷаҳишӣ" метавонад яке аз қувваҳои пешбарандаи иқтисодиёт гардад ва ҳосилнокию самаранокии меҳнатро бамаротиб зиёд намояд.

13. Тибқи арзёбии коршиносони байналмиллалӣ то соли 2030 маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ 14 фоиз ё 15,7 трлн доллар афзоиш меёбад. Афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд шудани талаботи истеъмолӣ дар натиҷаи мукаммал шудани раванди истеҳсоли молҳо таъмин мегардад.

14. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ояндаи наздик ҷойҳои корие, ки меҳнати заҳматталаби эҷодиро талаб намекунанд, барҳам хӯрда, аз тарафи дигар дар натиҷаи афзоиши ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат, инчунин талабот ба барномасозон ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода мешаванд. Тибқи пешгӯиҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ то охири соли 2022 дар натиҷаи таъсири зеҳни сунъӣ 75 миллион ҷойҳои корӣ барҳам хӯрда, таъсиси 133 миллион ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.

15. Бо дарназардошти муҳиммияти стратегии рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, кишварҳои пешрафта ва рӯ ба инкишоф барои рушди ҳамаҷонибаи ин самт ба воситаи ҷалби сармоягузориҳо, омӯзонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид талош варзида истодаанд.

16. Мутобиқи ҳисоботи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ "Раванди рушди технологӣ: зеҳни сунъӣ" аз соли пайдоиши мафҳуми зеҳни сунъӣ (соли 1956) то соли 2019 ихтироъкорон ва олимон 340 ҳазор дархост барои гирифтани патент пешниҳод намуда, 1,6 млн корҳои илмиро дар ин самт ба нашр расониданд. Суръати патенткунонии ихтироотҳо дар соҳа баланд арзёбӣ гардида, аз нисф зиёди ихтироотҳо баъди соли 2013 нашр гардиданд.

17. Шумораи дархостҳо барои гирифтани патент барои ихтироот ҳамасола афзоиш ёфта, дар самти зеҳни сунъӣ аз 9 адади соли 1956 то ба 55,7 ҳазор дар соли 2017 зиёд гардидааст.

18. Аз ҳама бештар зеҳни сунъӣ дар самти мошинҳои ҳисоббарор ё технологияҳои компютерӣ дар ҷаҳон рушд карда, ба ин самт аз се як қисми ихтироот (134777 адад) рост меояд. Шумораи дархостҳои пешниҳодшуда барои бақайдгирии патент дар ин соҳа дар як сол ба ҳисоби миёна 28 фоиз афзоиш ёфта, аз 9 567 адади соли 2013 то 20 195 адад дар соли 2016 расидааст.

19. Пешравии назаррас дар самти технологияҳои компютерӣ ба омӯзиши амиқ ва истифодаи торҳои нейронӣ рост омада, шумораи кашфиётҳо дар ин ҷода дар давоми солҳои 2013-2016 175 фоиз зиёд гардида, танҳо соли 2016-ум 2399 дархост пешниҳод шудааст.

20. Дар самти таҳия ва амалишавии барномаҳои функсионалии зеҳни сунъӣ таҷҳизоти зеҳни компютерӣ бештар истифода шуда, дар 49 фоизи ихтироотҳои патентшуда (167038 ҳуҷҷати патентӣ) қайд гардидааст.

21. Патентҳо ба ихтироъ дар самти зеҳни сунъӣ дар зиёда аз 20 соҳаи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла ба соҳаи алоқа (15 фоиз), соҳаи нақлиёт (15 фоиз), илм ва тандурустӣ (12 фоиз), воситаҳои шахсӣ, техникаи компютерӣ ва одам-мошин (11 фоиз)-и патентҳо рост омада, фоизи кам дар низоми бонкӣ, низоми бехатарӣ, саноат, кишоварзӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ, шаҳри бехатар ва ғайра ба назар мерасанд.

22. Шумораи аз ҳама зиёди дархостҳои патентӣ ба ихтироъ дар самти зеҳни сунъӣ ба ширкати IBM (8290 ихтироот), Microғoft (5930 ихтироот), Toғhiba (5223 ихтироот), Ғamғung (5102 ихтироот), ва NEC (4406 ихтироот) рост меояд.

23. Коршиносони иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд, ки аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ кишварҳои пешрафта нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имкони гирифтани даромади иқтисодии зиёдтарро доранд. Кишварҳои пешрафта аз ин ҳисоб метавонанд 20-25 фоиз фоидаи иловагии иқтисодӣ ба даст оранд, аммо ин нишондиҳанда барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз 5 то 15 фоизро ташкил медиҳад.

24. Қобили қайд аст, ки зарурати таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ барои кишварҳои пешрафта бо дарназардошти коҳишёбии рушди иқтисодии онҳо аз сабаби пиршавии аҳолӣ аҳаммияти бештар дорад, зеро ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳосилнокии меҳнатро ба таври назаррас баланд бардошта, норасоии қувваи кории қобили меҳнатро бартараф менамояд.

25. Бо дарназардошти таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, кишварҳои ҷаҳон ба рушди соҳаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Аллакай 62 кишвари ҷаҳон стратегияи миллии зеҳни сунъиро қабул ва татбиқ намуда истодаанд.

26. Дар ояндаи дарозмуҳлат Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад. Барои амалӣ гардидани ин мақсад андешидани чораҳои стратегӣ дар самти ташкили шароити мусоиди соҳавӣ ва омодаву ҳавасманд намудани мутахассисони ҷавон муҳим мебошад.

§2. Арзёбии вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

27. Барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм ва ихтироот бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, аз қабили технологияҳои зеҳни сунъӣ, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

28. Бо дарназардошти он ки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда истодаанд, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оянда имконият медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ ва яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ дар кишвар гардад.

29. Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.

30. Таҷрибаи истифодаи амалии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар кишвар бинобар сабаби дар марҳилаи нави ташаккулёбӣ қарор доштани ин самт хеле маҳдуд мебошад. Заминаи (муҳити) ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва кадрӣ ба таври зарурӣ ташаккул наёфтааст. Вале дар ояндаи дарозмуҳлат имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани захираҳои инсонӣ дар соҳаҳои илм, техника, муҳандисӣ ва риёзиёт барои фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои технологӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ хеле зиёд мебошанд.

31. Барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ ва истифодаи онҳо асосан интернети баландсуръат, компютерҳои дорои протсессорҳои нисбатан пуриқтидор, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, рушди воситаҳои интиқоли иттилооти илмию техникӣ, мавҷудияти махзани маълумоти муътамад, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, махсусан илмҳои техникию барномасозӣ муҳим аст.

32. Ҳамасола аз буҷети давлатӣ маблағҳои муайян барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷудо карда мешаванд. Соли 2020 барои иҷро корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷорӣ намудани онҳо 82 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст.

33. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 83).

34. Бо мақсади таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуданд.

35. Ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ҳар сол доир намудани озмуни "Илм-фурӯғи маърифат" мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 ба рушди тафаккури техникӣ мусоидат менамояд.

36. Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта, инчунин мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад.

37. Дар шароити кунунӣ рушди фаъолияти инноватсионӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ шарти асосии рақобатпазирии иқтисодӣ ба шумор меравад.

38. Имрӯзҳо дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалишавии технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла технологияҳои зеҳни сунъӣ бараъло мушоҳида мегардад. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва нақлиёт, пешниҳоди қарзҳои хурд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, таъсиси корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии раванди таълим, баҳодиҳии автоматии қарзгиранда оид ба қобили пардохт будани он ва пешниҳоди қарзҳои хурд, пешбинии ҳолатҳои камшавии мизоҷон, шинохти матн ва таснифоти ҳуҷҷатгузорӣ заминаҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд.

39. То соли 2022 ба воситаи таъминоти барномавии баҳогузорӣ (ҒCORING), ки дар асоси технологияи зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд, зиёда аз 50 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ба мизоҷони 16 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки аз ин қарзҳои мушкилситон ҳамагӣ 0,3 фоизро ташкил медиҳад.

40. Таъминоти барномавии "Скоринг" дар асоси омӯзиши 1 млн қарзҳое, ки дар давоми 10 соли охир пешниҳод шудаанд, таҳия гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии барномаи мазкур дар низоми бонкӣ ҳаҷми қарзҳои мушкилситонро 19 фоиз кам намуда, ба рушди пешниҳоди қарзҳои хурд ва афзоиши даромад аз онҳо мусоидат менамояд.

41. Нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ дар моҳи ноябри соли 2019 бо дастгирии грантии Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ба кор даромад. Таҳияи таъминоти барномавӣ дар озмоишгоҳи мазкур ва ҷорӣ намудани он, муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар самти зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ворид намуда, бо ин восита Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақавии худ бартарии нисбии рақобатӣ пайдо кард.

42. То имрӯз дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ зиёда аз 100 мутахассис омода гардида, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дар 1 муассисаи таҳсилоти олии кишвар аз рӯи ихтисоси зеҳни сунъӣ кадрҳо омода карда шуда, аз соли хониши 2022-2023 чор муассисаи таҳсилоти олии дигари кишвар ба омӯзиши ин ихтисос фаро гирифта хоҳанд шуд.

43. Моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми зеҳни сунъӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин беш аз 100 нафар намояндагони ҷамоаи тадқиқотӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва ширкатҳои технологии ҷаҳонӣ баргузор гардид.

44. Рушди соҳаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва истифодаи амалии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ ва дар ин замина таъсиси инфрасохтори соҳавӣ, бахусус паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ сарчашма мегирад. Танзим ва назорати ин соҳа дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монда шудааст.

§3. Таҳлил ва ташаккули заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалӣ дар самти зеҳни сунъӣ

45. Бо дарназардошти барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нав будани самти зеҳни сунъӣ, ташаккули заминаи қонунгузории он муҳим арзёбӣ мегардад.

46. Воситаи асосии сиёсати давлатӣ дар самти истифода ва ҳифзи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти зеҳни сунъиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда, ки ба муқаррароти қонуну кодексҳои миллӣ ва соҳавӣ асос ёфтаанд, ташкил медиҳад.

47. Дар навбати аввал тадбирҳо дар самти таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин зарур аст:

- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зеҳни сунъӣ", ки асосҳои танзими давлатии ин соҳаро муайян менамояд;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва кодексҳо вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқии зеҳни сунъӣ ва муносибатҳо марбут ба он;

- таҳияи қоидаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, муайян намудани механизмҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, механизмҳои истифодаи манбаъҳои иттилоот, ҳалли баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқии он ва ҷанбаҳои дигар;

- ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат намудани стандартҳои миллӣ ва механизми бастани шартномаҳои байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ;

- таҳияи қоида ва стандартҳои миллии баҳогузории арзиши объекти зеҳни сунъӣ барои тиҷоратикунонӣ ва идоракунӣ;

- таҳияи механизмҳои самараноки баҳисобгирӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот.

48. Заминаи институтсионалии соҳа аз ташкили инфрасохтори мусоид дар самти зеҳни сунъӣ, ҳамоҳангсозии маҷмӯи унсурҳо ва муносибатҳо барои таъмину дастгирии фаъолияти муносиби низом, баррасии саривақтии масъалаҳои мавҷуда, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва амалигардонии онҳо иборат мебошад.

49. Ташкили шароити мусоиди инфрасохторӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти зеҳни сунъӣ ба воситаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа ба роҳ монда мешавад.

50. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ягонаи ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаи зеҳни сунъӣ то ҳол муайян нашудааст.

51. Дар самти таҳкими заминаи институтсионалӣ вазифаҳои зерин бояд иҷро шаванд:

- таъсиси Шӯро оид ба зеҳни сунъӣ ва тасдиқи ҳайати он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар сохтори вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис додани сохтор ё воҳиди махсус дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда дар самти рақамикунонӣ;

- ҳалли масъалаҳои норасоии кадрҳо;

- тақвият ва суръат бахшидани раванди ҳамроҳшавӣ ба конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ.

3. БИНИШ, ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ

§1. Биниши дарозмуҳлати зеҳни сунъӣ

52. Амалишавии ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои Стратегия дар соли 2040 ба рушди устувори кишвар мусоидат намуда, дар ин замина сатҳи зиндагии шоистаи аҳолии Тоҷикистон таъмин мегардад.

53. Тоҷикистон бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ ба амалишаваии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва дигар афзалиятҳои миллӣ ноил гардида, дар ин асно ба қатори кишварҳои пешқадам ворид мегардад.

54. Дар оянда тиҷоратикунонии зеҳни сунъӣ рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда, аз ҷумла ҳаҷми содироти молу хизматрасонӣ, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва сарчашмаи даромади пулии аҳолиро низ афзоиш медиҳад.

55. Самтҳои афзалиятноки Стратегия аз ҳадафу афзалиятҳои кишвар, ки дар доираи стратегия ва барномаҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ инъикос гардидаанд, бармеоянд:

- ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо;

- ҳушмандсозии шаҳрҳо (Ғmart city) ва идоракунии ҳушманд;

- рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

- саноатикунонии босуръати кишвар ва рақамикунонии бахши воқеии иқтисодиёт.

§2. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Стратегия

56. Ҳадафи асосии Стратегия дар давраи амалишавӣ то 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

57. Ҳадафи Стратегия таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди неруи зеҳнии кишвар тавассути истифода аз низоми зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад.

58. Дар ин раванд ба таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши ҳаҷму сифати мол, кор ва хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ таъмини сифати баланди рушди иқтисодӣ афзалият дода мешавад.

59. Ҳадафгирии истифодаи зеҳни сунъӣ ба сифати баланди истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонад, ки ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:

- додани афзалият ба маҳсулоти зеҳние, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сарфаҷӯӣ равона шудааст;

- такмили мунтазами маҳсулоти зеҳни сунъӣ бо мақсади осон намудани тарзи истифодаи он аз ҷониби тарафҳои ҳавасманд;

- алоқамандии маҳсулоти гуногуни зеҳни сунъӣ дар доираи як платформа ё заминаи барномавӣ бо мақсади мувофиқатӣ ва мутобиқатӣ дар соҳаҳои гуногун;

- зеҳни сунъӣ бояд ба рушд ва ҳифзи инсон нигаронида шуда, дар истифода сода, оммафаҳм ва манфиатовар бошад;

- таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсон, амнияти давлату соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчун афзалият дар истифодаи зеҳни сунъӣ эътироф гардад.

60. Барои расидан ба ҳадафи асосии Стратегия вазифаҳои зерин муайян гардидаанд:

- ташаккули заминаи ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани роҳҳои истифодабарии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар;

- омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- мусоидат намудан ба амалишавии Стратегия тавассути ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, илм ва ҷомеа;

- баланд бардоштани маърифати истифодабарии зеҳни сунъӣ;

- беҳтар намудани сифати хизматрасонии телекоммуникатсионӣ;

- ташкили махзанҳои маълумотии муътамад;

- таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун дар асоси принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва содагардонӣ;

- ҳушмандсозии раванди идоракунии давлатӣ, раванди хизматрасонӣ ва назорат дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷорисозии пурраи ҳукумати электронӣ дар сохторҳои давлатӣ;

- истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар раванди истеҳсолоти саноатӣ, кишоварзӣ ва инфрасохторҳои гуногун;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мушшаххас намудани истилоҳоти зеҳни сунъӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи механизми ҳамоҳангсозии Стратегия ва лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ ба стратегия ва барномаҳои соҳавии рушд;

- фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои дастрасӣ ба маълумоте, ки мақомоти давлатӣ ҷамъоварӣ мекунанд;

- фароҳам сохтани шароити мусоид барои ширкатҳое, ки дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ менамоянд;

- муқаррар намудани чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ.

§3. Имкониятҳо ва таҳдидҳо (таҳлили ҒWOT)

61. Таҳлили ҒWOT-и иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ натиҷаҳои зеринро нишон медиҳад:

1) тарафҳои қавии амалишавии зеҳни сунъӣ:

- тақрибан аз се ду ҳиссаи синни аҳолии Тоҷикистон то 30-сола мебошад, ки барои омода намудани мутахассисон омили мусоидаткунанда мебошад;

- азхудкунии донишҳои компютерӣ, истифодаи барномаҳои компютерӣ ва иттилоотӣ ва майли насли наврас барои такмили донишҳо дар ин самт, аз ҷумла дар самти зеҳни сунъӣ;

- мавҷуд будани пойгоҳи заминавии инфрасохторӣ барои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ;

- мавҷудияти барномаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои марбут ба барномасозӣ, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва дигар дар муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазгардонидашуда;

2) тарафҳои заифи истифодабарии зеҳни сунъӣ:

- тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишвар ва фирори "ақлҳо";

- музди меҳнати нисбатан пасти кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои давлатӣ;

- кам будани озмоишгоҳҳо ва омӯзгорони ихтисоси зеҳни сунъӣ;

- сатҳи пасти тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва моликияти зеҳнӣ;

- кифоя набудани маблағгузории соҳа ва омоданамоии кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ;

- номукаммалии танзими ҳуқуқии муносибатҳо оид ба моликияти зеҳнӣ;

3) имкониятҳо дар самти рушди зеҳни сунъӣ:

- ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ барои ҳамкорӣ дар ин самт;

- мавҷудияти бозорҳои фурӯши маҳсулоти зеҳнӣ ва имконияти тиҷоратикунонии он;

- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, хизматрасонии маишӣ, савдо, нақлиёт ва соҳаҳои дигар;

- амалишавии якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти шаҳри ҳушманд, низоми биллингӣ ва ғайра;

- ташкили равзанаҳо, платформаҳо ва низомҳо ҷиҳати маъмурикунонӣ, бақайдгирӣ, хизматрасонӣ ва пардохтҳои электронӣ;

4) таҳдидҳо ва хавфҳои мавҷуда дар самти амалишавии зеҳни сунъӣ:

- фирори "ақлҳо" ва норасогии мутахассисон;

- рақобати шадиди минтақавӣ ва байналмилалӣ;

- касодии сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳо ва стартапҳо дар самти зеҳни сунъӣ;

- дастрасии васеъ надоштан ба интернет ва гаронии он барои истифодабарандагон;

- дастгирии нисбатан нокифояи рушди соҳа.

§4 Давраҳои амалисозии Стратегия

62. Стратегия барои 18 соли оянда таҳия шуда, дар 6 марҳила бо қабули нақшаи амал, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ карда мешавад.

63. Дар солҳои амалигардии марҳилаҳои якум ва дуюми Стратегия заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва инфрасохторӣ ташаккул ёфта, инчунин мутахассисони зарурӣ омода карда мешаванд.

64. Дар марҳилаҳои сеюм ва чоруми Стратегия воридоти технологияҳо ва истифодаи васеи унсурҳои зеҳни сунъӣ ба рушди соҳаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, маориф, тандурустӣ, саноат ва технологияҳои нав, молиявию бонкӣ, шаҳрҳои бехатар ва ҳушманд, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар самтҳо мусоидат менамояд.

65. Зеҳни сунъӣ дар марҳилаҳои панҷум ва шашуми амалишавии Стратегия барои бе истифодаи неруи инсонӣ ба роҳ мондани идоракунии техника ва технологияҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намуда, дар ин замина суръати истеҳсолот, бехатарӣ ва истифодаи мақсадноки захираҳо таъмин мегардад.

4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШД ВА ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

§1. Зеҳни сунъӣ дар ҳушмандсозии минтақаҳо ва аҳолии онҳо

66. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои ҳушмандсозии шаҳрҳо ва аҳолии онҳо қадамҳои нахустин гузошта шуда истодаанд. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барномаҳои шаҳри бехатар, низоми билингӣ ва камераҳои назоратӣ амалӣ карда шудаанд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани рукнҳои асосии зеҳни сунъӣ бо мақсади ҳушмандсозии шаҳрҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

67. Барномаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Душанбе риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро тариқи камераҳо пайгирӣ менамояд ва ба қайд мегирад. Шумораи чунин камераҳо дар шаҳри Душанбе 600 адад ва фарогирии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ бо чунин камераҳо 30-35 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин дар шаҳри Душанбе 855 адад камераи назоратӣ барои пайгириву муайян намудани ҳаракати шахсон пайваст карда шудааст, ки метавонад дар ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мусоидат кунад.

68. Низоми биллингӣ аз соли 2017 дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва айни замон як қисми шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ бо чунин низом пайваст шуда истодаанд, ки аз пайдоиши имконоти ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ шаҳодат медиҳад. То ҳол 97000 ҳисобкунакҳои зеҳнии электронӣ дар шаҳри Хуҷанд ва 170416 адад ҳисобкунакҳои зеҳнии электронӣ дар шаҳри Душанбе пайваст карда шудаанд.

69. Айни замон лоиҳаи "Кам намудани талафоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе" ба маблағи 34,5 млн доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳа насби 125 ҳазор ҳисобкунакҳои "ҳушманд", низоми муосири ҳисоби неруи барқ ва дигар корҳои марбут ба кам намудани талафоти неруи барқ ба нақша гирифта шудааст.

70. Ҳамзамон низоми пардохтҳои электронӣ дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳо, ҳисоби масрафи неруи барқ, маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Expreғғ Client, Ғmart billing) ба роҳ монда мешавад. Дар асоси усулҳои муосири дар соҳа ҷоригардида дар соли 2021 ба муштариён 14,2 млн адад паёмак оид ба маълумоти нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи неруи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохт ва бақияи он ирсол гардида, дар натиҷа дар қиёс ба солҳои қаблӣ сатҳи шаффофият дар ҳисобу китоби истифодаи неруи барқ беҳтар шудааст ва ин раванд дар самти пешбурди зеҳни сунъӣ саҳми назаррасе хоҳад гузошт.

71. Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд" бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанбе якчанд лоиҳаҳои ҳушмандро ба роҳ мондааст.

72. Низоми ҳукумати электронӣ байни дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва зиёда аз 32 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардид.

73. Барномаи электронии "eTib" дар соҳаи тандурустӣ махсус барои табибон ва беморон буда, дар доираи лоиҳа хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла корти электронии бемор, истифодаи системаи ёдоварӣ, дорухати электронӣ, ҳисоботи оморӣ, кафолати электронӣ, системаи сабти фосилавӣ барои қабули бемор ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Амалишавии барномаи мазкур дар 14 дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.

74. Мушкилоти соҳа:

- набудани камераҳои мушоҳидавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- норасоии мутахассисон, яъне захираҳои инсонӣ дар самти ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ;

- донишу маърифати нисбатан пасти аҳолӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва ҳушмандсозии манзилҳо ва шаҳраку деҳот;

- суръати паст ва дастрасии маҳдуди Интернет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- набудани мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ: таҳлилгарони рақамҳо, муҳандисони омӯзиши мошинӣ, маъмурони манбаи рақамҳо, операторони омӯзиши мошинӣ, муҳандисони рақамҳои калон ва ғайра.

75. Ҳадафҳои соҳа:

- таъмини шароити мусоид барои аҳолӣ тариқи ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳушмандсозии шаҳрҳо.

76. Вазифаҳои асосии соҳа:

- пурра таъмин намудани шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар бо низоми биллингӣ;

- тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва маърифати аҳолии шаҳрҳо дар бораи зеҳни сунъӣ ва дар ин замина рушди тафаккури инноватсионӣ ва эҷодӣ;

- ҷорӣ намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар камераҳои назоратӣ ва низоми "Шаҳри бехатар";

- таъсиси паркҳои инноватсионию технологӣ;

- таҳкими тиҷорати рақамӣ ва идоракунии электронӣ;

- ҷорисозии унсурҳои имзои электронии рақамӣ;

- ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағгузории давлатӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ;

- пешниҳоди имтиёзҳои бештари андозӣ ва гумрукӣ ба паркҳои инноватсионию технологии ширкатҳо;

- омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самтҳои зикргардида.

77. Тадбирҳои асосии рушди соҳа:

- амалисозии лоиҳаҳо оид ба ворид намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар хизматрасонии коммуналӣ ва дигар соҳаҳо;

- таъмини шабакаи боэтимод ва интернети баландсуръат;

- қабули ҳарчи зудтари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти паркҳои инноватсионию технологӣ, зеҳни сунъӣ ва мукаммалсозии қонунгузорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ;

- тайёр намудани кадрҳои рақобатпазир дар соҳаи зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумоти калон (Big Data Analyғiғ), зеҳни тиҷоратӣ ва таҳлили маълумот (Buғineғғ Intelligence and Data Analyticғ);

- тайёр кардани барномаҳои махсуси омӯзишӣ оид ба омода намудани мутахассисони махсуси зеҳни сунъӣ дар ҳушмандсозии шаҳрҳо;

- таҳия ва ҷорӣ барномаҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиши мошинӣ, таҳлили маълумот ва инжиниринг, барномарезӣ ва идоракунии таҳия ва ҷорӣ намудани таъминоти барномавӣ;

- муайян кардани механизми ҳуқуқии истифодабарии зеҳни сунъӣ тариқи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ;

- амалисозии лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ тариқи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ;

- ба воситаи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил намудани фондҳои венчурӣ барои маблағгузории корҳои таҳқиқоти техноголии самти зеҳни сунъӣ ва лоиҳаҳои стартапи ояндадор дар ин самт.

78. Натиҷаҳои чашмдошти соҳа:

- фаҳмиши ҷомеа ва маърифати аҳолии шаҳрҳо дар бораи зеҳни сунъӣ ҳамчун омили асосии ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегия баланд бардошта хоҳад шуд;

- зиёда аз 40 барномаҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиши мошинӣ, таҳлил маълумот ва инжиниринг, барномарезӣ ва идоракунии таҳияву ҷорӣ намудани таъминоти барномавӣ таҳия гардида, бомуваффақият татбиқ мешаванд;

- низоми биллингӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигар кишвар пурра ҷорӣ карда хоҳад шуд;

- шумораи камераҳои назоратӣ меафзояд ва дар он унсурҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда мешаванд.

§2. Зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ

79. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мавҷуданд, ки аз тарафи бахши хусусӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ин озмоишгоҳҳо бо омӯзиш ва таҳияи алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои молия ва телекоммуникатсия ва соҳаҳои дигари иқтисодиёт машғуланд.

80. Озмоишгоҳҳо бо истифода аз чунин технологияҳо, ба монанди омӯзиши мошинӣ ва амиқ, пешгӯии компютерӣ ва коркарди маълумоти шифоҳӣ дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ тадқиқоти васеъ мегузаронанд.

81. Рақамикунонӣ дар низоми маориф, омодакунии кадрҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад, дар оянда метавонад барои ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ кумак расонад.

82. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Донишкадаи менеҷмент ва технологияи инноватсионии шаҳри Кӯлоб шуъба ва лабораторияҳо вобаста ба самти зеҳни сунъӣ фаъолият доранд, ҳамзамон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси зеҳни сунъӣ ба роҳ монда шудааст.

83. Барномаи электронии дар соҳаи маориф "eDoniғh" хизматрасонии электроние мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву комуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои мобилӣ ба таври доимӣ бохабар мешаванд. Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад. Инчунин тавассути барнома волидон метавонанд аз вазифаҳои хонагии фарзандонашон аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва маълумоти дигар зарурӣ, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ бо паёмак ба телефон дастрас мегардад, огоҳӣ пайдо кунанд.

84. Айни ҳол барнома дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе пурра роҳандозӣ гардидааст. Даромаду баромади хонандагон тавассути камераҳои ҳушманд назорат карда мешаванд. Дар соли 2022 барнома боз 50 муассисаи дигари таҳсилотиро фаро мегирад.

85. Мушкилоти соҳа:

- норасоии адабиёти таълимӣ дар самти зеҳни сунъӣ бо забони давлатӣ;

- сатҳи пасти заминаи техникию технологии муассисаҳои таҳсилотӣ;

- норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар самти зеҳни сунъӣ;

- кифоя набудани барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо;

- пурра пайваст набудани муассисаҳои таҳсилотӣ ба интернет;

- дар марҳилаи заминавӣ қарор доштани пешбурди соҳаи зеҳни сунъӣ;

- сатҳи пасти истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ, ки метавонад барои сари вақт ҷорӣ намудани (унсурҳои) зеҳни сунъӣ монеа шавад.

86. Ҳадафҳои соҳа:

- таъмини шароити мусоиди таълим барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳкими неруи зеҳнӣ дар кишвар;

- омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар самти зеҳни сунъӣ.

87. Вазифаҳои асосии соҳа:

- ҷорӣ намудани барномаи идораи раванди таълими зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳисолти миёнаи умумӣ, коллеҷу литсей, донишкадаву донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилотии дигар;

- рушди малака ва истеъдод дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи омӯзиши мошинӣ, таҳлил маълумот ва инжиниринг, барномарезӣ ва идоракунии таҳия ва амалисозиии таъминоти барномавӣ;

- омода намудани омӯзгорон дар самти зеҳни сунъӣ барои муассисаҳои таҳсилотӣ;

- таъмин намудани муассисаҳои таҳсилотӣ бо технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ;

- омода намудани мутахассисони баландихтисоси зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳлилгарони маълумот ва муҳандисони омӯзиши мошинҳо дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар;

- тайёр намудани мутахассисон ва қувваи кории рақобатпазир дар сатҳи минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- ташкили махфилҳои зеҳни сунъӣ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои кишвар;

- дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тайёр кардани олимони ҷавони зеҳни сунъӣ аз руйи зинаҳои магистратура ва аспирантура дар муассисаҳои таълимии кишварҳои пешқадам.

88. Тадбирҳои асосии рушди соҳа:

- таъсиси кафедра ва факултетҳои зеҳни сунъӣ ҳадди ақал дар 7 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026;

- ҷорӣ намудани фанни "Асосҳои зеҳни сунъӣ" дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

- тайёр кардани мутахассисони зеҳни сунъӣ барои ширкатҳои дохили кишвар ва ширкатҳои ҷаҳонӣ дар шакли аутсорсинг ва аутстаффинг;

- таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ба воситаи васоити ахбори омма;

- гузаронидани курсҳои омӯзишӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар;

- ҳалли масъалаи дастрасии пурраи муассисаҳои таҳсилоти тамоми зинаҳои таҳсилот ба компютер ва интернети баландсуръат;

- муайян намудани меъёри истифодабарии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар кишвар;

- таъсиси портали ҷумҳуриявии "Маълумоти кушод" барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

- баланд бардоштани сатҳи огоҳонии ҷомеа дар бораи зеҳни сунъӣ ҳамчун омили асосии ноил шудан ба ҳадафҳои зеҳни сунъӣ;

- ҷорӣ намудани модули зеҳни сунъӣ дар доираи дарси "Технологияҳои иттилоотӣ" дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- огоҳонии шаҳрвандон ва ташкилотҳо аз бартариятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ;

- бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ таъсис додани лабораторияҳои зеҳни сунъӣ дар минтақаҳои сераҳолии кишвар бо мақсади омӯзиш ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ;

- дар нақшаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва таснифоти ихтисосҳо ба инобат гирифтани тайёр кардани мутахассисони соҳа.

89. Натиҷаҳои чашмдошти соҳа:

- дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 кафедра ва факултетҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода мешаванд;

- 5 ҳазор нафар мутахассисони баландихтисоси зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳлилгарони маълумот ва муҳандисони омӯзиши мошинҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои таълимии кишвар то соли 2040 тайёр карда хоҳанд шуд;

- то соли 2026 дар ҷумҳурӣ се озмоишгоҳи пурраи зеҳни сунъӣ бо таҳияи таъминоти барномавии зеҳни сунъӣ асосёфта фаъолият хоҳад кард;

- барномаи таълимии касбии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ то охири соли таҳсили 2022-2023 таҳия карда мешавад;

- таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ тавассути ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии тобистона дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусусӣ, озмоишгоҳҳо ва ташкилотҳои дигар дар доираи таҳсили бакалаврӣ аз соли аввали таҳсил оғоз карда мешавад;

- дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ махфилҳои таҷрибавии (пилотии) зеҳни сунъӣ таъсис дода мешаванд;

- гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи васоити ахбори омма амалӣ мешаванд;

- дар сатҳи оммавӣ олимпиадаҳо ва озмунҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ баргузор мегарданд.

§3. Зеҳни сунъӣ дар татбиқи ҳукумати электронӣ

90. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ барои соли 2012-2020 таҳия гардид.

91. Дар заминаи консепсияи мазкур бо мақсади рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" қабул гардид.

92. Айни замон шабакаи ягонаи давлатии байни мақомоти идоракунӣ таъсис ёфта, ба он 48 мақомот пайваст гардидаанд.

93. Мушкилоти соҳа:

- ба таври кофӣ истифода нашудани иқтидори мавҷудаи ҳукумати электронӣ;

- рушди нисбатан пасти инфрасохтор барои хизматрасониҳои давлатӣ;

- норасогии кадрҳои баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- мавҷуд набудани низоми ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- сатҳи нокифояи огоҳонӣ дар бораи истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ.

94. Ҳадафи асосии соҳа:

- такмили сиёсати давлатӣ дар самти табодули рақамӣ ва вусъат бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ;

- баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва самаранокии танзими соҳа;

- такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ дар низоми идоракунии давлатӣ.

95. Вазифаҳои асосии соҳа:

- фароҳам сохтани шароити мусоид барои хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- омода намудани инфрасохтори муносиб барои хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ҳангоми коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумот дар низоми хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби кадрҳои баландихтисоси соҳаи технологияи информатсионӣ ба хизмати давлатӣ;

- таъсиси заминаи ягонаи давлатӣ оид ба хизматрасониҳои электронӣ ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба онҳо;

- ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ба воситаи васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии давлатӣ;

- мукаммал гардонидани низоми мониторинг ва арзёбӣ дар идоракунии давлатӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ.

96. Тадбирҳои асосии рушди соҳа:

- таъмини низоми мутамаркази хизматрасониҳои электронии давлатӣ бо унсурҳои зеҳни сунъӣ;

- муҷаҳазгардонии пурраи сохторҳои давлатӣ бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии пуриқтидор барои хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- такмили ихтисоси ҳамаи хизматчиёни давлатии самти технологияҳоии иттилоотӣ;

- фарогирии бештари мутахассисони ҷавон дар рушди хизматрасониҳои электронии давлатӣ дар асоси таҷрибаи ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар кишварҳои хориҷӣ;

- ташкил ва ҷорӣ намудани портали ҷумҳуриявии "Маълумоти кушод" барои фароҳам сохтани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хизматрасониҳои электронии давлатӣ;

- ташкили маркази ягонаи мониторинг ва арзёбии амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ;

- муайян намудани нишондиҳандаҳои омории муҳим барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

- таъмини дастрасӣ ва ҷамъоаварии маълумоти оморӣ дар ҳар як сохтори соҳа;

- муайян намудани мақоми ҳамоҳангсоз дар самти ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва ташкили шароити мусоид барои ин раванд.

97. Натиҷаҳои чашмдошти соҳа:

- низоми мутамаркази хизматрасониҳои электронии давлатӣ бо истифодаи унсурҳои зеҳни сунъӣ ташкил хоҳад шуд;

- сохторҳои давлатӣ бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии пуриқтидор барои хизматрасониҳои электронии давлатӣ таъмин карда мешаванд;

- ҳамаи хизматчиёни давлатии дар самти технологияҳои ииттилоотӣ фаъолиятдошта аз бозомӯзӣ мегузаранд;

- мутахассисони ҷавон дар самти таҳияи хизматрасониҳои электронии давлатӣ дар асоси таҷрибаи амалисозии хизматрасониҳои давлатии мамлакатҳои хориҷӣ омода карда мешавад;

- портали ҷумҳуриявии "Маълумоти кушод" барои фароҳам сохтани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хизматрасониҳои электронии давлатӣ ташкил карда мешавад;

- маркази ягонаи мониторинг ва арзёбӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ ташкил карда мешаванд.

§4. Самтҳои асосии истифодабарии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар

98. Технологияҳои зеҳни сунъӣ омили таконбахши саноат ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда хоҳад гузошт.

99. Равандҳои гуногуни истеҳсолоти саноатӣ бо ҳаҷми зиёди маълумот алоқаманд мебошанд, ки шароити мусоидро барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ фароҳам меорад. Ҳаҷми зиёди маълумот дар саноат ба истеҳсолкунандагон имконият медиҳад, ки ҷараёни қабули қарорҳоро сода намоянд.

100. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷараёнҳои гуногуни истеҳсолот аҳаммияти муҳим дошта, вақти истеҳсолот ва ҳолатҳои бартарафсозии нуқсонҳоро дар раванди истеҳсоли маҳсулот коҳиш медиҳад.

101. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиш ва арзёбии рафтори истифодабарандагони маҳсулоти саноатӣ, талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, назорати сифати он ва дигар самтҳо истифода бурда мешаванд.

102. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ эҳё ва ҷойҳои корӣ барқарор шуда, шумораи корхонаҳо аз 1628 адад дар соли 1992 то ба 2386 адад дар соли 2021 расидааст.

103. Аз шумораи умумии корхонаҳо зиёда аз 1000 адад дорои таҷҳизоти замонавӣ мебошанд, ки барои ворид намудани воситаҳои зеҳни сунъӣ мувофиқат мекунад.

104. Ҳамзамон як қатор корхонаҳо дорои таҷҳизоти куҳнаву фарсудашуда буда, ниёз ба технологиҳои нав ва рақамикунонӣ доранд. Илова бар ин дар соҳаи саноат ба ҳолати 31 декабри соли 2021 90 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо зиёда аз 200 ҷойи корӣ аз фаъолият бозмонданд, ки ворид намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар чунин корхонаҳо ғайриимкон аст.

105. Ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар самтҳои инноватсионии рушди саноат метавонад ба саноатикунонии босуръати кишвар такон бахшад.

106. Мушкилоти соҳа:

- набудани низоми дурусти пешгӯии талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозор ва рафтори истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) маҳсулоти саноатӣ;

- низоми номукаммали идоракунии сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда;

- ҳосилнокии нисбатан паст дар корхонаҳои саноатӣ ва нокифоягии иқтидори кормандони ширкатҳои саноатӣ;

- норасогии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ.

107. Ҳадафҳои асосии соҳа:

- баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ ва бозоргирии он бо ҷорӣ намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар соҳа;

- тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар.

108. Вазифаҳои соҳа:

- амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тавассути баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ;

- таъмин намудани раванди ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар раванди истеҳсолоти саноатӣ;

- баланд бардоштани сифати махсулоти истеҳсолшаванда ва афзун намудани бозоргирии он;

- баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати кормандони соҳаи саноат;

- баланд бардоштани самаранокии ташкили кластерҳо дар соҳаи саноат бо истифода аз зеҳни сунъӣ.

109. Тадбирҳои асосии рушди соҳа:

- таҳияи регламентҳои техникӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷараёни истеҳсолоти саноатӣ;

- ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам дар корхонаҳои саноатӣ, ки бо зеҳни сунъӣ алоқаманд мебошанд;

- ташкили озмоишгоҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба корхонаҳои саноатӣ оид ба ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ;

- ташкили шароити муносиб ва бехатар барои кормандони корхонаҳои саноатӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ.

110. Натиҷаҳои чашмдошт:

- таъсири назаррас ба амалишавии ҳадафи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар гузошта мешавад;

- ширкатҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияҳои зеҳни сунъиро дар раванди истеҳсолот ҷорӣ менамоянд;

- партови дуоксиди карбон ба муҳити атроф аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таври назаррас коҳиш дода хоҳад шуд;

- сифати махсулоти истеҳсолшаванда аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таври назаррас баланд шуда, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт;

- ҷойҳои кории нав бо ташкили шароити мусоид ва бехатари корӣ таъсис дода мешавад.

5.МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

111. Ҳадафи асосии мониторинг ва арзёбии Стратегия таъмини амалишавии саривақтии Стратегия тавассути ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии кишвар, сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки онҳо дар асоси ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикони рушд мебошад.

112. Низоми мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии Стратегия барои пайгирии пешрафт дар самти ноилшавӣ ба ҳадафҳо, муайян кардани таҷрибаи хуби андӯхташуда ва мушкилоти мавҷуда, таҳлили равандҳои рушд дар доираи худи Стратегия ва таҳияи хулосаҳои асоснок барои ворид намудани тағйиру иловаҳои эҳтимолӣ дар самти амалишавии ҳадафҳо, ки барои баланд бардоштани самаранокии он равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

113. Низоми мониторинг ва арзёбӣ бо роҳи пешниҳоди мунтазами ҳисоботҳо, мубодилаи иттилоот байни мақомоти давлатӣ ва баҳогузории дараҷаи амалишавии ҳадафҳои Стратегия таъмин карда мешавад.

114. Мониторинг ва арзёбии Стратегия дар тамоми давраҳои амалишавии он гузаронида шуда, аз рӯйи амалишавии саривақтии чорабиниҳои дар нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда баҳо дода мешавад.

115. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Стратегия аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар се давраи амалишавии Стратегия дар асоси ҳисобот ва таклифу пешниҳодҳои мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.

116. Ҳамаи ҳадафу вазифаҳо, тадбирҳо, амалҳо, инчунин индикаторҳои мақсаднок дар доираи Стратегия дар асоси меъёрҳои ҒMART (яъне мушаххас, арзёбишаванда, ноилшаванда, муҳим, муносиб ва дорои муҳлати муайян) таҳия шудаанд.

117. Сарчашмаҳои маълумот барои ташкил ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди амалишавии Стратегия инҳоянд:

- омори давлатӣ (махзани маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- омори идоравӣ (махзани маълумоти фосилавӣ ва ҳисоботи солонаи вазорату идораҳои кишвар);

- омори ташкилотҳо/корхонаҳои алоҳида (махзани маълумоти ташкилотҳо/корхонаҳо ва субъектҳои хоҷагидори дигар бе дарназардошти омори давлатӣ);

- омори алтернативӣ (махзани маълумоти ниҳодҳо/ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои мустақили тадқиқотӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асосипурсишҳои сотсиологии аҳолӣ, тадқиқотҳои интихобии минтақаҳо, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, хонаводаҳо ё тадқиқотҳои гуногуни дигар).

118. Ҳангоми зарурат мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии низоми мониторинг ва арзёбии раванди амалисозии Стратегия дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар муҳлатҳоро барои пешниҳод кардани маълумот/иттилоот вобаста ба амалишавии Стратегия ва Ҳадафҳои Рушди Устувор муқаррар намояд.

119. Назорати пайвастаи воситаҳои молиявии сафарбаршаванда масъулиятро дар сатҳи маъмурӣ барои мақсаднок ва самаранок хароҷот кардани захираҳо, махсусан дар шароити зиёд будани самтҳои рушд, ки маблағгузориҳоро ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои захиравӣ талаб менамоянд, баланд мебардорад.

120. Низоми самараноки мониторинги таъминоти маблағгузорӣ мавҷуд будани як қатор ҷузъҳои асосиро талаб менамояд, ба монанди:

- нишондиҳандаҳои нақшавии маблағҳои сафарбаршаванда ба ҳар як сарчашма ва самт;

- таваккалҳои имконпазир;

- нишондиҳандаҳои воқеии захираҳои сафарбаршаванда ба ҳар як сарчашма ва самт;

- ташкили ҷамъоварии пайвастаи нишондиҳандаҳои воқеӣ (муайян кардани сарчашмаҳои иттилоот, усулҳои ҷамъоварии он ва шахсони масъул);

- гузаронидани таҳлилҳои пайваста (муқоисаи нишондиҳандаҳои воқеӣ ва банақшагирифташуда ва муайян кардани фарқият);

- қабули қарорҳо дар бораи такмили амалҳо дар ҳолати зарурат.

121. То кадом андоза самаранок ва босифат дар ҳамбастагӣ қарор доштани ҷузъҳои қайдгардида ба самаранокии тамоми низоми мониторинги таъминоти молиявӣ ва инчунин мувафаққияти татбиқ гардидани Стратегия таъсири назаррас мерасонад.

122. Мониторинги таъминоти молиявии Стратегия аз рӯи маълумоти ибтидоии чорабиниҳо, ҳаҷми маблағҳои банақшагирифташуда вобаста ба амалишавии он, ки дар нақшаи чорабиниҳо дарҷ гардидаанд, гузаронида мешавад.

123. Иттилооти мазкур асосан ба муайян кардани сабабҳои қафомонӣ аз нишондиҳандаҳои банақшагирифташуда, инчунин пешниҳоди қарорҳо барои бартараф намудани онҳо ва ё такмили Нақшаи чорабиниҳо барои хориҷ намудани чорабиниҳои бо сабабҳои гуногун маблағгузоринашаванда равона шудааст.

124. Ҳамаи маълумоти ҳисоботӣ вобаста ба захираҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо ба мақомоти ҳамоҳангсоз оид ба мониторинг ва арзёбӣ (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниҳод карда мешавад, ки вазъи умимиро вобаста ба маблағгузории чорабиниҳо таҳлил менамояд.

6. МАБЛАҒГУЗОРИИ СТРАТЕГИЯ

125. Амалишавии афзалияту чорабиниҳои Стратегия аз ҳисоби ҳамаи намудҳои сарчашмаҳои маблағгузорӣ таъмин мегардад. Сарчашмаҳои маблағгузории чорабиниҳои Стратегия маблағҳои буҷети давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусиро дарбар гирифта, инчунин дар амалӣ гардидани нақшаи чорабиноҳои он, метавонанд сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода бурда шаванд.

126. Арзёбии эҳтиёҷоти маблағгузории Стратегия марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

127. Дар ҳамаи марҳилаҳои амалишавии Стратегия арзиши тахминии чорабиниҳое, ки барои амалисозӣ ворид шудаанд, ҳисоб карда мешавад, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории зерин:

- маблағҳои буҷети давлатӣ;

- маблағҳои шарикони рушд (бо дарназардошти кумаки расмӣ);

- маблағҳои бахши хусусӣ (ватанӣ ва хориҷӣ).

128. Фарқияти молиявии бавуҷудомада байни эҳтиёҷоти маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар доираи вазифаҳои Стратегия ва нишондиҳандаҳои дурнамои ҳадди захиравии иқтисодиёт тавассути ҷалби сармояи хусусии дохилию хориҷӣ рупӯш карда мешавад.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

129. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва дигар мақомоти марбута ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳадафу вазифаҳои Стратегияи мазкур чораҳои заруриро роҳанозӣ менамояд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, №483

Нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025)

Ниг. ба Замима (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 83)

33. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд.

Ниг. ба Замима