Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 № 92 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 244"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 244

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 1 қарор калимаҳои "як маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "20 (бист) сомонӣ" иваз карда шаванд;

дар Қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд:

банди 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3. Комиссияи мактабиро муовини директори мактаб роҳбарӣ намуда, аз ҳисоби аъзои комиссия як нафар котиби комиссия интихоб мегардад";

дар банди 8 калимаи "як" ба калимаҳои "50 фоизи" иваз карда шавад;

дар банди 11 калимаҳои "баробар ба ҳаҷми маоши ҳадди ақали муқарраргардида" ба калимаҳои "20 (бист) сомонӣ" иваз карда шаванд;

намунаи Ариза (маълумот) дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва даромадҳои оила барои муайян кардани камбизоатӣ дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2007 года № 244

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2007 года

 № 244 "О выплате пособий малообеспеченным семьям, имеющих детей, обучающихся в общеобразовательных школах Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

в пункте 1 слова "установленной минимальной заработной платы" заменить словами "20 (двадцать) сомони";

в Правилах о выплате пособий малообеспеченным семьям имеющих детей, обучающихся в общеобразовательных школах Республики Таджикистан:

пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Школьную комиссию возглавляет заместитель директора школы, а один из членов комиссии избирается в качестве секретаря комиссии";

в пункте 8 слова "установленного размера прожиточного минимума" заменить словами "50 процентов установленной минимальной заработной платы";

в пункте 11 слова "равному размеру установленной минимальной заработной платы" заменить словами "20 (двадцать) сомони";

образец Заявления (информации) о социальном положении и доходах семьи для определения малообеспеченности изложить в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

Председатель

...