ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 429
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 429 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта"" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 2) калима ва аломати "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар банди 10) калима ва рақами "А.Деҳлавӣ, 4 "а"" ба калима ва рақами "Теҳрон, 21" иваз карда шаванд;
- банди 12) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"12) Тоҷиксуғурта фаъолияти суғуртавиро тибқи иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ анҷом медиҳад.";
- банди 13) хориҷ карда шавад;
- дар сархати якуми банди 15) калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар банди 21) рақам ва калимаҳои "5200000 (панҷ миллиону дусад ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "10000000 (даҳ миллион)" иваз карда шаванд;
- бандҳои 32(1)), 32(2)) ва 32(3)) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"32(1)) Мақомоти Тоҷиксуғурта инҳоянд:
- мақоми болоӣ - муассис;
...