Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2022, № 456

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 сентябри соли 2022, № 456

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 сентябри соли 2022, № 456

Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) бо мақсади танзими истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, шартҳои ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

2. Захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - захираҳои сайёҳӣ) маҷмуи захираҳо ва падидаҳои табиии иқлимӣ, истироҳатӣ, маърифатӣ, маишӣ, техногенӣ, объектҳои табиию солимгардонӣ, мероси фарҳангию таърихӣ ва зиёратии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамоянд, дар бар мегирад.

3. Захираҳои сайёҳӣ ба Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ

4. Захираҳои сайёҳӣ барои муаррифӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

5. Вазифаҳои асосии истифодаи захираҳои сайёҳӣ инҳо мебошанд:

- назорати истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои сайёҳӣ;

- таҳкими иқтидори захираҳои сайёҳӣ ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқ;

...

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "22"сентября 2022 года, №456

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "22"сентября 2022 года, №456

Порядок использования туристических ресурсов Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

]. Порядок использования туристских ресурсов Республики Таджикистан (далее - Порядок) разработан в целях регулирования эффективного использования и охраны туристических ресурсов Республики Таджикистан и определяет условия охраны, сохранения и использования туристических ресурсов Республики Таджикистан.

2. Туристические ресурсы Республики Таджикистан (далее туристические ресурсы) включает в совокупность природно- климатических, рекреационных, познавательных, бытовых и техногенных ресурсов и явлений, природно-оздоровительные объекты, культурно- историческое и паломническое наследие на территории Республики Таджикистан, привлекающих внимание туристов.

3. Туристические ресурсы вносятся в Государственный кадастр туристических ресурсов Республики Таджикистан.

2. ЦЕЛЬ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ

4. Туристические ресурсы используются для представления иностранным гражданам и гражданам Республики Таджикистан, проведения научных исследований, туристических мероприятий и организации туристических маршрутов в Республике Таджикистан.

5. Основными задачами использования туристических ресурсов являются:

- контроль за эффективным использованием и охраной туристических ресурсов;

- укрепление потенциала туристических ресурсов и правильная организация агитации и пропаганды;

...