Оинномаи Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, №454

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассиса) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Муассиса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассиса аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Муассиса фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Муассиса:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Боги Парчами милли" государственное учреждение комплекс "Дворец нации" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - State institution "Bogi Parchami milli" of state institution residence "Palace of the Nation" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 20.

7. Муассиса дар тобеияти Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МУАССИСА

8. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳо бо намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

9. Маблағгузории хароҷоти Муассиса аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

10. Муассиса дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

11. Муассиса дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА

12. Мақсади асосии фаъолияти Муассиса нигоҳубин, таъмир намудан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани "Боғи Парчами миллӣ", қонеъгардонии бештару хубтар дар ташкил намудани шаклҳои гуногуни манзараҳои табиӣ бо истифода аз дарахтону буттаҳои сояафкан, гулҳои ороишӣ, майсазор ва фаввораҳо дар гирду атрофии "Боғи Парчами миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

13. Барои амалӣ намудани мақсадҳои худ Муассиса фаъолияти зеринро ба амал мебарорад:

- дар ҳолати хуб нигоҳ доштани "Боғи Парчами миллӣ";

- таъмини фароғати фарҳангии шаҳрвандони ба боғ ҳозиршаванда;

- ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ.

14. Муассиса метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии пулакӣ машғул шавад. Даромади бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Муассиса мегузарад ва дар суратҳисоби махсус ба ҳисоб гирифта мешавад.

15. Муассиса инчунин дигар намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқат менамояд, амалӣ менамояд.

4. МАҚОМИ ИДОРАКУНИИ МУАССИСА

16. Идоракунии Муассиса ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Муассиса - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Муассиса - маъмурият бо роҳбарии директори Муассиса.

17. Мақоми идоракунии давлатии Муассиса дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Муассисаро муайян менамояд;

- шумораи ниҳоии кормандони Муассисаро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Муассисаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Муассисаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Муассиса мансуб донистааст, ҳал менамояд.

18. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Муассиса ба фаъолияти ҷории Муассиса роҳбарӣ мекунад. Директори Муассиса аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Муассиса муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Муассиса аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

19. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Муассиса амал карда, роҳбарии фаъолияти Муассисаро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Муассисаро тибқи тарғиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Муассисаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- кормандони Муассисаро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Муассиса, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- дорои дигар ҳукуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Муассиса мухолифат намекунанд.

20. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

21. Муовини директори Муассиса дар сурати ҳозир набудани директори Муассиса ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.

5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МУАССИСА

22. Молу мулки Муассиса аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Муассиса нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Муассиса моликияти давлатӣ буда, ба Муассиса бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода мешавад. Муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

23. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Муассиса:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳукуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Муассиса ба даст омадаанд;

- қарзи бонкӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

24. Муассиса дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридаии андозҳо, омор ва ғайра.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСА

25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Замимаи 16

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Корхона) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Корхона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхона аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Корхона фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Корхона:

- бо забони тоҷикӣ - корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - государственное унитарное предприятие "Торговля и общественное питание" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

6. Суроғаи ҳуқуқии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

7. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, молу мулк, баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла суратҳисобҳои асъорӣ, муҳр, штамп, бланкҳои фирмавӣ, тамғаи молиро доро мебошад.

8. Корхона даромад ва молу мулки бадастовардаашро тибқи тартиби муқарраргардида соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

9. Корхона арзиши хизматрасонии худ ва маҳсулоти истеҳсолкардаашро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, онро мефурӯшад.

10. Корхона бо тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

11. Корхона метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад.

12. Корхона бино, иншоот ва дигар молу мулки бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба истифодабарӣ вобастагардидаро метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора диҳад.

13. Корхона дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳо муайян кардааст.

14. Корхона аз рӯи уҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкаш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

15. Корхона бо мақсади ташкили хӯроки умумӣ, таъмини кормандони Дастгоҳи Президент бо молҳои озуқаворӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо, инчунин таъмини чорабиниҳои расмӣ таъсис дода шудааст.

16. Корхона вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- ташкили хӯроки умумӣ, таъмини кормандони Дастгоҳи Президент бо молҳои озуқаворӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо;

- ташкили хӯроки умумӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини хизматрасонии чорабиниҳои расмӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент;

- истеҳсол, хариду фурӯш, ивази молҳои озуқаворӣ ва дигар маҳсулот;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба амал баровардани фаъолияти миёнаравӣ ва амалиётҳои бартерӣ;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии Корхона мутобиқат мекунанд.

17. Корхона дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона амалӣ намояд.

18. Бо ин мақсадҳо Корхона чунин корҳоро анҷом дода метавонад;

- амалиётҳои содиротиву воридотӣ;

- ҳамкории истеҳсолӣ бо ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷӣ;

- иштирок дар кори намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ.

19. Асъори хориҷие, ки Корхона дар натиҷаи фаъолияти хориҷии иқтисодӣ ба даст овардааст, ба суратҳисоби асъории Корхона равона карда мешавад. Корхона онро тибқи тартиби муқарраргардида истифода мебарад.

4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНА

20. Идоракунии Корхона ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Корхона - Дастгоҳи Президент;

- мақоми иҷроияи Корхона - маъмурият бо роҳбарии директори Корхона.

21. Мақоми идоракунии Корхона дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян менамояд;

- шумораи ниҳоии кормандони Корхонаро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Корхонаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- баланси муҳосибавии Корхонаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Корхона мансуб донистааст, ҳал менамояд.

22. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Корхона ба фаъолияти ҷории Корхона роҳбарӣ мекунад. Директори Корхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Корхона муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Корхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

23. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Корхона амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Корхонаро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Корхонаро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Корхонаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Корхонаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- кормандони Корхонаро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Корхона тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Корхона мухолифат намекунанд.

24. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

25. Муовини директори Корхона дар сурати ҳозир набудани директори Корхона ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.

5. ФОНДИ ОИННОМАВӢ, МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ КОРХОНА

26. Фонди оинномавии Корхона 27050 (бисту ҳафт ҳазору панҷоҳ) сомониро ташкил медиҳад.

27. Молу мулки Корхона аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар баланси Корхона нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Корхона моликияти давлатӣ буда, ба Корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Корхона ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсадҳои фаъолияташ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

28. Корхона метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фонди захиравӣ таъсис диҳад.

29. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Корхона:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ додааст;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Корхона ба даст омадаанд;

- қарзҳои бонкӣ ва дигар намудҳои маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

30. Корхона дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз он ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОРХОНА

31. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.