ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати якуми банди 6 қарор баъд аз калимаи "нишондодашударо" калимаҳои "ба истиснои раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳо" илова карда шаванд.
2. Дар банди 22 Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи "Вазоратро" ба калимаи "Вазорат" иваз карда, баъд аз он калимаҳои ", аз ҷумла низомномаҳои раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳоро" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 3 августи соли 2007, № 418
ш. Душанбе,
аз 3 августи соли 2007, № 418
...