Низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 августи соли 2022, № 416

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 августи соли 2022, № 416

тасдиқ шудааст

Низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиб ва ташкили бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандон, уҳдадориҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ташкили комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон, уҳдадориҳои он ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро доир ба қайди ҳарбӣ ба танзим медарорад.

2. ТАРТИБ ВА ТАШКИЛИ БАҚАЙДГИРИИ ҲАРБИИ ШАҲРВАНДОН

2. Роҳбарии умумӣ дар кори ташкил ва ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ва пешбурди бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, инчунин шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд ва назорати кори мазкур дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

3. Низоми бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, инчунин шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, бо низоми шиносномадиҳии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамоҳанг сохта мешавад ва иҷрои он аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, тибқи тартиби аз тарафи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида амалӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки дар мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои штатӣ таъин шудаанд, мутобиқан дар қайди ҳарбии мақомоти мазкур мебошанд.

5. Бақайдгирии ҳарбӣ ба умумӣ ва махсус ҷудо мешавад:

- дар қайди умумии ҳарбӣ шаҳрвандоне мебошанд, ки дар эҳтиёт қарор дошта, вале дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, ва муассисаҳои таълимӣ дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг захира (брон) карда нашудаанд, инчунин шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд;

- дар қайди махсуси ҳарбӣ шаҳрвандоне мебошанд, ки дар эҳтиёт қарор дошта, тибқи тартиби муқарраргардида дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ва муассисаҳои таълимӣ дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг захира (брон) карда мешаванд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "26" августа 2022 года, №416

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "26" августа 2022 года, №416

Положение о воинском учёте граждан Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о воинском учёте граждан Республики Таджикистан, (далее - Положение) регулирует порядок и организацию воинского учёта граждан, обязанности руководителей местных исполнительных органов государственной власти, других государственных органов, органов самоуправления посёлков и дехотов, предприятий, учреждений и других организаций, независимо от правовой и организационной формы собственности, а также обеспечение исполнения воинской обязанности граждан, организация комиссии по постановке граждан на воинский учёт, их обязанностей и обязанностей граждан по воинскому учёту.

2. ПОРЯДОК И ОРГАНИЗАЦИЯ ВОИНСКОГО УЧЁТА ГРАЖДАН

2. Общее руководство работой по организации и постановка граждан на первоначальный воинский учёт и ведению воинского учёта граждан, пребывающих в запасе, а также граждан, подлежащих призыву на военную службу и контроль за состоянием этой работы в органах самоуправления посёлков и дехотов, на предприятиях, учреждениях, организациях, независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности, осуществляется Министерством обороны Республики Таджикистан.

3. Система воинского учёта граждан, пребывающих в запасе, а также граждан, подлежащих призыву на военную службу, координируется с действующей в Республике Таджикистан паспортной системой, функционирование ее выполняется Министерством обороны Республики Таджикистан и Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.

4. Воинский учёт граждан, пребывающих в запасе в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан, осуществляется в порядке, определяемом председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан. Граждане, назначенные на штатные должности в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан, соответственно находятся на воинском учёте данного органа.

5. Воинский учёт подразделяется на общий и специальный учёт:

- на общем воинском учёте состоят граждане, пребывающие в запасе, но не забронированные на предприятиях, учреждениях, организациях, независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности, и учебных заведениях в период мобилизации и военного времени, а также граждане, подлежащие призыву на военную службу;

- на специальном воинском учёте состоят граждане, пребывающие в запасе, которые в установленном порядке бронируются за предприятиями, учреждениями, организациями, независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности, и учебными заведениями на период мобилизации и военного времени.

...