Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда аз 29 июли соли 2022, №361

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, №361

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 июли соли 2022, №361

Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда (минбаъд - Тартиб) муқаррарот оид ба аз андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - ААИ) озод намудани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашавандаро муайян менамояд.

2. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳое мебошанд, ки дар асоси шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузорӣ (амалисозӣ)-и онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ воридгардида пешбинӣ гардидаанд.

3. Қарзгирандаҳо (грантгирандаҳо) шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдоршудае мебошанд, ки ба онҳо қарз (грант) ба сифати иҷрокунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ дода мешавад. Шахсони мазкур барои асоснокии аризаҳои ба таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) пешниҳодгардида ва шартномаҳои тибқи муқаррароти Тартиб тасдиқшуда масъуланд.

4. Нисбат ба шахсони зерини дар лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштироккунанда озодкунӣ аз пардохти ААИ аз рӯи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашаванда татбиқ мегардад:

- шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати супорандагони ААИ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба қайд гирифта шудаанд;

- ғайрирезидентҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо фаъолият мекунанд ва ба сифати супорандагони ААИ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба қайд гирифта шудаанд.

2. ШАРТҲОИ ОЗОДКУНӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

5. Мол (кор, хизматрасонӣ)-и аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда дар асоси аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори он дар сурати иҷро гардидани шартҳои зерин аз ААИ озод карда мешаванд, агар:

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 июля 2022 года, №361

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 июля 2022 года, №361

Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов (далее - Порядок) определяет положения об освобождении от налога на добавленную стоимость (далее - НДС) поставок товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств государственных инвестиционных проектов.

2. Инвестиционными проектами Правительства Республики Таджикистан проекты, предусмотренные на основе кредитных (грантовых) договоров об их финансировании (реализации) между Республикой Таджикистан (Правительством Республики Таджикистан) и иностранными государствами (правительствами иностранных государств), отечественными, иностранными и международными финансовыми организациями, включенными в реестр инвестиционных проектов государственным уполномоченным органом в сфере инвестиций.

3. Кредитополучателями (грантополучателями) являются юридические лица или лица, уполномоченные в установленном нормативными правовыми актами порядке, которым в качестве исполнителей инвестиционного проекта предоставлен кредит (грант). Эти лица несут ответственность за обоснованность предоставленных заявлений поставщику товаров (работ, услуг) и заверенных в соответствии с положениями Порядка договоров.

4. В отношении следующих лиц, непосредственно участвующих в инвестиционных проектах Правительства Республики Таджикистан, применяется освобождение от уплаты НДС по поставкам товаров (работ, услуг), приобретаемых за счет средств кредитных (грантовых) соглашений:

- юридических лиц-резидентов Республики Таджикистан, зарегистрированных в порядке, установленном налоговом законодательством, в качестве плательщиков налога на добавленную стоимость;

- нерезидентов, в том числе тех, которые осуществляют деятельность в Республике Таджикистан через постоянные учреждения нерезидентов и зарегистрированных в порядке, установленном законодательством, в качестве плательщиков НДС.

2. УСЛОВИЯ ОСВОБОЖДЕНИЯ ОТ УПЛАТЫ НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ

5. Товары (работы, услуги), приобретаемые за счет средств кредитных (грантовых) соглашений для реализации государственных инвестиционных проектов, освобождаются от НДС на основании заявления соответствующего уполномоченного отраслевого органа кредитополучателя (грантополучателя) или его уполномоченного лица при выполнении следующих условий, если:

...