ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2005 № 81)
Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ баҳри амалигардонии ин намудҳои фаъолият ва таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
иҷозатнома (литсензия) - иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст;
намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда) - фаъолиятест, ки барои амалӣ намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;
иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) - чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста мебошад;
шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ - маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;
мақомоти иҷозатномадиҳанда - мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;
иҷозатномадор (литсензиат) - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома дорад;
довталаби иҷозатнома - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бо ариза муроҷиат намудааст;
феҳристи (реестри) иҷозатнома - маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатнома, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома ва бекор кардани онро тасдиқ мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳӣ
Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
- таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;
- ошкорбаёнӣ дар иҷозатномадиҳӣ;
- риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳӣ.
Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад
Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
- низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;
- мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад.
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда
1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият дорад, ки:
- иҷозатнома диҳад;
- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дарорад, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;
- амали иҷозатномаро боздорад;
- амали иҷозатномаро барқарор созад;
- иҷозатномаро бекор кунад (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур);
- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳад;
- назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал барорад.
2. Тартиби татбиқи салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳандаро низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар менамояд.
Моддаи 7. Амали иҷозатнома
1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.
2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад.
3. Фаъолияте, ки мақоми ҳокимияти иҷроия барояш иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома
1. Мӯҳлати амали иҷозатнома аз 5 сол камтар буда наметавонад. Мӯҳлати амали иҷозатнома баъди ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор метавонад дароз карда шавад.
2. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад.
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома
1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;
б) барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷойи истиқомат ва маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд;
- иҷозатнома барои кадом мӯҳлат гирифта мешавад;
- рӯзи додани ариза, рақами ба қайд гирифта шудани он ва имзои довталаб;
- дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият;
- барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
- барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.
2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои ба амалбарории намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд.
3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома
1. Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба мақоми дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи он бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (ба дасташ супорида) мешавад.
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунад. Қарори мазкур бо фармони мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад.
3. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
4. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.
5. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагирӣ фиристонида (супорида) мешавад.
6. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ (супорида) фиристонида мешавад.
7. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, бепул медиҳад.
8. Иҷозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблағ ҳуқуқ дорад, ки он бо маблағи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад, баробар аст.
9. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;
- агар объектҳои мутааллиқи довталаби иҷозатнома ё истифодакунандаи ӯ ба шарту талаботи иҷозатнома номувофиқ бошанд.
10. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
11. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 11. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад
Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:
- номи мақоми иҷозатномадиҳанда;
- барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;
- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;
- рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;
- рақами иҷозатнома;
- рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.
Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд
1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ ё гум шудани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ (вориси ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки тағйирот ё гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд.
2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатнома тағйиротҳои дахлдор медарорад. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду маоши ҳадди ақал музд ситонида мешавад, ки он ба буҷети давлатӣ ворид мегардад.
Моддаи 13. Амалӣ намудани назорат
1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ба амал мебарорад.
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад:
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани мавзӯи фаъолияти иҷозатномадорро бисанҷад;
- дар асоси натиҷаи санҷиш санад (протокол) тартиб дода, дар он вайронкунии мушаххасро нишон диҳад;
- иҷозатномадорро огоҳонад ва қарорҳое барорад, ки иҷозатномадорро барои ислоҳи камбудиҳо ӯҳдадор созад, мӯҳлати рафъи чунин вайронкориҳоро муқаррар намояд.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл доранд, санҷиш гузаронад.
Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома
1. Риоя нашудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва инчунин ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома, истеҳсол кардан ва ба фурӯш баровардани моли бадсифат, вайрон кардани қоидаҳои савдо, меъёрҳои санитарӣ ва экологӣ метавонанд боиси боздоштан ё бекор кардани амали иҷозатнома гарданд.
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз шаш моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.
4. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хаттӣ хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври хаттӣ хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
5. Иҷозатнома дар ҳолати барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ гаштани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдил ёфтанаш, ё худ қатъ гаштани амали шаҳодатномаи ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз қайди давлатӣ гузаштани шаҳрванд қувваи ҳуқуқиашро гум мекунад.
6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонанд иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми се рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунанд.
7. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздорад.
8. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иҷозатномадор хаттӣ хабар медиҳад.
9. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 15. Бурдани феҳристи иҷозатномаҳо
1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷозатномаҳое, ки барои машғул шудан ба намудҳои фаъолият додаанд, феҳрист мебаранд.
2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- маълумот оиди бақайдгирии иҷозатнома дар феҳристи иҷозатномаҳо;
- асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;
- асос ва санаи бекор кардани амали иҷозатнома;
- маълумотҳои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян карда шудаанд.
3. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст.
4. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани чунин маълумот як маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад.
5. Музди гирифтани маълумот аз феҳристи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
6. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.
7. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.
Моддаи 16. Маблағгузории иҷозатномадиҳӣ ва пардохти ҳаққи иҷозатнома
1. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағи аз буҷети дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳӣ ҷудогардида маблағгузорӣ мешавад.
2. Барои дида баромадани ариза оиди додани иҷозатнома мақоми иҷозатномадиҳанда ба андозаи чор маоши ҳадди ақал ҳақ мегирад, ки он пас гардонида намешавад.
3. Барои додани иҷозатнома ба андозаи даҳ маоши ҳадди ақал ҳақ пардохта мешавад.
4. Маблағи пардохти ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ ворид мешавад.
Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:
- фаъолият барои интишори воситаҳои рамзнависӣ (хати рамзӣ);
- фаъолият барои хизматрасонии техникии воситаҳои рамзнависӣ (хати рамзӣ);
- хизматрасонӣ барои рамзнависӣ кардани маълумот;
- коркард ва истеҳсол намудани воситаҳои рамзнависӣ (хати рамзӣ), ки бо истифодаи воситаҳои рамзнависии (хати рамзии) системаҳои иттилоотӣ, системаҳои телекоммуникатсионӣ муҳофизат шудаанд;
- фаъолият оиди додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои рақамии электронӣ;
- фаъолият оиди ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолате, ки он барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ истифода шавад);
- фаъолияти коркард ва (ё) истеҳсол кардани воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;
- фаъолият оиди ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;
- фаъолияти коркард, истеҳсол бо мақсади харидан ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои иттилоотро махфӣ ба даст овардани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, таъин гардидаанд;
- фаъолияти тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;
- истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
- таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
- истифодаи партовҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
- фурӯши аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
- истеҳсоли аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон;
- фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон;
- фурӯши лавозимоти аслиҳа;
- намоишгузории аслиҳа, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон ва лавозимоти аслиҳа;
- коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ;
- истифодаи партовҳои лавозимоти ҳарбӣ;
- иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба нигаҳдошт, ҳамлу нақл ва нобуд кардани аслиҳаи кимиёвӣ;
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият ба эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд;
- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд;
- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи кимиёвӣ доранд;
- истифодаи истеҳсолоти истихроҷи нафту газ;
- коркарди нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо дар асоси тиҷоратӣ;
- интиқоли нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо аз тариқи қубурҳои магистралӣ;
- нигоҳдории нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият ба эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо;
- фаъолият оиди экспертизаи бехатарии саноатӣ;
- истеҳсоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- фаъолият оиди паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- истеҳсоли маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ);
- фаъолият оиди паҳн кардани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
- иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо;
- истеҳсол, интиқол, тақсим кардани энергияи барқӣ ва гармӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият ба эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- васл, танзим ва таъмир кардани иншоотҳои энергетикӣ, таҷҳизоти энергияи барқӣ ва гармӣ ва таҷҳизоти энергетикии истеъмолкунандагон (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фаъолият оиди истифодаи шабакаҳои барқӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фаъолият оиди истифодаи шабакаи интиқол ва иншоотҳои газ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фаъолият оиди истифодаи шабака ва таҷҳизоти гармидиҳанда (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- шаҳрсозӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии ҷамъиятӣ ва иморату иншооти истеҳсолӣ, аз ҷумла барои васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;
- корҳои сохтмону васлкунӣ (ба ғайр аз сохтмони ҳавлиҳои шахсӣ);
- тадқиқоти муҳандисию геодезӣ;
- корҳои маркшейдерӣ;
- фаъолият оиди барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ);
- фаъолияти геодезӣ,
- аксбардории топографӣ ва фаъолияти картографӣ;
- фаъолият дар соҳаи гидрометеорология (обуҳавосанҷӣ) ва соҳаҳои ба он алоқаманди субъектҳое, ки ба сохтори давлатии гидрометеорологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд (аз ҷумла, иҷрои корҳо оиди фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди гидрометеорологӣ ва геофизикӣ);
- лоиҳакашӣ, сохтан, таъмир ва барқарор кардан ва нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳ;
- фаъолияти фармасевтӣ (дорусозӣ) (сохтан ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва маснуоти тиббӣ, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактикӣ);
- фаъолияти хусусии тиббӣ;
- хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ - протезӣ;
- киштукори растаниҳои нашъаовар ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридоту содирот ва нобуд кардан);
- фаъолият оиди истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;
- фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
- фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ;
- истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;
- мусофиркашонӣ бо нақлиёти обии дохилӣ;
- боркашонӣ бо нақлиёти обии дохилӣ;
- мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилие, ки барои кашонидани зиёда аз ҳашт одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст (ба истиснои ҳолатҳое, ки барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- мусофиркашонии тиҷоратӣ бо нақлиёти сабукрави автомобилӣ;
- боркашонии тиҷоратӣ бо нақлиёти автомобилие, ки тавоноии борбардориаш зиёда аз якуним тонна аст (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- мусофиркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);
- боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);
- боркунию борфарорӣ дар нақлиёти обии дохилӣ;
- боркунию борфарорӣ дар нақлиёти роҳи оҳан;
- фаъолият оиди хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оиди хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оиди таъмири нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оиди истифодаи нақлиёти ҳавоӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт;
- фаъолият оиди хизматрасонии техникӣ ва таъмири қатораи ҳаракаткунанда;
- фаъолият оиди хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои техникие, ки дар нақлиёти автомобилгард ва роҳи оҳан истифода мешаванд;
- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ;
- фаъолият оиди муносибат бо партовҳои хатарнок;
- ташкилу нигаҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;
- фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- фаъолияти туристӣ;
- тайёр кардан, коркард ва фурӯши партови металлҳои ранга;
- тайёр кардан, коркард ва фурӯши партови металлҳои сиёҳ;
- фаъолият оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолият оиди парвариши ҳайвоноти хушзот, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти чорвои хушзот (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);
- фаъолияти аудиторӣ;
- фаъолияти истеҳсоли тухмии элита ва репродуктивӣ;
- истеҳсоли маҳсулоти тамоку;
- фаъолияти кайҳонӣ;
- фаъолияти хусусии байторӣ;
- расонидани ёрии ҳуқуқии пулакӣ;
- фаъолияти соҳаи маориф; (муассисаҳои ғайридавлатие, ки барномаҳои таҳсилии ҳама дараҷаҳои таҳсилоти миёна, олӣ, касбии баъди мактаби олӣ ва таҳсилоти дахлдори иловагӣ, аз он ҷумла таҳсилоти миёнаи пурраи иловагӣ ва ҳамчунин муассисаҳои томактабӣ ва тарбиявии бачагонаро амалӣ мегардонанд);
- фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана, гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо);
- фаъолияти экспертӣ-экологӣ;
- фаъолияти кормандони масъули патентӣ;
- фаъолияти ломбардҳо;
- фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудивизуалӣ;
- фаъолияти реклама;
- фаъолияти намоиши оммавии синамо ва видеофилмҳо;
- фаъолият дар соҳаи алоқаи почта.
Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ карданашон иҷозатнома лозим аст
1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:
- фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонкӣ);
- фаъолияти ҳифзи сирри давлатӣ;
- фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;
- фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фаъолият дар соҳаи биржа;
хориҷ карда шуд ();
- фаъолияти суғуртаи хусусӣ;
- фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;
- мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалии автомобилӣ;
- истифодаи захираҳои басомади мадорӣ ва басомади радио барои пахши барномаҳои телевизион ва радио (аз ҷумла пахши ахбори иловагӣ);
- истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла сарвати зери замин, фонди ҷангал, объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;
- фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом.
2. Амали қисми 1 моддаи 8 ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 16 Қонуни мазкур намудҳои алоҳидаи фаъолиятеро, ки дар қисми 1 моддаи 18 нишон дода шудааст, фаро намегирад.
3. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикршуда аз се сол камтар буда наметавонад.
4. Барои дида баромадани аризаи додани иҷозатнома доир ба намудҳои зикргардидаи фаъолият аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда ба андозаи даҳ маоши ҳадди ақал ҳақ пардохта, он пас гардонида намешавад.
5. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳиро барои намудҳои зикршудаи фаъолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар низомнома дар бораи хусусиятҳои додани иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар сурати даровардани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст.
Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш
1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
2. Иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 17 майи соли 2004 № 37
ш. Душанбе