Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "31" декабри соли 2008, № 659

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" декабри соли 2008 № 659

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" декабри соли 2008 № 659

тасдиқ шудааст

Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Консепсия) мутобиқи банди 22 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2005 бармеоянд, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 99 "Оид ба фаъолгардонии раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо" таҳия гардидааст.

Дар Консепсияи мазкур тартиби ташаккули системаи соддагардонидашудаӣ анҷом додани расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ки он ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкон медиҳад иттилоот ва ҳуҷҷатҳои стандартиро ба мақомоти ваколатдори дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи канали ягонаи рухсатдиҳанда, бо мақсади иҷрои ҳамаи талаботи танзимкунанда вобаста ба расмиёти воридоту содирот. ва транзит пешниҳод намоянд,

Ноил гардидан ба ин мақсадҳо имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ фазои кории мусоид фароҳам оварда шуда, сатҳи рақобатпазирии кишвар дар миқёси бозори ҷаҳонӣ баланд гардад ва ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо такон бахшида шавад.

1. Муқаддима

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои анҷом додани расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ миқдори зиёди иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамоянд, ки қисми зиёди онҳо такрори ҳамдигаранд. Ин иттилооту ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои мухталиф пешниҳод карда мешаванд, ки талаботи худӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои қоғазиро истифода менамоянд. Дар маҷмӯъ тартиботи мавҷуда барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ монеа буда, ҷавобгӯи манфиатҳои муосири давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ намебошад.

Айни замон тартиби амалкунандаи қабули қарорҳо ва барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ниҳоят мураккаб ва бисёрсатҳа буда, мутаносибан барои таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зиёд масрафи назарраси вақт ва хароҷоти молиявиро тақозо менамояд.

Ин яке аз сабабҳои асосии салдои манфии афзояндаи муомилоти тиҷорати хориҷӣ, сатҳи пасти диверсификатсияи содирот ва рақобатпазирии сусти кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Аз байн бурдани ин зуҳуроти манфӣ яке аз асосҳои муҳими таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз вазъи бамиёномада ва ҳалли проблемаҳои рушди иқтидори содиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани системаи соддагардонидашуда ва шаффофи "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ мебошад, ки мутобиқи он иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро танҳо як маротиба ва танҳо ба як мақоми ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Системаи "Равзанаи ягона" дар аксари кишварҳои мутараққии ҷаҳон истифода гардида, самарабахшии худро собит намуд. Ҷорӣ намудани чунин система боиси баланд бардоштани самарабахшӣ ва судмандии тадбирҳои расмии идоракунӣ ва назорат, инчунин сарфаи вақт ва хароҷоти ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ хоҳад шуд.

...

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 декабря 2008 года №659

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 декабря 2008 года №659

Концепция формирования "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам в Республике Таджикистан

Концепция формирования "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам в Республике Таджикистан (далее - Концепция) разработана в соответствии с пунктом 22 Плана мероприятий по выполнению указаний, содержащихся в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 25 апреля 2008 года, а также постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 года №99 "Об ускорении процесса подготовки вступления Таджикистана во Всемирную торговую организацию".

В данной Концепции определяется порядок формирования упрощенной системы осуществления экспортно-импортных и транзитных процедур в Республике Таджикистан, позволяющей участникам внешнеэкономической деятельности представлять стандартную информацию и документы соответствующим уполномоченным органам Республики Таджикистан с использованием единого пропускного канала в целях выполнения всех регулирующих требований по экспортно-импортным и транзитным процедурам.

Достижение этих целей позволит улучшить деловой климат в республике, поднять на мировых рынках уровень конкурентоспособности страны и ускорить вступление Республики Таджикистан во Всемирную торговую организацию.

1. Введение

В Республике Таджикистан участники внешнеэкономической деятельности для осуществления экспортно-импортных и транзитных операций подготавливают и представляют уполномоченным государственным органам значительный объем информации и документов, большая часть которых многократно дублируется. Эта информация и документация предоставляются различным учреждениям, использующим собственные требования и образцы бумажных документов. В совокупности, действующие порядки, являются барьерами во внешнеторговой деятельности, которые не отвечают современным интересам государства и участников внешнеэкономической деятельности.

Существующий в настоящее время порядок принятия решений и оформления экспортно-импортных и транзитных операций является весьма сложным и многоуровневым и, соответственно, требует значительных временных и финансовых затрат на составление и представление многочисленных документов.

Это является одной из основных причин все увеличивающегося отрицательного сальдо внешнеторгового оборота, низкого уровня диверсификации экспорта и слабой конкурентоспособности страны на мировом рынке. Устранение этих негативных явлений является одной из важных основ обеспечения устойчивого развития Республики Таджикистан.

Одним из путей выхода из создавшейся ситуации и решения проблем развития экспортного потенциала является формирование в Республике Таджикистан упрошенной и прозрачной системы "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам, в соответствии с которой участник внешнеэкономической деятельности представляет информацию и документы только один раз одному уполномоченному Правительством Республики Таджикистан органу.

Система "Единог окна" используется во многих развитых странах мира и доказала свою эффективность. Внедрение такой системы повлечет за собой повышение результативности и эффективности официальных мер управления и контроля, а также сокращение издержек и затрат времени, как для государственных органов, так и для участников внешнеэкономической деятельности.

...