×

Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2022, №314

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2022, №314

Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 105)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 105)

1. Дар ҷаҳони муосир фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад, ки дар таъмини рушди устувори бахши молиявӣ, бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар кишвар нақши муҳим дорад.

2. Фарогирии молиявии расмӣ (минбаъд - фарогирии молиявӣ) дастрасии саривақтии доираи васеи аҳолӣ ва бо арзиши муносиб истифодаи як қатор хизматрасониҳои расмии молиявии босифат, ба монанди пасандоз, қарз, пардохт, интиқоли маблағҳо, суғурта ва сармоягузориро таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои диверсификатсиякунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва андозу буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва суботи молиявӣ мусоидат менамояд.

3. Мувофиқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ (ҳисобот оид ба фарогирии молиявӣ, соли 2015) фарогирии молиявӣ бо се нишондиҳандаи асосӣ арзёбӣ ё андозагирӣ карда мешавад, аз ҷумла дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ ва сифатнокии маҳсулоти молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ.

4. Ченаки дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ тамоми нуқтаҳои физикии хизматрасониҳои бонкӣ, таҷҳизоти пардохтӣ ва мобилиро дар назар дорад, ки яке аз ҷанбаҳои муҳим ва асосии фарогирии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ченаки истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ бошад, муайян менамояд, ки муштариён чӣ гуна хизматрасониҳои молиявиро истифода мебаранд, ба монанди мунтазамӣ ва саривақтии маҳсулот ё хизматрасониҳои молиявӣ (бақияи миёнавазни пасандозҳо, қарзҳо, миқдори амалиётҳо ба ҳар як суратҳисоб, шумораи пардохтҳои электронии анҷомдодашуда, воситаҳои электронии пардохтӣ ва ғайра). Ченаки сифати маҳсулоти молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ ҳамин аст, ки оё маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ ба ниёз ё эҳтиёҷи муштарӣ мувофиқат мекунад (ё талаботи муштариро қонеъ мегардонад), номгӯйи вариантҳое, ки (доираи имконот) барои муштарӣ дастрас аст, инчунин, сатҳи огаҳӣ ва фаҳмиши муштарӣ оид ба маҳсулоти молиявӣ кофӣ аст. Ченаки мазкур ҷанбаҳои саводнокии молиявии мардум, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва хароҷоти истифодаи маҳсулоти бонкиро низ дар бар мегирад.

5. Фарогирии молиявӣ тавассути амалиётҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ташаккул ёфта метавонад. Фарогирии молиявии расмӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин ташкилотҳои суғуртавӣ, ширкатҳои мобилӣ, ширкатҳои лизингӣ, биржаҳои коғазҳои қиматнок, ломбардҳо амалӣ мегардад. Фарогирии молиявии ғайрирасмӣ бошад, ҳамаи намудҳои амалиётҳои молиявии берун аз фарогирии молиявии расмӣ, аз қабили ҷамъияти қарзӣ, оила, амонатнигоҳдорӣ дар хона ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

6. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - СМФМ) дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - БМТ), дастгирии техникии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (минбаъд - КБМ), Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария (минбаъд - КДИШ) таҳия карда шудааст.

...

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 июля 2022 года, №314

Приложение 1

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 июля 2022 года, №314

Национальная стратегия финансовой инклюзивности Республики Таджикистан на 2022-2026 годы

(в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №105)

(в редакции пост. Правительства РТ от 27.02.2024 №105)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. В современном мире финансовая инклюзивность является эффективным инструментом улучшения доступа и использования качественных финансовых услуг, играющим важную роль в обеспечении устойчивого развития финансового сектора, частного сектора, улучшении предпринимательской среды и социальной защиты населения, развитии человеческого капитала и на этой основе повышении уровня благосостояния в стране.

2. Официальная финансовая инклюзивность (далее - финансовая инклюзивность) обеспечивает своевременный доступ широкого круга населения и использование по доступной стоимости ряда качественных официальных финансовых услуг, таких как сбережения, кредиты, платежи, денежные переводы, страхование и инвестиции, что способствует социальноэкономическому развитию, решению проблем диверсификации экономики, повышению эффективности денежно-кредитной, налоговой и бюджетной политики, созданию новых рабочих мест и финансовой стабильности.

3. Согласно отчета Всемирного Банка (отчет о финансовой инклюзивности, 2015 года) финансовая инклюзивность оценивается или измеряется тремя ключевыми показателями, в том числе доступ к финансовым услугам, использование финансовых услуг и качество финансовых продуктов и предоставление услуг.

4. Показатель доступа к финансовым услугам подразумевает все физические точки банковских услуг, платежное и мобильное оборудование, который является одним из наиболее важных и основных аспектов финансовой инклюзивности. Показатель использования финансовых услуг определяет, как клиенты используют финансовые услуги, например регулярность и своевременность финансовых продуктов или услуг (средневзвешенный остаток депозитов, кредитов, количество транзакций на каждый счет, количество выполненных электронных платежей, электронные средства платежей и др.). Показатель качества финансовых продуктов и предоставления услуг заключается в том, соответствуют ли финансовые продукты и услуги потребностям или желаниям клиента (или удовлетворяют ли потребности клиента), перечень вариантов, доступных клиенту (рамки возможностей), а также уровень осведомленности и понимания клиента о финансовых продуктах. Указанный показатель также включает аспекты финансовой грамотности населения, защиту прав потребителей финансовых услуг и затрат на использование банковских продуктов.

5. Финансовая инклюзивность может формироваться за счет формальных и неформальных сделок. Формальная финансовая инклюзивность обеспечивается через кредитные финансовые организации, а также страховые компании, мобильные компании, лизинговые компании, фондовые биржи и ломбарды. Неформальная финансовая инклюзивность включает в себя все виды финансовых операций за пределами формальной финансовой инклюзивности, такие как кредитные общества, семья, домашние сбережения и так далее.

6. Национальная стратегия финансовой инклюзивности Республики Таджикистан на 2022-2026 годы (далее - НСФИ) разработана на основе норм и принципов законодательства, международных стандартов, анализа состояния финансовой доступности и перспективы ее дальнейшего развития под руководством Национального банка Таджикистана (далее - НБТ), технической поддержки Международной Финансовой Корпорации (далееМФК), Государственного секретариата Швейцарии по вопросам экономических связей (далее - ГСШ).

...