ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2022, № 721
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2022, № 721
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 270
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 270
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод.463; с.2007, №7, мод.689; с.2014, №7 қ.2, мод.416; с.2016, №7, мод.622) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати якуми моддаи 1 калимаи "истифодааашон" ба калимаи "истифодаашон" иваз карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
...