ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХУРОКВОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 709
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2022, № 709
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 269
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 269
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 8, мод. 827) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати чорум аломат ва ҷумлаи ". Ғизои функсионалӣ дар баъзе мавридҳо усули имконпазири муолиҷаи тиббӣ буда, ҳамчун маҳсулоти барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда мешавад" ба калимаҳои "ва дар баъзе мавридҳо метавонанд ҳамчун усули имконпазири табобат барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда шаванд." иваз карда шаванд;
...