ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо, тартиби ташкил, ҷойгиркунӣ, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон амалӣ мегарданд, муқаррар мекунад.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фармоиши иҷтимоии давлатӣ - шакли ҳуқуқию иқтисодии иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ равона гардида, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда бо роҳи бастани шартномаи байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунандаи он таъмин карда мешавад;
- эҳтиёҷоти иҷтимоии давлатӣ - талаботи объективие, ки дар барнома ва лоиҳаи иҷтимоии соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳифзи табиат ва муҳити зист, сиёсати давлатии ҷавонон, кор бо занон, пойдории оила, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои демографӣ, сиёсати гендерӣ, дастгирии дигар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ифода ёфтааст;
- барномаи иҷтимоӣ - маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, техникӣ ва нақшаи амалиёт, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда барои ноил шудан ба мақсад дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳифзи табиат ва муҳити зист, сиёсати давлатии ҷавонон, кор бо занон, пойдории оила, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои демографӣ, сиёсати гендерӣ, дастгирии дигар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ равона карда мешаванд;
- лоиҳаи иҷтимоӣ - маҷмӯи тадбирҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои мушаххаси дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар доираи барномаи иҷтимоӣ;
- фармоишгари иҷтимоии давлатӣ - мақоми ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он, ки ба зиммаи онҳо ӯҳдадории иҷрои чораҳои марбут ба интихоби иҷрокунанда, аз ҷониби тарафҳо бастани шартнома, маблағгузорӣ ва назорати иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ вогузор шудааст.
- иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар озмун ғолиб омада, бо фармоишгари иҷтимоии давлатӣ шартнома бастааст ва ба зиммаи ӯ иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ вогузор шудааст;
- ҷойгиркунии фармоиши иҷтимоии давлатӣ - раванде, ки дар ҷараёни он фармоишгари иҷтимоии давлатӣ чораҳои марбут ба интихоби иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ, баста шудани шартнома аз ҷониби тарафҳоро иҷро намуда, масъалаи пешбинӣ намудани маблағгузории онро дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда пешниҳод менамояд;
- озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ (минбаъд-озмун)тарзи интихоби иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз тарафи фармоишгар;
- шартнома оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ - шартномаест, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунанда баста шуда, он ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳоро барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ муайян менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ
...