Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 майи соли 2022, №385
тасдиқ шудааст
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 майи соли 2022, №385
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд, тартиби ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи иҷроияи Президент) додани рутбаҳои дараҷавӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба рутбаҳои дараҷавиро муайян мекунад.
2. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385 "Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент рутбаҳои дараҷавии зерин муқаррар карда шудааст:
- Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
- Мушовири адлияи дараҷаи 1;
- Мушовири адлияи дараҷаи 2;
...