Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 майи соли 2022, №240
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 майи соли 2022, №240
Низомномаи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ (минбаъд - Комиссия) бо мақсади беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ, ташвиқи ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва таҳкими симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсис дода мешавад.
2. Комиссия мақоми машваратию ҳамоҳангсоз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъалаҳои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ, беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро баррасӣ ва ҳал менамояд.
3. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Комиссия ҳангоми амалӣ намудани вазифа ва ваколатҳои худ ҳамкориро бо мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорони кишвар, ташкилотҳои рейтингии байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии тадқиқотӣ ба роҳ мемонад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КОМИССИЯ
5. Вазифаҳои асосии Комиссия:
- таҳлили ҳисоботҳо оид ба арзёбии радабандиҳои байналмилалӣ, муайян намудани монеаҳои мавҷуда ва қабули тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ барои беҳтар намудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ;
- пешниҳоди таклифҳо баҳри вусъат додани ҳамгироии иқтисодиёти кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ;
- ташкили мониторинги иҷрои супоришҳо ва чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ ва манзур намудани ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи он.
...