Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2022, №365
тасдиқ шудааст
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2022, №365
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМА ОИД БА УҲДАДОРИИ ҲАРБИЮ НАҚЛИЁТӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома оид ба уҳдадории ҳарбию нақлиётӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои нақлиёт дар ҳолати ҷанг, ҳангоми эълони ҳолати ҷанг ё сафарбарӣ дар замони осоишта - ҳангоми гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ҳолати дараҷаи муайяни тайёрии ҷангӣ таҳия гардида, уҳдадории ҳарбию нақлиётӣ ва тартиби иҷрои онро муқаррар менамояд.
2. Уҳдадории ҳарбию нақлиётӣ ҷузъи таркибии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба баҳисобгирӣ, омодагии пешакӣ ва пешниҳоди воситаҳои нақлиёт ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомот, инчунин сохторҳои махсуси барои ҳолати ҷанг таъсисшаванда (минбаъд - қӯшунҳо, ҷузъу томҳо ва мақомот), инчунин аз таъмини кори ин воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.
3. Субъектони уҳдадории ҳарбию нақлиётӣ (минбаъд - субъектон):
- вазорату идораҳо;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,
- ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки молики воситаҳои нақлиёт мебошанд, ташкилотҳо, ки воситаҳои нақлиётро бо ҳуқуқи пеш бурдани хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё ин ки бо дигар асоси пешбиникунандаи қонун ё шартнома соҳибӣ мекунанд, инчунин, ташкилотҳое, ки кори воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла фурудгоҳҳо, пойгоҳҳои нафт, пойгоҳҳои интиқоли сӯзишворӣ, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, нуқтаҳои таъмир ва хизматрасонии техникӣ, дигар ташкилотҳоро таъмин мекунанд (минбаъд - ташкилотҳо);
- шаҳрвандон - соҳибони воситаҳои нақлиёт.
4. Дар Низомнома мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
...