ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ва беэътибор донистани баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №189 "Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад" рақами "169" ба рақами "251" иваз карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 "Дар бораи номгӯйи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва банди 1 калимаҳои "корхонаҳои истеҳсолии" ба калимаи "истеҳсоли" иваз карда шаванд;
- дар муқаддима рақами "169" ба рақами "251" иваз карда шавад;
- дар номи замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 калимаҳои "корхонаҳои истеҳсолии" ба калимаи "истеҳсоли" иваз карда шаванд.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №83 "Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар муқаддима рақами "16" ба рақами "19" иваз карда шавад;
- дар банди 1 Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №83 тасдиқ шудааст, рақами "16" ба рақами "19" иваз карда шавад.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №670 "Дар бораи Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) дар ном ва матн калимаи "пешниҳоди" ба калимаҳои "пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии" иваз карда шавад;
2) дар муқаддима рақами "3" ба рақами "32" иваз карда шавад;
3) дар Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №670 тасдиқ шудааст:
- дар ном ва банди 1 калимаҳои "Тартиби пешниҳоди" ба калимаҳои "Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии" иваз карда шавад;
- дар замимаҳои 1-9 калимаҳои "Тартиби пешниҳоди" ба калимаҳои "Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии" иваз карда шавад.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 28 феврали соли 2015, №94 "Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ";
- аз 31 августи соли 2013, №398 "Дар бораи Тартиби тағйир додани мӯҳлати пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо";
- аз 3 феврали соли 2000, №46 "Дар бораи тасдиқи Дастурамал "Дар бораи тартиби ҳал намудани баҳсҳои андозсупоранда бо мақомоти андоз".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 апрели соли 2022, № 187