Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ аз 26 апрели соли 2022, № 178

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 апрели соли 2022, № 178

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 апрели соли 2022, № 178

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БАРЗИЁД БАҲИСОБГИРИФТАШУДАИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДАИ НИСБАТ БА МАБЛАҒИ ҲИСОБШУДАИ АНДОЗ ДАР ДАВРАИ АНДОЗӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашударо ба андозсупоранда муайян менамояд.

2. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин тибқи тартиб амалӣ карда мешавад:

- андозсупорандагоне, ки амалиётҳои онҳо бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд;

- андозсупорандагоне, ки маблағи баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи онҳо барзиёд мебошад.

3. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

- барзиёдии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобшудаи он дар давраи ҳисоботии андоз аз ҷониби мақомоти молия якҷо бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонида мешавад;

- маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандагоне, ки амалиётҳои бо меъёри сифрӣ андозбандишаванда надоранд, барои пӯшонидан (баҳисобгирӣ)-и уҳдадориҳои андозии шаш давраи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз гузаштани шаш давраи андозӣ бо роҳи пайдарҳамии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.

4. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда пас аз иҷрои пайдарҳамии амалҳои зерин баргардонида мешавад:

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 апреля 2022 года, №178

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 апреля 2022 года, №178

Порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за налоговый период (далее - Порядок) определяет порядок возврата суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость налогоплательщику.

2. Возврат налога на добавленную стоимость осуществляется в отношении следующих налогоплательщиков согласно настоящему Порядку:

- налогоплательщиков, операции которых облагаются налогом по нулевой ставке налога на добавленную стоимость;

- налогоплательщиков, у которых суммы излишне зачтенного налога на добавленную стоимость превышает начисленную сумму.

3. Возврат суммы налога на добавленную стоимость производится в следующем порядке:

- превышение зачетной суммы налога на добавленную стоимость над суммой начисленного налога за отчётный период возвращается финансовым органом совместно с налоговыми органами в течение 30 календарных дней с момента получения налоговым органом заявления налогоплательщика, облагаемого налогом по нулевой ставке, из соответствующего бюджета;

- сумма излишне зачётного налога на добавленную стоимость налогоплательщиков, не имеющих операции, облагаемые налогом по нулевой ставке, переносится покрытия (учета) налоговых обзятельств следующих шести налоговых периодов налога на добавленную стоимость. Любой остаток превышения подлежит возврату из республиканского бюджета в течение 30 дней по истечению шести налоговых периодов по последовательности, предусмотренной пунтком 4 настоящего Порядка.

4. Возврат излишне зачётнного налога на добавленную стоимость перечисляется на банковский счёт налогоплательщика после последовательного выполнения следующих действий:

...