Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, №152
Низомномаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ"
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" (минбаъд - Низомнома) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" (минбаъд - Ҷамъият) таҳия шудааст.
2. Низомномаи мазкур мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият, инчунин тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои онро муайян менамояд.
3. Шӯрои нозирони Ҷамъият (минбаъд - Шӯрои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои муассиси Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
4. Шӯрои нозирон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур фаъолияти худро амалӣ менамояд.
2. ТАЪСИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН
5. Шӯрои нозирон аз тарафи муассиси Ҷамъият дар ҳайати на камтар аз 5 (панҷ) нафар тасдиқ карда мешавад.
6. Узви Шӯрои нозирон метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад. Узви Шӯрои нозирон метавонад саҳмдори Ҷамъият набошад.
7. Шахсоне, ки ба ҳайати Шӯрои нозирон дохил шудаанд, метавонанд бемаҳдуд якчанд маротиба интихоб шаванд.
8. Аъзои Шӯрои нозирон аз ҳисоби саҳмдорони Ҷамъият ва дигар шахсон тасдиқ карда мешаванд.
9. Шахсе, ки дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодию молиявӣ ё ҷиноятҳои бар зидди ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва хизмат дар мақомоти идоракунии маҳаллӣ гунаҳкор дониста шудааст ва ё нисбати ӯ ҷазоҳои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дар соҳаи молия, андозу хироҷ ва бозори коғазҳои қиматнок татбиқ шудаанд, ба ҳайати Шӯрои нозирон дохил карда намешавад.
10. Узви комиссияи тафтишотӣ дар як вақт узви Шӯрои нозирон буда наметавонад.
11. Директори генералии Ҷамъият метавонад, ҳамзамон аъзои Шӯрои нозирон бошад.
12. Шумораи номзадҳое, ки барои интихоб ба ҳайати Шӯрои нозирон пешниҳод шудаанд, метавонад аз шумораи аъзои Шӯрои нозирон, ки дар Оинномаи Ҷамъият пешбинӣ шудааст, зиёд бошад.
13. Пешниҳод дар бораи пешбарии номзадҳо дар шакли хаттӣ бо зикри маълумоти зерин манзур мегардад:
- насаб, ном ва номи падари ҳар як номзади пешниҳодшуда ва санаи таваллуди ӯ;
- номи мақоме, ки номзад барои тасдиқ дар он пешбарӣ шудааст (дар айни замон - Шӯрои нозирон);
- номгӯи (номи) саҳмдорон (саҳмдор), ки номзадро пешбарӣ намудаанд (намудааст);
- маълумот дар бораи таҳсилот, аз ҷумла дар хусуси такмили ихтисос (номи муассисаи таълимӣ, санаи хатм, ихтисоси гирифташуда);
- ҷойи кор ва вазифаҳое, ки номзад дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол намудааст, инчунин вазифаҳое, ки номзад дар мақомоти идоракунии дигар шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол кардааст;
- рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки номзад намояндаи онҳо мебошад, бо зикри миқдори саҳмияҳо дар сармояи оинномавии ҳамин шахсони ҳуқуқӣ ва саҳму ҳиссаи онҳо;
- рӯйхати шахсоне, ки номзад нисбати онҳо шахси бонуфуз мебошад ва асосҳои он;
- муносибати номзад бо шахсони бонуфуз ва контрагентҳои калони Ҷамъият, маълумот дар бораи бонуфузӣ бо Ҷамъият;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
14. Пешниҳод дар хусуси пешбарии номзадҳо ҳамчунин метавонад розигии номзадро барои тасдиқшавӣ дар бар гирад.
15. Номзад ба узвияти Шӯрои нозирон ҳуқуқ дорад номзадии худро то лаҳзаи ворид шудани насабаш ба рӯйхати дахлдори номзадҳо бозпас гирад.
16. Бо қарори муассиси Ҷамъият ваколатҳои Шӯрои нозирон мумкин аст пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд. Дар ин маврид қарори муассис дар хусуси пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳо нисбати ҳамаи аъзои Шӯрои нозирон қабул шуда метавонад.
17. Дар сурати ба тариқи яктарафа даст кашидан аз ваколатҳо, узви Шӯрои нозирон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият бар дӯш дорад. Узви Шӯрои нозирон дар хусуси тасмими худ бобати пеш аз муҳлат даст кашиданаш аз ваколатҳои узви Шӯрои нозирон, бояд ба таври хаттӣ раиси Шӯрои нозиронро огоҳ намояд.
18. Хароҷоти сафари хизматии аъзои Шӯрои нозирон, ки ба фаъолияти Шӯрои нозирон вобаста мебошад, аз ҳисоби Ҷамъият пардохт карда мешавад.
3. РАИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН
19. Раиси Шӯрои нозирон ба ташкили фаъолияти Шӯрои нозирон роҳбарӣ мекунад.
20. Раиси Шӯрои нозирон дар асоси қарори муассиси Ҷамъият тасдиқ карда мешавад.
21. Шахсе, ки вазифаи директори генералии Ҷамъиятро иҷро мекунад, ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон буда наметавонад.
22. Раиси Шӯрои нозирон ваколатҳои зеринро дорад:
- кори Шӯрои нозиронро ташкил карда, барои озодона изҳор намудани андешаҳо аз тарафи аъзои Шӯрои нозирон ва муҳокимаи озоди масъалаҳои рӯзнома шароит фароҳам меорад;
- маҷлисҳои Шӯрои нозиронро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳоро тасдиқ мекунад, шакли гузаронидани маҷлисҳои Шӯрои нозиронро муайян месозад;
- дар маҷлисҳо пешбурди протоколҳои ҷаласаҳоро ташкил намуда, онҳоро ба имзо мерасонад;
- аз номи Ҷамъият шартномаи меҳнатиро бо директори генералии ҷамъият ба имзо мерасонад, агар ин ҳуқуқ ба шахсони дигар вогузор нашуда бошад;
- қабули қарорҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳои Шӯрои нозирон таъмин менамояд;
- кори таъсиси кумитаҳои Шӯрои нозирон, пешбарии аъзои Шӯрои нозирон ба ҳайати кумитаҳоро ташкил менамояд, инчунин ҳамкории кумитаҳоро байни якдигар ва мақомоти дигару шахсони мансабдори Ҷамъият ҳамкории доимиро ба роҳ мемонад;
- ҳисоботи баҳодиҳии фаъолияти солонаи Шӯрои нозиронро барои дохил намудани он ба ҳисоботи солонаи Ҷамъият таҳия менамояд.
23. Дар ҳолати набудани раиси Шӯрои нозирон вазифаҳои ӯро муовини раиси Шӯрои нозирон ё ин ки мувофиқи қарори Шӯрои нозирон, ки бо аксари овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи он қабул мегардад, яке аз аъзои Шӯрои нозирон иҷро менамояд.
4. ВАКОЛАТИ ШӯРОИ НОЗИРОН
24. Ба ваколати Шӯрои нозирон илова ба ваколатҳое, ки дар Оинномаи Ҷамъият дарҷ карда шудааст, масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;
- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- харидорӣ намудани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манзур намудани тавсияву пешниҳодот оид ба андозаи суди (дивиденди) саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;
- муқаррар намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии кормандони Ҷамъият;
- муайян намудани иттилооти ба Ҷамъият ё фаъолияти он дахлдошта, ки дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда мебошад, инчунин муайян намудани тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби Ҷамъият;
- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- тасдиқи маҳфуздорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;
- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи директори генералии Ҷамъият оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла, оид ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи он) ва иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;
- тасдиқи аудитор ва подошпулии он;
- тасдиқи тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки Ҷамъият дар фаъолияти онҳо иштирок менамояд;
- тасдиқ намудани номзадии нархгузори (нархгузорон) мустақил барои муайян кардани арзиши саҳмияҳо, молу мулк ва дороиҳои дигари Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва қарорҳои ҷудогонаи Шӯрои нозирон;
- қаблан маъқул донистани шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;
- қабули қарор дар бораи пешбарӣ намудани директори генералии Ҷамъият барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ;
- муайян намудани арзиши аҳдҳое, ки ҳамчун аҳдҳои калон шуморида мешаванд, инчунин маъқул донистани аҳдҳои калони ҷамъият;
- тасдиқи низомномаҳо дар бораи идоракунии хавфҳо, сиёсати иттилоотӣ, дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, феҳристи иттилооте, ки дорои сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ мебошад, дар бораи расмиёти (қоидаҳои) назорати дохилӣ аз болои фаъолияти молиявию хоҷагӣ, дар бораи дигар санадҳои дохилии Ҷамъият, ба истиснои санадҳои дохилии Ҷамъият, ки тасдиқи онҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ё мақомоти иҷроияи Ҷамъият медарояд;
- таъин намудани котиби корпоративӣ ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои ӯ;
- тасдиқи низомнома дар бораи котиби корпоративӣ, ки фаъолияти котиби корпоративиро муайян менамояд;
- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Оинномаи Ҷамъият ва низомномаи мазкур ба ваколати Шӯрои нозирон дохил шудааст.
25. Масъалаҳое, ки ба ваколати Шӯрои нозирон медароянд, наметавонанд барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шаванд.
26. Аъзои Шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият бовиҷдонона татбиқ намоянд.
5. МАҶЛИСҲОИ ШӯРОИ НОЗИРОН
27. Маҷлисҳои Шӯрои нозирон аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.
28. Маҷлисҳои Шӯрои нозирон аз тарафи раиси Шӯрои нозирон (ё муовини раиси Шӯрои нозирон) бо ташаббуси шахсии ӯ ё бо дархости аъзои Шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ва мақоми иҷроияи Ҷамъият даъват карда мешавад.
29. Дархост аз ҷониби узви Шӯрои нозирон - ташаббускори даъвати маҷлис, мақоми иҷроияи Ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ё шахси намояндаи саҳмдорон, ки талаби даъвати маҷлисро доранд, имзо карда мешавад.
30. Дар дархост маълумоти зерин бояд зикр шавад:
- дар бораи ташаббускори даъвати маҷлис;
- оид ба мақсади гузаронидани маҷлис.
31. Раиси Шӯрои нозирон дар давоми 30 (сӣ) рӯз аз санаи пешниҳоди дархост бояд маҷлиси Шӯрои нозиронро даъват намояд.
32. Дар ҳолати беасос рад кардан ё имконияти даъвати маҷлиси Шӯрои нозиронро надоштани раис, маҷлис метавонад аз тарафи ҳар кадом узви Шӯрои нозирон даъват карда шавад.
33. Огоҳинома дар бораи рӯз, маҳал ва вақти баргузории маҷлиси Шӯрои нозирон бо зикри рӯзномаи маҷлис ва тартиби шиносшавӣ бо маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур аст, бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё ба ҳар узви Шӯрои нозирон ва ташаббускори гузаронидани маҷлис супорида мешавад, агар маҷлис бо дархости шахсони дар банди 28 Низомномаи мазкур номбаршуда, на дертар аз 30 (сӣ) рӯз то санаи гузаронидани маҷлис баргузор шавад. Санаи ирсоли огоҳинома аз рӯи муҳри почта ё санаи супоридани огоҳинома муайян карда мешавад.
34. Маҷлиси якуми Шӯрои нозирон бояд на дертар аз 1 (як) моҳ баъди таъсиси Шӯрои нозирон гузаронида шавад.
35. Ба рӯзномаи маҷлиси якуми Шӯрои нозирон ҳатман бояд масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
- интихоби муовини раиси Шӯрои нозирон;
- интихоби котиби корпоративии Шӯрои нозирон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият.
36. Барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон котиби Шӯрои нозирон ва мақомоти иҷроияи Ҷамъият бояд маълумоти пурра омода намоянд.
37. Иттилооти зарурӣ барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бояд дорои чунин маълумот бошад:
- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият, ки аз тарафи мақоми иҷроияи Ҷамъият таҳия шудаанд;
- иттилооти пурраи молиявӣ;
- протокол ва тавсияҳои маҷлиси қаблан гузаштаи Шӯрои нозирон;
- маълумот дар бораи самаранокии истеҳсолот дар Ҷамъият;
- ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ;
- ҳисобот оид ба хароҷоти гузаронидашуда.
38. Дар маҷлиси Шӯрои нозирон протокол бурда мешавад.
39. Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирон на дертар аз 3 (се) рӯзи баъди гузаронидани он тартиб дода мешавад. Ба протокол ҳамаи маводи дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи Шӯрои нозирон замима мегарданд.
40. Дар сурати аз тарафи Шӯрои нозирон тариқи овоздиҳии ғоибона қабул намудани қарорҳо, ба протокол варақаҳои пурсишнома барои овоздиҳӣ, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои нозирон имзо шудаанд, замима карда мешаванд.
41. Протоколи маҷлиси шӯрои нозирон чунин маълумотро дар бар мегирад:
- маҳал ва вақти гузаронидани он;
- руйхати шахсони дар маҷлис иштирокдошта;
- рӯзномаи маҷлис;
- масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва натиҷаҳои овоздиҳӣ;
- қарорҳои қабулшуда.
42. Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирони Ҷамъият аз тарафи раисикунандаи маҷлис ва котиб имзо карда мешавад.
43. Котиби Шӯрои нозирон пешбурди протоколи маҷлисҳои Шӯрои нозиронро ташкил менамояд.
44. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шӯрои нозиронро ба комиссияи тафтишотӣ ва аудитори Ҷамъият, инчунин ба саҳмдор бо дархости онҳо пешниҳод менамояд.
45. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шӯрои нозиронро дар маҳалли воқеъгаштаи мақоми иҷроияи он нигоҳ медорад.
46. Шумораи зарурии иштироккунандагон барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бояд на камтар аз нисфи овозҳо аз шумораи умумии овозҳои аъзои Шӯрои нозиронро ташкил диҳад.
47. Аз тарафи аъзои Шӯрои нозирон ба шахси дигар, аз ҷумла ба аъзои дигари Шӯрои нозирон додани ҳуқуқи овоз манъ аст.
48. Ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлиси Шӯрои нозирон ҳар як узви Шӯрои нозирон танҳо як овоз дорад. Дар ҳолати баробарии овозҳо зимни гузаронидани овоздиҳӣ, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда мебошад.
49. Қарорҳои Шӯрои нозирон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур бо аксари овозҳои аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳии ғоибона иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.
50. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар иҷрои он манфиат вуҷуд дорад, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" аз ҷониби Шӯрои нозирон бо аксари овозҳо қабул карда мешавад.
51. Пешниҳоди таклиф дар бораи таъин ва қатъ намудани ваколатҳои мақомоти иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар тибқи оинномаи Ҷамъият ин ба ваколати Шӯрои нозирон тааллуқ дошта бошад, аз тарафи Шӯрои нозирон бо аксари овозҳои аз чор се ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.
52. Қарорҳо дар бораи аз тарафи Ҷамъият паҳн намудани вомбаргҳо, ба истиснои вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилдодашуда аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои нозирон якдилона қабул мегарданд, дар ин маврид овозҳои аъзои хориҷгардидаи Шӯрои нозирон ба ҳисоб гирифта намешаванд.
53. Қарор дар бораи тасдиқи шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ бо директори генералии Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯрои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.
54. Қарорҳои Шӯрои нозирон метавонанд дар маҷлисҳо дар шакли иштироки якҷоя ё иштироки якҷоя бо дар назар доштани андешаҳои аъзои ҳузурнадоштаи Шӯрои нозирон, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ, инчунин бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона қабул карда шаванд.
55. Огоҳинома дар бораи гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон бо тартиби пешбининамудаи банди 33 Низомномаи мазкур сурат мегирад.
56. Огоҳинома дар бораи гузаронидани маҷлис аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якуми огоҳинома бояд чунин маълумот зикр карда шавад:
- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- сана, маҳал ва вақти баргузории маҷлис;
- рӯзномаи маҷлис;
- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур мебошанд ё рӯйхати маводи ба огоҳинома замимашаванда.
57. Қисми дуюми огоҳинома бояд чунин маълумотро дар бар гирад:
- суроғаи почтавие, ки ба он андешаи хаттиро фиристодан мумкин аст;
- санаи анҷоми қабули андешаҳо, ки дар шакли хаттӣ баён шудаанд;
- мазмуни қарорҳо аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;
- намудҳои овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: "тарафдор", "зид", "бетараф";
- ҷой барои баёни андешаи хаттии аъзои Шӯрои нозирон оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;
- ҷой барои имзои аъзои Шӯрои нозирон бо зикри ҳатмӣ будани ин имзо.
58. Қисми дуюми огоҳинома мумкин аст бо мактуби фармоишӣ ё тавассути номарасон ба Шӯрои нозирон ирсол карда шавад.
59. Қарор дар бораи гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон дар шакли овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси Шӯрои нозирон ё ташаббускорони гузаронидани маҷлиси ғайринавбатӣ қабул мегардад.
60. Овоздиҳии ғоибона оид ба масъалаҳои зерин гузаронида намешавад:
- тасдиқи самтҳои афзалиятноки фаъолият ва нақшаи молиявию хоҷагидории ҷамъият;
- тасдиқи пешакии ҳисоботи солонаи ҷамъият.
61. Бюллетенҳо барои овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси Шӯрои нозирон имзо карда мешавад. Иттилооти зарурӣ барои омодагӣ ба маҷлис бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шӯрои нозирон бо гирифтани имзои онҳо на дертар аз 10 (даҳ) рӯз то санаи баргузоршавии маҷлис супорида мешавад.
62. Санаи аз тарафи аъзои шӯрои нозирон гирифтани бюллетен аз рӯи муҳри почта ё санаи супоридани ин бюллетен муайян карда мешавад.
63. Дар бюллетен бояд чунин маълумот нишон дода шаванд:
- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли воқеъгардидаи он;
- мазмуни масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва қарорҳо аз рӯи ҳар як масъала;

- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва иттилооте, ки барои омодагӣ ба ҷаласа зарур мебошанд ё рӯйхати маводи ба бюллетен замимашаванда;
- суроғаи почтавие, ки бюллетенҳои пуркардашуда бояд ба он ирсол гарданд;
- санаи анҷоми қабули бюллетенҳо.
64. Аъзои Шӯрои нозирон, ки бюллетенҳояшон на дертар аз санаи муқарраршудаи анҷоми қабули бюллетенҳо гирифта шудаанд, дар овоздиҳӣ иштирокнамуда шуморида мешаванд.
65. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ ба аъзои Шӯрои нозирон дар муҳлати на дертар аз рӯзи таҳияи протокол оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шӯрои нозирон бо гирифтани имзо супорида мешавад.
66. Андешаҳои хаттие, ки ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ ба назар гирифта мешаванд, дар мавриди қабули қарорҳо дар бораи маъқул донистани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки анҷом додани онҳо боманфиатанд, ба ҳисоб гирифта намешаванд.
6. ВАЗИФАҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ ШӯРОИ НОЗИРОН
67. Аъзои Шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият ва саҳмдорони он амал кунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият ва саҳмдорони он бовиҷдонона татбиқ намоянд.
68. Аъзои Шӯрои нозирон барои фаъолияти самараноки Ҷамъият масъулият доранд.
69. Ҳамзамон, аъзои Шӯрои нозирон, ки зидди қарори ба Ҷамъият ва саҳмдорони он зарароварда овоз додаанд, масъулият бар дӯш надоранд.
70. Аъзои Шӯрои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ бояд:
- ҳангоми қабули қарорҳои худ софдилона ба манфиати Ҷамъият амал кунанд;
- дар маҷлисҳо ва кори кумитаҳои Шӯрои нозирон, ки ба онҳо интихоб шудаанд, иштирок намоянд;
- тавзеҳот талаб намоянд ва саволҳои аниқ диҳанд;
- Шӯрои нозиронро қаблан дар хусуси набудани имконияти иштирок дар маҷлиси Шӯрои нозирон огоҳ намуда, сабаби иштирок накардани худро изҳор намоянд;
- қоидаву талаботи марбут ба бархӯрди манфиатҳоро риоя намоянд;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ туҳфаҳо, хизматҳо ё афзалиятҳоеро, ки ҳамчун подош барои қарорҳо ё амалҳои аз тарафи узви Шӯрои нозирон дар доираи ваколатҳои хизматии вай қабулшуда ё иҷрошуда дониста мешаванд, ба ғайр аз нишонаҳои рамзии ҳусни таваҷҷӯҳ мутобиқи қоидаҳои пазируфташудаи одобу эҳтиром ё туҳфаҳои хотиравӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои расмӣ қабул накунанд;
- иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва дигар иттилооти хизматиро, ки ба узви Шӯрои нозирон ҳангоми иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастрасинадошта ифшо накунанд, инчунин онҳоро дар давраи иҷрои вазифаҳои узви Шӯрои нозирон ва ҳам дар муддати 5 (панҷ) соли баъди анҷоми кор дар Ҷамъият низ ба манфиати худ ё манфиати шахсони сеюм истифода набаранд;
- ҳамаи қоидаҳои бо санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият пешбинишударо вобаста ба таъмини амният ва ҳифзи иттилооти махфии Ҷамъият риоя намояд;
- сари вақт ба Шӯрои нозирон дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии Ҷамъият маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод намояд.
71. Шӯрои нозирон дар назди муассиси Ҷамъият ҳисоботдиҳанда буда, ҳамасола ба муассиси Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти солонаи Ҷамъият ҳисобот пешниҳод менамояд.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, № 152
Ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ"
Раиси Шӯрои нозирон:
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Шӯрои нозирон:
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ"
Муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун".