Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ"
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 45, 63 ва 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сад фоиз саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ"-ро ба моликияти давлат қабул намояд.
2. Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 2 ва 3).
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сохтмони асосӣ" чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 марти соли 2022, № 152