Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2022, № 124
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, муайян менамояд.
2. Мақсади муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ содда ва суръат бахшидан ба раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатие мебошад, ки аз ҷониби хизматрасонанда пешниҳод мешавад, аз ҷумла:
- аз байн бурдани расмиёти зиёдатии маъмурӣ ва шумораи воҳидҳои ҳамоҳангсози мақомоти давлатӣ;
- кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз ҷониби гирандагони хизматрасониҳо барои ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд ё ба шакли электронӣ табдил додани онҳо ё бо варақаи иттилоотӣ иваз кардани онҳо;
- таъмини ҳамкории байниидоравии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ;
- ҳамкории гирандагони хизматрасонӣ бо шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тавассути портали интернетии "Ҳукумати электронӣ";
- кам кардани вақти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон ва ташкилот аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- кам кардани хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷетӣ.
3. Муносиб ва автоматӣ гардонидани равандҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо дарназардошти муҳлатҳои дар рӯйхат муқарраргардида ба таври доимӣ амалӣ карда мешаванд.
2. ТАШКИЛИ КОР ВОБАСТА БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ҳамасола ҷадвали муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро (минбаъд - ҷадвал) барои соли тақвимии оянда таҳия ва баъд аз мувофиқа бо хизматрасонанда тасдиқ мекунад.
5. Хизматрасонанда ҷадвалро дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи он аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дастрас менамояд.
6. Ҷадвал на дертар аз нуҳ моҳи пеш аз фарорасии соли тақвимӣ, ки муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ карда мешавад.
7. Вобаста ба хизматрасониҳои давлатие, ки пас аз як соли мавриди амал қарор гирифтани Қоидаҳо муносиб ва автоматӣ гардонида мешаванд, ҷадвал на дертар аз як моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Қоидаҳо тартиб дода мешавад.
8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар муҳлати дар ҷадвал муқарраршуда дар бораи тартиби амалкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба ваколати онҳо тааллуқ доранд, таҳқиқот мегузаронанд.
3.ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲҚИҚОТ, ИНЧУНИН ТАҲИЯ НАМУДАНИ ҲИСОБОТ ВА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
9. Барои гузаронидани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ:
- аз ҳисоби кормандони худ намояндагони мақомоти манфиатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, хизматрасонанда, субъектҳои соҳибкорӣ ва коршиносони мустақил гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад;
- дар портали интернетии "Ҳукумати электронӣ", инчунин дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар бораи оғози ҷамъоварӣ пешниҳодҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба ваколати мақомоти давлатӣ дохил мешаванд, эълон ҷойгир менамояд.
10. Аз лаҳзаи оғоз намудани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ:
- аъзои гурӯҳи кориро бо маълумот, ҳуҷҷатҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, машваратҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, инчунин ҷойи корӣ, таҷҳизоти корӣ, алоқа ва маводи дигаре, ки барои таҳқиқоти хизматрасониҳои давлатӣ заруранд, таъмин менамоянд;
- дар портали интернетии "Ҳукумати электронӣ" ҳуҷҷатҳои зарурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фикру мулоҳизаҳо оид ба пешниҳодҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро ҷойгир менамоянд.
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳодҳои ҷамъоваришудаи аҳолиро дар портали интернетии "Ҳукумати электронӣ" ва натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятии муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро дар доираи ваколати худ таҳлил менамояд ва ҳангоми гузаронидани таҳқиқот ба назар мегирад.
12. Ҳангоми таҳқиқот, пеш аз ҳама, имконияти автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ муқаррар карда мешавад, ки барои он амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:
- муайян кардани хусусият ва шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз гирандагони хизматрасониҳо барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ талаб карда мешаванд ва мувофиқат кардани онҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронии низомҳои иттилоотии давлатӣ бо мақсади иваз кардани ин ҳуҷҷатҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронӣ. Агар дар низомҳои иттилооти давлатӣ маълумоти мавҷудбудаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ вуҷуд надошта бошад, пас имконияти истифодаи нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ ва(ё) иваз кардани онҳо бо шакли иттилоот муайян карда мешавад;
- муайян кардани низомҳои иттилоотии ҳамгироишаванда бинобар сабаби иваз кардани ҳуҷҷатҳои коғазӣ бо манбаъҳои электронии иттилоотӣ, ки дар ин низомҳо коркард ва нигоҳ дошта мешаванд;
- муайян кардани муҳлате, ки давомнокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро метавонад кам намояд. Кам кардани муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо роҳи кам кардани муҳлати қабул, санҷиш, мувофиқакунӣ, таҳвили ҳуҷҷатҳо, инчунин истисно намудани воҳидҳои сохтории мақомоти давлатии ҳамоҳангсоз ва (ё) истисно намудани мувофиқакунӣ бо мақомоти дигари давлатӣ дар ҳолати иваз кардани ҳуҷҷатҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронӣ, ки дар низомҳои иттилоотии давлатӣ мавҷуданд.
13. Дар ҳолатҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро дар вақти таҳқиқот имконияти автоматӣ гардонидан набошад, ё ин ки дар баробари автоматӣ гардонидан имконияти муносибгардонии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути фаъолияти ташкилӣ, кадрӣ, маъмурӣ, технологӣ ва ғайра мавҷуд аст, гурӯҳи корӣ таркиб ва хусусиятҳои фаъолияти иловагиро муайян менамояд, ки дар натиҷаи он суръатбахшӣ ва содагардонии раванди хизматрасониҳои давлатӣ ба даст оварда мешавад.
14. Чорабиниҳои иловагӣ оид ба муносиб гардонидани хизматрасониҳои давлатие, ки дар банди 13 Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, тадбирҳои зеринро дар бар мегиранд:
- хориҷ кардани шумораи воҳидҳои сохтории ҳамоҳангсозандаи мақомоти давлатӣ тариқи тақсимоти мақсадноки вазифаҳои онҳо;
- аз байн бурдани вазифаҳои такрории мақомоти давлатӣ;
- танзими ҳамкории дохилии воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеи мақомоти давлатӣ ё ҳамкории берунаи ду ва ё зиёди мақомоти давлатӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- тақсимоти мақсадноки ҳайат, аз ҷумла зиёд ё кам кардани шумораи ҳайати мақомоти давлатӣ, ташкилоти зертобеъ;
- ҷойгиркунии ҳудудан мақсадноки воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеъ бо мақсади баланд бардоштани суръати алоқа байни онҳо ва бартараф намудани тӯлкашии мукотибот тариқи почта;
- таъминоти моддии саривақтӣ ва босифати воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеъ;
- тағйир додани технологияи истеҳсоли натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳое, ки гирандагони хизматрасонӣ барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд, аз ҷумла тавассути иваз кардани онҳо бо шакли маълумот;
- расонидани хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии "Ҳукумати электронӣ".
15. Пас аз ба итмом расонидани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳар як хизматрасонии давлатӣ инҳоро таҳия менамояд:
- ҳисобот, ки мутобиқи таркиб ва мундариҷаи ҳисоботи таҳқиқот тартиб дода шудааст (замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур);
- нақшаи чорабиниҳо, ки мутобиқи мазмуни нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст (замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур).
16. Ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои мувофиқакунӣ ба мақомоти манфиатдори давлатӣ ва ташкилоти масъул ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, фиристода мешаванд.
17. Мақомот ва ташкилоти манфиатдори давлатӣ дар доираи ваколати худ эродҳо ва таклифҳои асоснок ва ҳамаҷонибаро ба таври хаттӣ бо пешниҳод оид ба рафъи камбудиҳо манзур мекунанд, дар акси ҳол онҳо дар муддати даҳ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар медиҳанд.
18. Дар асоси эродҳои гирифташуда, ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо, дар ҳолати зарурӣ, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд ва гурӯҳи корӣ маълумотномаи эродҳои қабулшуда ва радшударо бо асосҳои рад намудани эродҳо тартиб медиҳад.
19. Ҳисоботи омодашуда, нақшаи чорабиниҳо бо замимаи мактубҳои мақомоти давлатӣ, ташкилоти манфиатдор ва маълумотномаи гурӯҳи корӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои мувофиқакунӣ тартиб дода шудааст, мақомоти ваколатдори давлатӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ пеш аз ба ҷаласаи комиссияи экспертӣ пешниҳод шудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ мефиристад, ки мутобиқати онро ба Қоидаҳои мазкур санҷиш намоянд.
4. ТАРТИБИ САНҶИШИ ҲИСОБОТ ВА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
20. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо, мутобиқати онҳоро ба Қоидаҳои мазкур месанҷад. Дар ҳолати мувофиқат накардани онҳо ба Қоидаҳои мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ онҳоро бо нишон додани камбудиҳои ошкоршуда барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бармегардонад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ камбудиҳои содиршударо дар муҳлати на зиёда аз бист рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани он ислоҳ мекунад ва такроран ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод менамояд. Дар ҳолати мувофиқат ба Қоидаҳои мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ онҳоро ба ҷаласаи комиссияи экспертӣ пешниҳод мекунад.
21. Комиссияи экспертиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти илмӣ ва соҳибкорон ташкил медиҳад. Дар ҳолати зарурат ба кори комиссияи экспертӣ ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин олимон ва мутахассисони баландихтисос ҷалб карда мешаванд.
22. Комиссияи экспертиро раиси комиссияи экспертӣ роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ таъин карда шуда, ба фаъолияти он роҳбарӣ мекунад, дар ҷаласаҳо раисӣ мекунад, корро ба нақша мегирад ва аз болои иҷрои қарорҳо назорати умумӣ мебарад. Дар вақти набудани раис вазифаҳои раисиро муовине, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ таъин кардааст, иҷро мекунад.
23. Ташкили кор, тайёр кардани мавод, тавсияҳои комиссияи экспертиро котиби комиссияи экспертӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ аз ҳисоби кормандони худ таъин карда мешавад, иҷро мекунад.
24. Котиби Комиссия:
- омода намудани пешниҳод оид ба рӯзномаи ҷаласаи комиссияи экспертӣ, татбиқи қарорҳои комиссияи экспертиро таъмин ва назорат менамояд;
- кори аъзои комиссияи экспертӣ ва мутахассисони ба фаъолияти он дахлдорро ҳамоҳанг менамояд.
25. Ҷаласаҳои комиссияи экспертӣ ҳафтаи сеюми моҳи тақвимӣ ва дар ҳолати зарурӣ вақти дигаре, ки раиси комиссияи экспертӣ муайян мекунад, баргузор мешаванд. Ҷаласаи якуми комиссияи экспертӣ на дертар аз ду моҳи пас аз тасдиқи ҷадвал баргузор мегардад.
26. Рӯзномаи ҷаласаҳо, инчунин ҷой ва вақти баргузории онҳоро раиси комиссияи экспертӣ дар мувофиқа бо аъзои комиссияи экспертӣ муайян ва дақиқ менамояд.
27. Дар ҳолати иштироки на камтар аз нисфи шумораи умумии аъзои комиссияи экспертӣ ҷаласаи комиссияи экспертӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Дар ҳолати ғайриимкон будани ҳузури аъзои комиссияи экспертӣ дар ҷаласа, аъзои комиссияи экспертӣ ваколатҳои худро ба шахсони дигар вогузор карда метавонад.
28. Қарорҳои комиссияи экспертӣ бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки онро раис ва котиби комиссияи экспертӣ имзо мекунанд ва онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.
29. Ҳангоми қабули қарор ҳар як аъзои комиссияи экспертӣ дорои як овоз буда, дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад.
30. Дар ҷаласаи комиссияи экспертӣ ҳисобот, нақшаи чорабиниҳо бо замимаи мактубҳои мақомоти манфиатдори давлатӣ, ташкилот ва гузоришҳои гурӯҳи корӣ, ки дар натиҷаи мувофиқакунонӣ тартиб дода шудааст, пешниҳод карда мешаванд. Мавод ба аъзои комиссияи экспертӣ на дертар аз се рӯзи корӣ то ҷаласаи комиссияи экспертӣ фиристода мешаванд.
31. Комиссияи экспертӣ маводи дар банди 30 пешбинишударо дар ҷаласа бо иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ баррасӣ, тасдиқ ё барои баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ бармегардонад.
32. Дар ҳолати баргардонидани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз тарафи комиссияи экспертӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз бист рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори комиссияи экспертӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 16-20 Қоидаҳои мазкур ҳуҷҷатҳоро коркард намуда, онҳоро барои баррасии такрорӣ ба комиссияи экспертӣ пешниҳод менамояд.
33. Дар ҳолати тасдиқи ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз тарафи комиссияи экспертӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз понздаҳ рӯзи тақвимӣ пас аз қабули қарор аз ҷониби комиссияи экспертӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва манфиатдор нақшаи чорабиниҳоро дар ду нусха имзо мекунад. Пас аз имзои ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар як нусха ба мақомоти ваколатдори давлатӣ баргардонида мешаванд ва мақомоти масъул нақшаи чорабиниҳоро ба ҳамаи мақомоти манфиатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.
34. Пас аз тасдиқи нақшаи чорабиниҳо, пайдарҳамӣ ва муҳлати чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо муайян карда мешаванд.
35. Дар баробари ин ҳар як хизматрасонии давлатие, ки аз муносиб ва автоматикунонӣ гузаронида мешавад, аз марҳилаи озмоиши амалӣ мегузарад. Дар ҳолати муайян намудани норасоиҳо дар асоси натиҷаҳои ба итмом расонидани марҳилаи озмоишии хизматрасониҳои давлатие, ки аз муносиб ва автоматикунонӣ гузаронида мешаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ эродҳо ва пешниҳоди худро оид ба низоми иттилоотӣ дар муддати даҳ рӯзи корӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ протоколи эродҳо ва пешниҳоди худро оид ба низоми иттилоотӣ дар ду нусха имзо мекунанд ва муҳлатҳои бартарафсозии онҳоро муқаррар менамоянд. Пас аз бартараф намудани эродҳо ва пешниҳод, пайдарҳамӣ ва муҳлати чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо муайян карда мешаванд.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
36. Тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҲои давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 16, 20, 32, ва 33 Қоидаҳо ворид карда мешаванд.
37. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ риояи муҳлатҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро назорат мекунад ва натиҷаҳои мониторингро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Замимаи 1
ба Қоидаҳои муносиб
ва автоматӣ гардонидани
хизматрасониҳои давлатӣ
Мазмун ва мундариҷаи ҳисоботи таҳқиқоти гузаронидашуда
Ҳисоботи таҳқиқоти гузаронидашуда фаслҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Муқаддима
1) мақсад ва ҳадафи таҳқиқот:
- дар ин зерфасл тавсифи мақсадҳои асосии таҳқиқот ва вазифаҳои он оварда мешавад;
2) асос барои гузаронидани таҳқиқот:
- дар ин зерфасл рӯйхати ҳуҷҷатҳое оварда мешаванд, ки барои таҳқиқот асос мебошанд;
3) мафҳумҳои асосӣ ва ихтисорот:
- мафҳумҳои асосӣ ва ихтисоршудаи дар ҳисобот истифодашуда нишон дода мешаванд;
2. Тавсифи мухтасари хизматрасонӣ
1) гирандагони хизматрасонӣ:
- дар ин зерфасл номгӯи истифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд;
2) санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки пешниҳоди хизматрасониро ба танзим медароранд:
- дар ин зерфасл санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда номбар мешаванд, ки раванди пешниҳоди хизматрасониро ба танзим медароранд;
3) талабот ба хизматрасонӣ:
- дар ин зерфасл омори пешниҳоди хизматрасониҳои таҳқиқшуда дар чор соли охир тибқи ҷадвал (сол, рақам ва ғ.) оварда мешавад;
4) шакли пешниҳоди хизматрасонӣ:
- дар ин зерфасл шакли пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тавсиф карда мешавад: шакли коғазӣ ё электронӣ бо нишон додани дараҷаи автоматикунонӣ (қисман, пурра автоматикунонидашуда ё коғазӣ);
дар сурати дараҷаи қисман ё пурра автоматикунонидашудани хизматрасонӣ дар зерфасл чӣ гуна ва бо кадом низомҳои иттилоотӣ хизматрасонӣ автоматӣ карда шудаанд, нишон дода мешавад;
5) шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ:
- дар ин зерфасл маълумот дар бораи нарх ва давомнокии пешниҳоди хизматрасонӣ дарҷ карда мешавад;
6) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҲои давлатӣ
- дар ин зерфасл маълумот дар бораи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ ва рӯйхати шахсони манфиатдор оварда мешавад (насаб ном ва номи падар, вазифа, номи воҳиди сохторӣ, рақами телефони корӣ, суроғаи почтаи электронӣ);
7) хизматрасонанда:
- дар ин зерфасл маълумот дар бораи таъминкунандагони хизматрасонӣ, воҳидҳои минтақавии хизматрасониҳои онҳо, инчунин маълумот дар бораи омодагии техникӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ дар шакли автоматӣ оварда мешавад;
- дар ҳолати доро будани низоми иттилоотӣ (минбаъд - НИ) худ, зерфасл маълумоти зеринро дар бораи низоми номбурда пешниҳод мекунад:
- номгӯйи НИ;
- технологияҳои истифодашуда, забони барномасозӣ, низоми идоракунии пойгоҳи додаҳо;
- ширкати таҳиягари НИ;
- вазифаҳои НИ дар доираи пешниҳоди хизматрасониҳои таҳқиқшуда;
- зарурат ва имконияти ҳамгироӣ бо портали интернетии "ҳукумати электронӣ" (минбаъд - ПИҲЭ);
- дар зерфасл инчунин рӯйхати шахсони масъул аз ҷониби хизматрасонанда ва маълумот барои тамос бо онҳо оварда мешавад;
8) рӯйхати мақомоти давлатие, ки маълумот оид ба натиҷаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дархост менамоянд:
- зерфасл рӯйхати мақомоти давлатиро, ки барои гирифтани маълумот аз натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ пас аз пешниҳоди он эҳтиёҷ доранд, дар бар мегирад. Дар зерфасл инҳо пешбинӣ мегарданд:
- номи пурраи мақоми давлатӣ, воҳиди сохтории он, ки дар бораи натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ дархост пешниҳод мекунанд;
- номи хизматрасонӣ ё амалиётҳое, ки дар доираи он барои натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ дархост дода мешаванд;
- рӯйхати маълумот аз натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки барои мақомоти давлатӣ заруранд.
3. Таҳқиқоти раванди пешниҳоди натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатӣ "чӣ тавр аст" ва "чӣ тавр мешавад"
1) намудҳои ариза:
- зерфасл намудҳои аризаҳоеро номбар мекунад, ки истифодабаранда метавонад ҳамчун як қисми хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳангоми ба рӯйхатгирӣ бояд тамоми давраи раванди натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ ба назар гирифта шавад:
- ба даст овардани натиҷаи нави хизматрасониҳои давлатӣ;
- гирифтани нусхаи натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ;
- сабти дубораи натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ;
- боздоштан (бекор кардани) натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ;
2) рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ пешниҳод мегардад:
- дар зерфасл ҳама ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи истеъмолкунанда барои пешниҳоди хизматрасонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ, ҳуҷҷатҳо барои ҳар як намуди дархост алоҳида тавсиф карда мешаванд;
- рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои ҳар як намуди дархост дар пайдарпаии дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайянгардида нишон дода мешавад. Намунаҳои ҳуҷҷатҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ дар замимаи 1 ҳисобот нишон дода мешаванд;
3) рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи пешниҳоди хизматрасониҳо ба даст оварда мешавад:
- дар зерфасл ҳама ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи пешниҳоди хизматрасонӣ бадастомада, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тавсиф карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ, шартҳои пешниҳоди ҳар як ҳуҷҷат алоҳида тавсиф карда мешаванд (шартҳои пешниҳод, муҳлати амали он, шакли ҳуҷҷат);
- намунаҳои ҳуҷҷатҳо ба забонҳои давлатӣ ва русӣ дар замимаи 2 ҳисобот нишон дода шудаанд;
4) тавсифи раванди пешниҳоди хизматрасонӣ "бо таври воқеӣ":
- зерфасл тасвири схемавии раванди пешниҳоди хизматрасониро "бо таври воқеӣ", инчунин тавсифи матнро, ки аломатҳои графикӣ шарҳ медиҳад, пешниҳод мекунад. Агар зарур бошад, ҷараёни раванд барои ҳар як намуди ариза алоҳида тавсиф карда мешавад;
- барои ба расмиёт даровардани нақшаи раванди хизматрасонӣ "бо таври воқеӣ" муайян кардан лозим аст:
- иштирокчиёни раванд (истифодабарандагон, таъминкунандагон ва кормандони таъминкунандагони хизматрасонӣ);
- ҳуҷҷатҳои раванд (ариза, бастаи ҳуҷҷатҳо, маҷаллаҳо, шаҳодатномаҳо, қарордодҳо, иҷозатномаҳо, мактубҳо);
- амали раванд (пешниҳод, қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ, ҷамъоварии иттилоот, таҳияи қарор, ҳамоҳангсозии он, тасдиқи қарор, огоҳиномаи қарори қабулшуда, иҷрои қарор, додани натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ);
- чорабиниҳои равандӣ (санҷиш, экспертиза, ҷаласаи комиссия, санҷиши объект);
- низомҳои иттилоотӣ ва маҳзани маълумот, ки дар раванди пешниҳоди хизматрасонӣ истифода мешаванд.
Дар шакли схемавии раванд ҳамкории ҳамаи объектҳо ва субъектҳои номбаршуда, инчунин пайдарпаии ҳар як қадам инъикос мегардад.
Тавсифи аз ҳад зиёди муфассали бастаи ҳуҷҷатҳо, амалҳои иштирокчиёни раванд ё маълумоти нолозим дар бораи хизматрасоние, ки дар бобҳои дигари ҳисобот оварда шудаанд, дар нақшаи раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ тавсия дода намешавад.
Дар ҳолати мураккаб будани раванди пешниҳоди хизматрасонӣ, тавсия дода мешавад, ки он ба зерравандҳо - марҳилаҳо тақсим карда шавад. Масалан, зерраванди "Пешниҳод ва қабули ариза", зерраванди "Мувофиқакунии ариза".
Тавсия дода мешавад, ки нататсияҳои оддӣ ва маъмул ҳамчун воситаи ба расмият даровардани схемаи бизнес-раванд истифода бурда шавад.
5) шакли ҳисоботӣ ва даврӣ пешниҳоди он:
- дар зерфасл намунаи шакли ҳисоботӣ, ки аз ҷониби як муассисаи давлатӣ, таъминкунандаи хизматрасон дар доираи пешниҳоди хизматрасонӣ таҳия шудааст, оварда мешавад;
6) тавсифи раванди хизматрасонӣ "чӣ тавр мешавад":
- дар зерфасл имконияти пешниҳоди хизматрасонӣ бо дарназардошти муносиб ва автоматикунонӣ дар шакли нақшаи раванди пешниҳоди хизматрасонӣ "чӣ тавр мешавад" ва шарҳи матнии онҳо, тасвир мешавад.
Агар якчанд имконоти алтернативии пешниҳоди хизматрасонӣ мавҷуд бошанд (тавассути дафтари мақомоти давлатӣ, ПИҲЭ), нақшаҲо ва тавсифи онҳо барои ҳар як вариант алоҳида тартиб дода мешаванд.
Принсипҳои тавсиф ва таҲияи нақшаи раванди пешниҳоди хизматрасонӣ "чӣ тавр мешавад" ба тавсифи раванди "чӣ тавр ҳаст" Ҳаммонанд мебошад.
Дар тавсифи раванди "чӣ тавр мешавад" инҳо инъикос мегарданд:
- иштироки ПИҲЭ бо тақсим ба порталҳои беруна ва дохилӣ;
- ҳамкорӣ бо дигар низомҳои иттилоотӣ ё пойгоҳи додаҳо;
- ҳамкории ҳамаи иштирокчиёни раванд бо ПИҲЭ;
- ҳамаи воридот ва содироти имконпазир (қабули дархост, пешниҳоди натиҷа).
4. Хулоса
Дар фасл хулосаҳои асосие, ки дар натиҷаи муносиб ва автоматикунонии хизматрасониҳои давлатӣ бо дарҷи бартарӣ барои гирандагони хизматрасонӣ ва барои мақомоти давлатӣ нишон дода мешаванд, тавсиф мегарданд. Масалан, кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, муҳлати пешниҳоди хизматрасонӣ, дастрасии хизматрасонӣ дар вақти дилхоҳ ва аз байн бурдани ниёз ба нусхаҳои такрорӣ.
Натиҷаҳои кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳо ва муҳлати пешниҳоди хизматрасонӣ дар шакли ҷадвалҳои муқоисавӣ оварда мешаванд.
Ҳангоми муайян кардани муддате, ки ба он муҲлати хизматрасонӣ кам мегардад, ба инобат гирифта шавад:
- қабул ва сабти дархост аз гирандагони хизматрасонӣ то як соат кам карда мешавад (бо назардошти вақти пур кардани варақаи иттилоотӣ аз ҷониби гиранда ва қабули дархости пешниҳодшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар ҷои кории автоматикунонидашуда);
- дар расмиёти қабули қарор ва мувофиқакунии он кам кардани вақт, тариқи муҳлате, ки барои интиқоли дастӣ сарф мешуд, муайян карда мешавад;
- ҳангоми муайян кардани муҳлати баррасӣ ва қабули қарор, ҳаҷм ва шумораи ҳуҷҷатҳои замимашаванда, сарбории ҳаррӯзаи аризаҳо барои корманди пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ, ки ҷиҳати баррасӣ ва қабули қарор масъул аст, инчунин давомнокии расмиёти ҳамроҳикунандаи раванди қабули қарор, масалан, даъвати комиссия, ҷаласаҳо, вохӯриҳо ба назар гирифта мешаванд;
- пешниҳоди натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ (ё натиҷаи дигар) дар доираи ПИҲЭ аз он лаҳза қабулгардида ҳисобида мешавад, ки шахси ваколатдори хизматрасонанда қарорро дар бораи натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ кунад.
5. Замимаи 1. Шаклҳои ҳуҷҷатҳои воридотӣ барои равандҳои пешниҳоди хизматрасонӣ "чӣ тавр буд" ва "чӣ тавр мешавад"
Дар замима шаклҳои ҳуҷҷатҳои воридотӣ (намуна) бо забонҳои давлатӣ ва русӣ оварда мешаванд.
6. Замимаи 2. Шаклҳои ҳуҷҷатҳои содиротии равандҳои хизматрасонӣ "чӣ тавр ҳаст" ва "чӣ тавр мешавад"
Дар замима шаклҳои ҳуҷҷатҳои содиротӣ (намунаҳо) бо забонҳои давлатӣ ва русӣ "чӣ тавр ҳаст"-ро, дар бар мегирад. Шакли ҳуҷҷатҳои содиротӣ "чӣ тавр мешавад" дар натиҷаи муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасонӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ низ нишон дода мешавад.
7. Замимаи 3. Маълумот барои тамос бо хизматрасонанда ва воҳидҳои минтақавии он
Маълумот барои тамос бо хизматрасонанда ва воҳидҳои минтақавии он, ки хизматрасониҳои давлатиро пешниҳод мекунанд (рақами тартибӣ, номи хизматрасонанда ва воҳидҳои минтақавии он, суроғаи пурраи ҳуқуқии хизматрасонанда ва воҳидҳои минтақавии он, ҷадвали кор, рақами телефони тамос, суроғаи почтаи электронӣ), дар шакли ҷадвал замима мегардад.
8. Замимаи 4. Маълумот барои тамос бо мақомоти манфиатдори давлатӣ ва воҳидҳои минтақавии онҳо, ки дар пешниҳоди хизматрасонӣ иштирок менамоянд
Дар замима дар шакли ҷадвал маълумоти тамос бо мақоми манфиатдори давлатӣ ва воҳидҳои минтақавии онҳо, ки дар пешниҳоди хизматрасонӣ иштирок мекунанд, нишон дода мешавад.
Ниг. ба ҷадвал
9. Замимаи 5. Маҷмӯи нуқтаҳои пайвастшавӣ ба ПИҲЭ
Ниг. ба ҷадвал
Замимаи 2
ба Қоидаҳои муносиб
ва автоматӣ гардонидани
хизматрасониҳои давлатӣ
Мазмуни нақшаи чорабиниҳо
Нақшаҳои чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ фаслҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Чорабиниҳои ташкилӣ
2. Шартҳо ва тартиби иҷрои дигар чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла:
1) таҷдиди низомҳои иттилоотие, ки дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд (дар ҳолати автоматикунонии раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ);
2) ҳамгироии низомҳои иттилоотие, ки дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (дар сурати автоматикунонии хизматрасониҳои давлатӣ) иштирок мекунанд, бо ҳам ва бо портали интернетии "Ҳукумати электронӣ";
3. Татбиқи раванди муносибгардонидашуда барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва фаъолияти истифодабарии озмоишӣ ва доимӣ;
4. Таъминоти меъёрии ҳуқуқӣ;
5. Баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи тартиби муносиб ва автоматикунонидашудаи хизматрасониҳои давлатӣ;
6. Ихтисорот ва аломатҳо.
Нақшаҳои чорабиниҳо возеҳ ва саҳеҳ муайян карда шуда, дар онҳо тамоми чораҳои зарурӣ оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ бо нишон додани шахсони масъул ва муҳлати анҷомёбӣ пешбинӣ мешаванд.
Нақшаи чорабиниҳо ба мақомоти ваколатдор дар якҷоягӣ бо мактуби иловагӣ ирсол мегардад, ки дар он инҳо нишон дода мешаванд:
1) намуд ва шумораи ҳуҷҷатҳои коғазӣ, ки аз аризадиҳанда барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ талаб карда мешаванд ва бояд бо манбаъҳои электронии иттилоотии низомҳои иттилоотӣ иваз карда шаванд ё аз шакли коғазӣ ба шакли электронӣ гузаронида шаванд (нусхаҳои сканшудаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ) ё бо шакли иттилоотӣ иваз карда шаванд;
2) муҳлати кӯтоҳкардашудаи хизматрасониҳои давлатӣ;
3) рӯйхати низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, ки мавриди ҳамгироӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ ҳангоми автоматикунонии он лозиманд;
4) номгӯй ва таркиби маълумоте, ки барои мубодилаи иттилоот ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ заруранд;
5) расмиёти маъмурӣ ва воҳидҳои мақомоти давлатӣ, ки ҳангоми муносибгардонии расмиёти хизматрасониҳои давлатӣ хориҷ карда мешаванд;
6) нуқтаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ (ҷойҳои пешниҳод);
7) рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд таҳия карда шаванд ё дар он вобаста ба автоматикунонии раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.