Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, № 123 "Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ

 

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 82)


Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 82).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2022, № 123

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2022, № 123