ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025
№ 82)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад (№ 82).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 марти соли 2022, № 123
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах ведения реестра государственных услуг
(в редакции пост. Правительства РТ от 31.01.2025
№82)
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных услугах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила ведения реестра государственных услуг (прилагаются).
2. Центральным и местным исполнительным органам государственной власти, органам местного самоуправления посёлков и дехотов, а также юридическим лицам, оказывающим государственные услуги, обеспечить выполнение требований настоящих Правил.
3. Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан принять необходимые меры по выполнению данного постановления №82
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 марта 2022 года, №123