Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, № 1867 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.01.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 марти соли 2022, № 667

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022, № 251

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №12, қ.1, мод.681) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати дуюми банди 2) қисми 1 моддаи 122 хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 123 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-5 моддаи мазкур, муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ, ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 131 Кодекси мазкур, 15 солро ташкил мекунад.".

3. Дар моддаи 131:

- дар қисми 1:

- дар банди 5) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд.".

- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"2. Новобаста ба муқаррароти Кодекси мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қарзи андозии андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд.

3. Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.";

- қисми 4 хориҷ карда шавад.

4. Дар қисми 4 моддаи 251:

- дар сархати чордаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо.".

5. Дар қисми 1 моддаи 286:

- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

6. Ба моддаи 397 қисмҳои 16 ва 17 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"16. Аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замине, ки барои тутзорҳо истифода мешаванд, бо андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ карда намешаванд.

17. Аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рӯи ин намудҳои фаъолият андозбандӣ карда намешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022, № 1867