Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, № 1856 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2022, № 622

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022 № 239

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, №6, мод. 314; с. 2020, №7-9, мод. 603; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1817), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 7 моддаи 11 пас аз калимаҳои "шахсони иштирокчии мурофиа" калимаҳои ", намояндаи ташкилотҳо" илова карда шаванд.

2. Ба моддаи 199 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Баъд аз эълон кардани ҳалнома раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳалномаро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.".

3. Ба қисми 2 моддаи 234 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022, № 1856