ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2022, № 626
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022 № 237
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с.2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, №4, мод. 197; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1810, №1811), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 293 сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар бораи ҷойгир намудани ҳукм дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;".
2. Ба моддаи 348 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Баъд аз эълон кардани ҳукм раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳукмро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 марти соли 2022, № 1853