Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд аз 26 феврали соли 2022, № 61

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №61

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №61

Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд (минбаъд - Тартиб), тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандонеро, ки зери таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, муқаррар менамояд.

2. Тартиби мазкур барои таъмини назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат намуда, бехатарии хизматрасониҳои тиббиро ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ таъмин менамояд.

2. ТАРТИБИ ХУНГИРӢ ВА БОФТАҲОИ ШАҲРВАНДОН, КИ ЗЕРИ ТАЪСИРИ ШУОЪҲОИ ИОНИЗАТСИЯШУДА ҚАРОР ДОШТАНД

3. Хунгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки зери таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, аз ҷониби ташкилотҳои тандурустӣ амалӣ шуда, нисбати шаҳрвандони зерин гузаронида мешаванд:

- шаҳрвандоне, ки миқдори шуоъхӯриро аз манбаъҳои шуоъҳои ионизатсияшуда қабул кардаанд ва он аз миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда мувофиқи меъёрҳои гигиенӣ барои кормандони дар алоқаи бевосита қарордошта ва шаҳрвандони дорои патологияи организм аз таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда баландтар мебошад;

- шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои аз маводи радиактивӣ олудагардида зиндагӣ, кор ва адои хизмат (аз ҷумла фаврӣ) намудаанд;

- кӯдакон ва наслҳои ояндаи шаҳрвандоне, ки ба таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда дучор гардидаанд.

4. Ҷамъоварии хун аз ангушт барои омӯзиши миқдорӣ ва сифатии элементҳои шаклии хун (эритроситҳо, лейкоситҳо, тромбоситҳо), муайян намудани миқдори гемоглобин дар хун ва суръати таҳшиншавии эритроситҳо (СТЭ) зарур мебошад.

...

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №61

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №61

Порядок забора, хранения и использования крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок забора, хранения и использования крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения (далее - Порядок), определяет порядок забора, хранения и использования крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения.

2. Настоящий Порядок способствует обеспечению контроля медицинской деятельности и социальной защиты, и обеспечивает безопасность медицинских услуг, оказываемых населению медицинскими учреждениями, независимо от форм собственности и ведомственного принадлежности.

2. ПОРЯДОК ЗАБОРА КРОВИ И ТКАНЕЙ ГРАЖДАН, ПОДВЕРГШИХСЯ ВОЗДЕЙСТВИЮ ИОНИЗИРУЮЩЕГО ИЗЛУЧЕНИЯ

3. Забор, хранение и использование крови и тканей граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения, осуществляется организациями здравоохранения и производится у следующих граждан:

- граждане, получившие дозы облучения от источников ионизирующих излучений, превышающие предельно допустимую дозу в соответствии с гигиеническими нормативами для сотрудников, находящихся в непосредственном контакте, и граждан с патологией организма от воздействия ионизирующего излучения;

- граждане, проживающие, работающие и проходившие службу (в том числе срочную) на территориях, загрязненных радиоактивными веществами;

- детей и всех последующих поколений граждан, подвергшихся воздействию ионизирующего излучения.

4. Забор крови из пальца необходим для количественного и качественного изучения форменных элементов крови (эритроцитов, лейкоцитов, тромбоцитов), определения количества в крови гемоглобина и скорости оседания эритроцитов (СОЭ).

...