Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2022, № 60
тасдиқ шудааст
Тартиби бо доруворӣ ройгон таъмин намудани шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил
1. Тартиби бо доруворӣ ройгон таъмин намудани шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил муносибатҳоро оид ба таъмини дорувории ройгон ба шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобат ба танзим медарорад.
2. Шахсони бинобар бемории сил дар қайди диспансерӣ қарордошта дар тамоми давраи зери назорат қарор доштан ва ё аз лаҳзаи ошкор гардидани бемории сил мувофиқи таъиноти табиб дар асоси протоколҳои клиникии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқарраргардида бо доруҳои зарурӣ ва маводи ташхисӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
3. Таъмини ройгони маводи доруворӣ ва ташхисӣ дар муассисаи зидди сил ба амал бароварда мешавад. Ҳангоми ҷудо намудани маводи доруворӣ дар ҳуҷҷатҳои дахлдори баҳисобгирии муассисаи давлатӣ бо ишораи насаб ва номи бемор, номи доруҳо ва амалиёти ба ч таъингардида, воя ва миқдори онҳо қайд карда шуда, бо имзои корманди тиббии масъули назоратбарандаи табобат ва беморе, ки онҳоро гирифтааст, тасдиқ карда мешавад.
4. Асос барои рад кардани таъмини ройгони маводи доруворӣ инҳо мебошанд:
- даст кашидани бемор аз дахолати тиббӣ дар ҳолати бехатарии эпидемиологӣ;
- қатъ гардидани назорати диспансерии бемор;
- мавҷуд набудани нишондодҳои тиббӣ барои таъин намудани маводи доруворӣ.
5. Ҳамасола ҳисоби талабот ва тартиб додани фармоиш ба маводи доруворию ташхисӣ аз ҷониби мутахассиси масъул оид ба доруворӣ ва озмоишгоҳи муассисаи зиддисилӣ таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
6. Дархост барои маводи доруворӣ ва ташхисӣ бо дарназардошти муайянкунӣ ва бақайдгирии ҳолатҳои сил, реҷаи табобат, инчунин захираи мавҷудаи маводи доруворӣ ва ташхисӣ дар лаҳзаи додани дархост, бо дарназардошти захираи буферӣ (эҳтиётӣ) тартиб дода мешавад. Дархости омодашуда барои маводи доруворӣ ва ташхисӣ бо тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои харидорӣ намудан ва тақсимот пешниҳод карда мешавад.
7. Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил аз натиҷаи харид ва тақсимоти маводи ташхисӣ ва доруворӣ барои муассисаҳои зидди сил ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ маълумот медиҳад.
8. Беморон дар тамоми давраи назорати диспансерӣ бо маводи доруворӣ ва ташхисӣ мутобиқи таъиноти табиб ройгон таъмин карда мешаванд.
9. Ташкили таъмини ройгон, назорати муҳлати истифодаи маводи доруворӣ ва ташхисӣ ба зиммаи роҳбарони ташкилотҳои тандурустӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои ҷалбгардидаи назорати давлатӣ вогузор карда мешавад.