Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007 "Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз 19.06.2024 № 1380)

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз 19.06.2024 № 1380):

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (қарори Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз 19.06.2024 № 1380).

11. Тавсифи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст (қарори Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз 19.06.2024 № 1380):

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоирае, ки аз ҳафт ситораи бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чамбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст, иборат мебошад. Болои чамбар бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён болои лавҳ китоби кушодашуда ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва лавҳ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз буда, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, №891 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 12, моддаи 331) беэътибор дониста шавад.

Муовини

якуми Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            А. Достиев

ш. Душанбе,

аз 14 марти соли 2007, №500