Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2021, №465
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2021, №465
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №222
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №222
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба сархати сеюми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 12; с. 2021, № 1-2, мод. 20) ҷумлаҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад. Барои маҳаллаҳои навтаъсис талаботи 5 соли охир истиқомат доштан паҳн намегардад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...