Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1811 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 ноябри соли 2021, №575

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №184

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод.815, мод.816; с.2010, №7, мод.551; с.2011, №3, мод.159, №7-8, мод.609; с.2012, №4, мод.259, №7, мод.714, №8, мод.815, №12, қ.1, мод.1020, мод.1025; с.2013, №7, мод.510, мод.511; с.2014, №3, мод.142, №11, мод.643; с.2015, №11, мод.950; с.2016, №3, мод.128, №5, мод.357, №7, мод.610, мод.611; с.2017, №1-2, мод.4; с.2018, №5, мод.267; с.2019, №1, мод.З; с.2020, №7-9, мод.602, мод.608; с.2021, №1-2, мод.5, №4, мод.197), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 46 пас аз калимаҳои "на дертар аз 24 соат" калимаҳои ", гумонбаршудаи ноболиғ бошад, на дертар аз 12 соат" илова карда шаванд.

2. Ба қисми 3 моддаи 92 пас аз калимаҳои "зиёда аз 72 соат" калимаҳои ", шахси ноболиғро бошад, зиёда аз 48 соат" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 203:

- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаҳои "ҷисмонӣ ва" ба калимаҳои "ҷисмонӣ ё" иваз карда шаванд;

- қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5. Пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то ҳафтсола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз як соат, аз ҳафт то чордаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат, аз чордаҳ то шонздаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз се соат ва аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмӯъ бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи муфаттиш дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисм, зиёд бошад.

6. Муқаррароти қисми 5 моддаи мазкур дар рафти гузаронидани дигар амалҳои тафтишӣ (рӯбарӯкунӣ, нишон додан барои шинохтан, озмоиши тафтишотӣ, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса ва ғайра), ки бо иштироки шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ гузаронида мешаванд, татбиқ мегардад.".

4. Дар моддаи 316:

- дар қисми 1 калимаҳои "ҷисмонӣ ва" ба калимаҳои "ҷисмонӣ ё" иваз карда шаванд;

- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то ҳафтсола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз як соат, аз ҳафт то чордаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат, аз чордаҳ то шонздаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз се соат ва аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмӯъ бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи суд, судя дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисм, зиёд бошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, №1811