Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2021, №517
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2021, №517
Низомномаи Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) ваколатҳо, вазифаҳо, масъулият, фаъолият ва тартиби кори Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия)-ро муайян мекунад.
2. Комиссия мақоми байниидоравии машваратӣ оид ба таъмини фаъолияти ҳамоҳангшуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи назорати содирот мебошад.
3. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ
4. Мақсадҳои асосии Комиссия аз инҳо иборат аст:
- ҳамоҳангсозии умумии фаъолият ва таъмини ҳамкориҳои самарабахши мақомоти давлатие, ки дар амалисозии назорати содирот иштирок мекунанд;
- таъмини ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нисбат ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мусоидат ба шаффофият ва масъулият дар интиқоли аслиҳаи одӣ ва техникаи ҳарбӣ, молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин пешгирии ҷамъшавии тахрибкоронаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, омодагӣ ва (ё) содир намудани амалҳои террористӣ ва тахрибкорӣ ё ҷиноятҳои дигар;
...