Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, № 505 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном, банди 1, сархати дуюми банди 2 ва банди 3 калимаҳои "фармасевтӣ" ва "фармасевтиро" мувофиқан ба калимаҳои "фарматсевтӣ" ва "фарматсевтиро" иваз карда шаванд;

- дар муқаддима калимаҳо ва рақами "моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"," хориҷ карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои "моддаҳои 8, 28", "моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ва "моддаҳои 3, 8, 30" мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои "моддаи 32", "моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "моддаи 31" иваз карда шаванд.

2. Ба Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар ном ва матн калимаҳои "фармасевтӣ", "фармасевтии", "фармасевт", "фармасевтон", "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино", "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати тандурустӣ" мувофиқан ба калимаҳои "фарматсевтӣ", "фарматсевтии", "фарматсевт", "фарматсевтон", "муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ" ва "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" иваз карда шаванд;

2) дар муқаддима:

- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

"Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустӣ мутобиқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, кишварҳои иштироккунандаи Эъломияи Болония, инчунин зиёдшавии талабот ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ ва фарматсевтӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти самтҳои афзалиятнок ва хусусиятҳои хоси соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, таъмин намудани рақобатпазирии мутахассисон таҷдиди назар ва тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав (минбаъд - Консепсия) талаб менамояд.";

- дар сархати чоруми ҷумлаи дуюм баъд аз калимаи "мутахассисон" калимаҳои "аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ" илова карда шуда, сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- зина ба зина ва пай дар пай аз марҳилаи интернатура ба марҳилаи ординатураи клиникӣ гузаштан дар самти тарбияи табибон;

- таъмини ҳамгироии таълим, илм ва тибби амалӣ бо роҳи татбиқи дастовардҳои илм ва тибби муосир, принсипҳои тибби далелнок ба барномаҳои таълимӣ;";

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №512

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В преамбуле постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №512 "Об утверждении Концепции реформы медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан" слова и цифру "статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных перспективах, концепциях и программах социальноэкономнческого развития Республики Таджикистан"," исключить, а слова и цифры "статьями 8, 28", "статьями 3 и 4 Закона Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения"" и "статьями 3, 8, 30" соответственно заменить словами и цифрами "статьей 32", "статьей 5 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан" и "статьёй 31".

2. Внести в Концепцию реформы медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан, утверждённую постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №512 "Об утверждении Концепции реформы медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан", следугащие изменения и дополнения:

1) в преамбуле:

- первое предпожение изложить в следующей редакции:

"Экономические и социальные преобразования в Республике Таджикистан, принятие Кодекса Республики Таджикистан о здравоохранении, внесение изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании", расширение международного сотрудничества в области образования и здравоохранения в соответствии с рекомендациями Всемирной Организации Здравоохранения, Всемирной федерации медицинского образования, стран-участниц Болонской декларации, а также растущая потребность в подготовке высокопрофессиональных медицинских и фармацевтических специалистов на основе международных стандартов с учетом приоритетных направлений и особенностей сферы здравоохранения республики, обеспечения конкурентоспособности специалистов требуют пересмотра и утверждения Концепции реформы медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан в новой редакции (далее-Концепция).";

- четвёртый абзац второго предложения после слова "специалистов" дополнить словами "по специальностям теоретической медицины" и новые абзацы следующего содержания:

"- поэтапный и последовательный переход от ступени интернатуры в клиническую ординатуру в области подготовки врачей;

- обеспечение интеграции образования, науки и прикладной медицины путём внедрения достижений науки и современной медицины, принципов доказательной медицины в образовательных программах;"

- в разделе 3.2, первом, втором, четвертом, пятом, двенадцатом, четырнадцатом, семнадцатом, восемнадцатом, двадцать девятом и тридцатом предложениях слова "Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан" и "Министерства здравоохранения" соответственно заменить словами "уполномоченного государственного органа в сфере здравоохранения", "уполномоченный государственный орган в сфере здравоохранения" и "уполномоченным государственным органом в сфере здравоохранения";

2) второе предпожение первой главы дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- повышение вовлеченности студентов медицинских профессиональных образовательных учреждений в изучение профильных дисциплин;

...